Дар як сатр
» » Коррупусия - хатари бузург

Коррупусия - хатари бузург

15-12-2018, 00:21

Раёсати Агенти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон давоми нуҳ моҳи  соли  2018-ум 459 ҷиноят ошкор кардааст. Дар ин давра 41 ҷинояти  характери коррупсиони  дошта аз тарафи кормандони Сарраёсати мубориза бо коррупсия ошкор карда шудааст.
Маблағи умумии зарари ошкоршуда 13 миллиону 18 ҳазору 234 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор ба давлат 10 миллиону 72 ҳазору 399  сомонӣ, ба ҷамъият 182 ҳазору  475 сомонӣ ва ба шаҳрвандон  бошад, 2 миллиону  763 ҳазору 360 сомонӣ тааллуқ дорад. Аз маблағҳои ошкоршуда то ин вақт 4 миллиону 381 ҳазору 336 сомонӣ ба буҷаи давлат, 3 миллиону  630 ҳазору 695 сомонӣ  ба нафъи ҷамъият ва 86 ҳазору  970 сомонӣ ба манфиати шаҳрвандон барқарор карда шудааст.    
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳбарият ва кормандони Агентии  оид ба ошкори ҷиноятҳои характери коррупсионидошта вобата ба замин, дар давраи ҳисоботӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, 108 ҷинояти вобаста ба замин ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Маблағи зарари ошкоршуда бо ин ҷиноятҳо 526 ҳазору 671 сомонӣ ва 199 ҳазору 550 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки дар рафти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҷониби муфаттишон дар пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ 763 148 сомонии он  барқарор карда шудааст.
Ҳамзамон, сабаб ва омилҳои аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят қабул гардидани санадҳои ғайриқонунӣ оид ба тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлӣ тафтиш гузаронида шуд. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 20 ҳолати қабули қарорҳои ғайриқонунӣ оид ба тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлӣ  ошкор карда шуд   пешниҳодҳо барои бекор намудани қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо, бинобар ғайриқонунӣ буданашон ва ба ҳолати аввала баргардонидани 8,71 га замин, ирсол карда шудааст.
Ҷиҳати таъмини иҷрои сари-вақтӣ ва босамари нақшаи "Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” аз тарафи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ноҳияҳои Ёвон, Кӯшониён, Восеъ, Фархор, Данғара, А.Ҷомӣ, Ҷайҳун, Хуросон ва силсиланеругоҳи барқи обии "Вахш”-и шаҳри Левакант 100 санҷиш гузаронида шуд. Нисбати 79 нафар шахсони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва корхонаю ташки-лотҳои зикргардида барои иҷро накардани чорабиниҳои барномаи давлатии зиддикоррупсионӣ бо дастрасии моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 79 ҳазор сомонӣ ҷарима  ба буҷет ворид карда шудааст.
Дар натиҷаи баррасии пеш-ниҳодҳои фиристодашуда 143 нафар шахсони мансабдор ва шахсони масъули корхонаю ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ  ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудааст, ки аз ин нисбати 54 нафар  муҷозот  то ба сатҳи аз вазифа озод намудан, ба 11  нафар танбеҳ, ба 29  нафар огоҳӣ ва ба 49 нафар ҷазои сарзаниш  лоиқ дониста,  120 нафари дигар, муҳокима карда шуданд.
Дар ин давра аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ оид ба  пешгирӣ ва ошкори қонуншиканиҳо дар самти иҷроиши Қонуни Ҷум-ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 28 қонуншиканиҳо ошкор карда шуда,  аз он 27 ҳолат аз ҷониби шахсони воқеӣ ва 1 ҳолат аз тарафи шахсони мансабдор содир карда шудааст, ки маблағи ҷаримаи онҳо 37 ҳазору 750 сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи муқаррароти Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ” бошад, дар ин давра  аз тарафи кормандони раёсат нисбати  353 нафар шахсони мансабдор  аз рӯи 16 моддаи Кодекси мазкур парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки маблағи умумии ҷаримаҳо 369 ҳазор сомониро ташкил медиҳад,  аз ин маблағ 363 ҳазор сомониаш  ситонида шуда, ба буҷаи давлат ворид  гардонида шуд.
  Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мақсад доранд ки дар оянда фаъолияти фаврию хизматиро боз ҳам хубтар ба роҳ монда, дар ошкор намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта    ва дар ғанӣ гардонидани буҷети давлат саҳми босазои худро гузоранд.
 
Ҷамшед Касирзода
муовини аввали сардори
Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар вилоят афзуд

Арсаи кишоварзӣ
Таъмини волоияти қонун дар мадди аввал меистад

Таъмини волоияти қонун дар мадди аввал меистад

Ҳуқуқу амният

Санҷиш камбудиҳои ҷойдоштаро ошкор кард

Ҳуқуқу амният
Агентии зиддикоррупсионии вилоят 511 ҷиноятро кушодааст

Агентии зиддикоррупсионии вилоят 511 ҷиноятро кушодааст

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА