Дар як сатр
» » Тантанаи ҷумҳуриявии Наврӯз дар Норак мегузарад

Тантанаи ҷумҳуриявии Наврӯз дар Норак мегузарад

23-12-2018, 07:22

Корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Норак вусъати тоза пайдо намудааст. Сокинони шаҳри Норак шукргузорӣ аз сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамоянд. Зеро бо дастури Президенти мамлакат иди Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Норак ҷашн гирифта мешавад. Хурду бузурги шаҳри Норак дар ҳошияи омодагиҳо ба ҷашни Наврӯз ба корҳои ободонӣ машғуланд. Даҳҳо иншоотҳои ҷашнӣ бунёд гардида, дар ҷашни мазкур ба фаъолият оғоз менамоянд.

Сохтмони бинои иқоматии ҳафтошёна бо маблағи беш аз 4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Садриддин Абдулло  дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Ҳамчунин сохтмон дар бинои панҷошёна низ бо маром идома дорад. Тибқи лоиҳа ошёнаҳои якуми ин биноҳо марказҳои хизматрасонӣ, сехҳои дӯзандагӣ, тиҷоратӣ, сартарошхона, кошонаи ҳуснро дар бар мегирад. Сохтмони майдончаҳои варзишӣ низ  идома дорад. Дар биноҳои баландошёнаи иқоматӣ ва маъмурӣ таъмиру тармим рафта истодааст. Дар ин ҷода саҳми соҳибкорону муассисаҳои шаҳрӣ назаррас аст. Тавре ки сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои шаҳри Норак Сафар Саидов иттилоъ дод, аз ҳисоби маблағҳои маҳаллӣ то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 1,5 километр роҳҳо бояд пурра мумфарш карда шаванд. Айни замон, 1 миллиону 670 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст ва корҳои мумфаршкунӣ низ оғоз ёфтааст. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва Вазорати нақлёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6,5 километр роҳҳо мумфарш карда мешавад. Кормандони муассисаи таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилӣ корро дар майдони марказии шаҳр оғоз намуданд.

Дар назар аст, ки дар майдони марказии шаҳр Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва муҷассамаи Асосгузори давлати Сомониён Исмоили Сомониро бунёд созанд, зеро майдони марказӣ барои баргузор намудани чорабиниҳои ҷашнӣ мувофиқат менамояд. Ҳамчунин, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ дар маркази шаҳр насб менамоянд. Дар шаҳр ситоди вилоятӣ амал мекунад. Рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаригардида ҷаласаи Ситоди вилоятӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баргузор гардид. Дар Ситоди мазкур роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳри Норак ширкат  доштанд. Зимни ҷамъомад раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода масъулини соҳаҳои дахлдорро  баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҷумҳуриявӣ муаззаф намуд.

ВАХШОНА,

 «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тантанаи ҷумҳуриявии Наврӯз дар Норак мегузарад

Фарҳанг ва адабиёт, АСАЛМО САФАРОВА

Ш.Шоҳин:Сохтмони 148 иншоот дар се сол

Ҳаёти иҷтимоӣ

Норак:Корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашн

Фарҳанг ва адабиёт

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ

Нақшаи андозҳо дар Норак 111,6% иҷро гардид

Хабарҳо