Дар як сатр
» » Д. Гулмаҳмадзода: «Захираҳои гидроэнергетикии кишвар бойигарии милии мо аст»

Д. Гулмаҳмадзода: «Захираҳои гидроэнергетикии кишвар бойигарии милии мо аст»

22-12-2018, 16:18

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 декабр иди касбии кормандони соҳаи энергетика таҷлил карда мешавад. Энергетика яке аз соҳаҳои муҳимтарини мамлакат ба ҳисоб рафта, пояи асосии рушди саноату иқтисод дар кишвар маҳсуб меёбад. Тараққиёт ва рушду нумӯи кишвар, пайдо гаштани ҷойҳои нави корӣ, афзудани иқтидори истеҳсолӣ, дар ҳамин замина ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз пешравии соҳаи энергетика вобаста мебошад.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон кормандони соҳаи энергетикаро бо иди касбиашон табрик намуда, таъкид дошт, ки дар замони рушди бесобиқаи саноат ва техникаву технологияи ҷаҳонӣ ҳамвора эҳтиёҷ ба манбаъҳои энергияи барқароршаванда меафзояд. Бартарияти мо дар ин самт захираҳои обӣ ва гидроэнергетикианд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар ҷамъомади бахшида ба оғози сохтмони сарбанди иншооти аср - Неругоҳи барқи обии «Роғун» чунин иброз доштанд: «Захираҳои гид-роэнергетикии кишварамон хеле бузурганд, онҳо бойигарии миллии мо мебошанд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар бамаротиб афзун гардонад».

- Бунёди НБО "Роғун” таъмини пурраи кишварро бо неруи барқ ва содироти бақияи он ба хориҷ маҳдуд нашуда, дар пайдоиши ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, зиёд шудани корхонаҳои саноатӣ, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, рушди ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ ва ғайра аз зумраи афзалиятҳоеанд, ки Тоҷикистонро ба неруи бузурги иқтисодии минтақа табдил медиҳанд, - зикр намуд Д. Гулмаҳмадзода.

Дар идомаи паёми табрикиаш раиси вилоят изҳор доштанд, ки дар даврони истиқлолият мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва таҷдиду тармими як қатор иншоотҳои бузурги энергетикии аҳамияти стратегидошта, барои расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар мусоидат намуданд. Неруи барқи Тоҷикистон, ки аз тавоноии неругоҳҳои обии ҷиҳати экологӣ бехатар ва ба табиат безарар ва бисёр муфиду арзон арзёбӣ мешавад, воқеан, дар пешрафти некуаҳволии мардуми кишвар мавқеи босазо дорад.

Фаромӯз БОБОЕВ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
Энергетика рукни муҳими ҳаёт ва иқтисодиёт мебошад

Энергетика рукни муҳими ҳаёт ва иқтисодиёт мебошад

Хабарҳо
Шиносоии Сарвазир аз корҳои таҷдиди НБО “Сарбанд”

Шиносоии Сарвазир аз корҳои таҷдиди НБО “Сарбанд”

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сарфакорӣ дар истифодаи неруи  барқ

Сарфакорӣ дар истифодаи неруи барқ

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Д. Гулмаҳмадзода: «Бо ҷалби соҳибкорон корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, ҷой ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Бо ҷалби соҳибкорон корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, ҷой ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА