Дар як сатр
» » Ш.Шоҳин:Сохтмони 148 иншоот дар се сол

Ш.Шоҳин:Сохтмони 148 иншоот дар се сол

14-12-2018, 00:29

Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитон тайи 10 моҳи соли ҷорӣ 10 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни тасдиқи ин хабар Парвиз Абдуҳалимов, мутахассиси бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия ба рӯзномаи "Хатлон” гуфт, ки яке аз иншооти ҷашнӣ ин сохтмони бинои муассисаи таълимӣ дар деҳаи Шоҳон мебошад, ки иборат аз 10 синфхона барои 200 ҷойи нишаст аст. Бинои мазкур аз ҳисоби сохтмони Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 5 миллону 94 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳаи Девдор сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9,  барои 144 хонанда аз тарафи Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 8 милиону 330 ҳазор сомонӣ ба истифода супорида шуд. Ҳамчунин, аз тарафи филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтакаи Кӯлоб бо харҷи 1 миллиону 691 ҳазор сомонӣ дар деҳаи Усихо бунёди муассисаи таълимӣ барои 40 хонанда ба истифода дода шуд.

Ба иттилои манбаъ, аз тарафи Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкори маҳаллӣ Изатулло Саъдуллоев корхонаи дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот бо маблағи 4 миллиону 92 ҳазор сомонӣ сохта шуд.

- Дар маркази ноҳия аз ҳисоби соҳибкор Мадина Назарова бинои меҳмонхонаву ошхона ба истифода супорида шуд, ки онҳо дар ҳаҷми 240 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Дар деҳаи Хирманҷо бошад, сохтмони бинои дорухона барои 3 ҷойи корӣ аз тарафи соҳибкор Саломатшоҳ Назаров бо харҷи 75 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт, - зикр дошт Парвиз Абдуҳалимов.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Ш. Шоҳин дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони 148 адад иншоотҳо дар назар аст. Аз ҷумла, 17 иншооти хизматрасоонӣ, 10 адад муассисаи таълимӣ, 1 китобхона, 1 Қасри фарҳанг, 3 адад беморхона, 8 адад бунгоҳи тиббӣ, 1 маркази тиббӣ, 9 адад дорухона, 1 толори варзишӣ, 10 майдончаи варзишӣ, 8 адад меҳмонхона, 5 адад сартарошхона, 3 адад ҳаммом, 3 адад кошонаи ҳусн, 22 маркази савдо, 1 корхонаи коркарди шир, корхонаи дӯзандагӣ, дукони ҳунармандӣ, таъмири 24 километр роҳҳо, сохтмон ва таъмири 5 адад пулҳо, 14,5 километр кашидани хатҳои барқ, чароғонкунии кӯчаҳо 2, 39 километр кашидани хатҳои оби нӯшокӣ, 3 адад биноҳои маъмурӣ, 2 адад сардхона, 2 сехи меваю сабзавот, як варзишгоҳи марказӣ ва 25 адад иншоотҳои дигар мебошанд.

 

Фаромӯз БОБОЕВ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Норак:Корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашн

Фарҳанг ва адабиёт

БУНЁДИ 7 ИНШООТ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

Хабарҳо

АЗМИ БУНЁДИ 860 ИНШООТ ДАР КӮЛОБ

Хабарҳо

Ҳамадонӣ. Бунёди иншооти ҷашнӣ

Хабарҳо

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо