Дар як сатр
» » Темурмалик:Бунёдкорӣ вусъат меёбад

Темурмалик:Бунёдкорӣ вусъат меёбад

17-12-2018, 00:26

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва дигар амалҳои хайр дар ноҳияи Темурмалик вусъати тоза дорад.

Дар деҳаи Булакдашти Ҷамоати деҳоти ба номи С. Раҳимов тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик бо ташаббуси сокинон ва соҳибкорони деҳа кӯпруки нав бунёд гардид. Дар дигар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи С. Раҳимов низ корҳои созандагию бунёдкорӣ, аз қабили сохтмони роҳи мошингарди байни ҷамоати деҳоти мазкур то деҳаи Хуррамшаҳри Ҷамоати деҳоти ба номи И. Шарифови ноҳияи Данғара дар масофаи 22 км, гузаронидани корҳои таъмирӣ ва сангфарш намудани роҳи байни деҳаҳо, таъмири асосӣ намудани Беморхонаи ноҳиявии №2, сохтмони бинои нави МТМУ№4 барои 288 нафар хонанда ва дигар иншоотҳои иҷтимоӣ-маишӣ ва хизматрасонӣ бо маром идома доранд.

Н. МУСТАФО

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Темурмалик. Омодагиҳо ба ҷашн

Темурмалик. Омодагиҳо ба ҷашн

Ҳаёти иҷтимоӣ

БУНЁДИ 7 ИНШООТ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

Хабарҳо

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо
Саҳми соҳибкорон дар ободонии маҳал

Саҳми соҳибкорон дар ободонии маҳал

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ду бунгоҳи тиббӣ дар Темурмалик

Ду бунгоҳи тиббӣ дар Темурмалик

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР