Дар як сатр
» » Норак:Корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашн

Норак:Корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашн

16-12-2018, 00:24

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак сохтмони 177 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки 143-тои он дорои сертификати истифодаи замин мебошад. Аз ин шумора сохтмони 23 иншоот шурӯъ гардида, 11 адад дар ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ қарор доранд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи таҷлили ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурии шуъбаи муҳофизаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр, аз ҷониби сокинони ташаббускор Абдулло Ёров ва Акмал Шулашов майдончаҳои варзишӣ,  айвонча барои бозии кӯдакона дар муассисаи томактабии №5, синфхонаи технологияи касбу ҳунар барои писарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, толори ошхона бо 50 ҷойи нишаст дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, бинои иловагии таълимӣ дорои се  синфхона дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16, як синфхона дар муассисаи таълимии №20  мавриди истифода қарор дода  шуданд.

Ҳабиба Сафарова, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, ба рузномаи "Хатлон” гуфт: "Аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сироҷиддин Холов равшаннокии кӯчаи марказии деҳаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти "Пули Сангин” пурра таъмин гардид. Ҳамчунин,  санаи  3 декабри соли ҷорӣ аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ майдони варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 бо тарҳу услуби замонавӣ баъди таҷдиду азнавсозӣ ба истифода супорида шуд”.

Ба қавли Ҳабиба Сафарова беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар маркази таваҷчуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қарор дошта, бо ин мақсад аз тарафи Бонки рушди исломӣ таҷдиду азнавсозии бинои асосии беморхонаи марказии шаҳр ва таъмин намудан бо таҷҳизотҳои тиббии замонавӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, аз ҷониби ширкати хориҷии Ҷумҳурии Ҷопон "Ҷайка” таъмин  намудани шуъбаи  таваллудхона бо таҷҳизоти  тиббии замонавӣ ва омӯзиши мутахассисон шурӯъ гардидааст.

- Ҷиҳати таъмини амнияти санитарии аҳолӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии  коммуналӣ иҷроиши корҳои сохт-монии нуқтаҳои партовҷамъкунӣ дар ҳудуди шаҳр ва қаламрави ҷамоатҳои деҳот зиёда аз 90 фоиз ба анҷом расонида шуда, то охири соли ҷорӣ онҳо ба анҷом мерасанд, - зикр намуд мавсуф.

Ҳ. Сафарова афзуд, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ айни ҳол сохтмони як қатор иншоотҳои баландошёна, аз ҷумла бунёди бинои панҷошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаи Рӯдакӣ иҷрои корҳо 85 фоиз, сохтмони бинои панҷошёна дар назди терминали хизматрасонӣ иҷрои корҳо 60 фоиз ва сохтмони 2 бинои ҳафтошёна дар кӯчаи Рӯдакии минтақаи манзилии №1 идома дорад. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти сохтмонии худӣ дар деҳаи Дӯконӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдукарим Назаров сохтмони заводи қуму шағал дар назар аст.

Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкор Хуршед Табаров дар деҳаи Туғмазор сохтмони маркази истироҳативу фароғатӣ идома дошта, иҷрои  корҳои сохтмонӣ 80 фоизро  ташкил медиҳад. Дар соҳили дарёи Вахш бошад, аз ҳисоби соҳибкорон айни ҳол сохт-мони зиёда аз 100 адад минтақаҳои истироҳатӣ идома дорад.

Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак рафти корҳои ободониву бунёдкориро зери назорати қатъӣ гирифта, баҳри сари вақт ва босифат ба анҷом расонидани корҳои  банақшагирифташуда тадбирҳои  заруриро амалӣ менамояд.     

Фаромӯз БОБОЕВ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ш.Шоҳин:Сохтмони 148 иншоот дар се сол

Ҳаёти иҷтимоӣ

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ

АЗМИ БУНЁДИ 860 ИНШООТ ДАР КӮЛОБ

Хабарҳо

Ҳамадонӣ. Бунёди иншооти ҷашнӣ

Хабарҳо

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо