Дар як сатр
» » ФИТНАҲОИ НАВИ ТТЭ ҲНИ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР

ФИТНАҲОИ НАВИ ТТЭ ҲНИ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР

15-12-2018, 00:20

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари собиқ ҲНИ ва дигар хиёнаткороне, ки миёни бародарони тоҷику дигар халқу миллатҳои муқими Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро ба амал оварданд, боз кӯшиши бадном намудани миллати тоҷикро дар хориҷи кишвар доранд. Онҳо дар назди Сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар давлатҳои Олмону Белгия ба намоишу гирдиҳамоиҳои ғайриқонунии худ иддао до-ранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯё, ки ҳуқу-қу озодиҳои инсон ва принсипҳои демократӣ риоя намегарданд. Номбаршудагон ва дигар ашхосе, ки онҳоро ҳамроҳӣ менамоянд, ҳуқуқи аз номи 9 миллион мардуми тоҷик ва давлати Тоҷикистон дар ҳамоишу гирдиҳамоиҳои байналмилалиро надоранд. Он давлатҳое, ки Тоҷикистонро дар Созмонҳои байналмилалӣ эътироф намудаанд, ба ин хиёнаткорон бояд, ки шароиту имконият барои бадном кардани давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик фароҳам насозанд ва нагузоранд, ки сулҳу ваҳдати мардуми Тоҷикистонро халалдор созанд.

Маҳз бо шарофати чунин афроди ҷиноятпе-ша ва хиёнаткор шаҳрвандони Тоҷикистон чандин даҳсолаҳо ба буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди бемайлони саноату технологияи муосир мувоҷеҳ гардида буданд. Инчунин, ба қашшоқию камбизоатӣ дучор шуданд. Агар мухолифин, яъне «оппозитсия» дар ҳақиқатан бо роҳи демократию дигаргуниҳои мукаммал бо пешниҳодҳои мушаххас як Барномаи амали рушди Тоҷикистонро тарҳрезӣ мекарду барои пешрафти давлату халқи тоҷик ба Ҳукумати Тоҷикистону Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дархост менамуд, кор ранги дигар мегирифт, вале сад афсӯс…

Чӣ хеле, ки дар урфият мегӯянд: «Оби рехтаро сарҷамъ намудан ғайриимкон аст», ё ин ки «Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст». Бояд ёдовар шуд, ки дар натиҷаи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, бо кӯшишҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Тоҷикистон ба сулҳу ваҳдат ноил гардидем ва аз нав ба ободонию созандагӣ, сохтмони роҳҳо, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ ва истеҳсоли дигар соҳаҳои хоҷагии халқ расидем.

Хоинони ватан бошанд, аз Тоҷикистони азиз фирор намуда, аз ободонию ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар рашки ҳасуд ва бахилӣ месӯзанд ва аз хориҷи кишвар санги маломат ба сари раҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳаммеҳанон мезананд. Аққалан фикри падару модарон, хоҳарону бародарон, фарзандон ва хешу ақрабои худ намекунанд. Он хутбагоне, ки онҳоро бо пайсаҳои ҳангуфти хориҷӣ харидорӣ намудаанд, ҳеҷ гоҳ намехоҳанд байни халқиятҳо, динҳо, мазҳабҳо сулҳ, оромӣ ва баҳамоӣ бошад. Зеро онҳо мақсади бад доранд ва дар фикри фурӯши яроқу аслиҳа, одамрабоӣ ва фурӯши одамон, аз худ кардани конҳои фоиданоки металҳои ранга ва ҷамъ овардани зару зеварҳои тиллоию маблағҳои зиёд мебошанду аз ҷангу ҷанҷолҳои бемаънӣ ва саргардонии онҳо суйистифода менамоянд. Ин фикру ақидаҳои шумо хоманд ва бори дигар ба доми макру фиреби хоҷагони худ афтодаанд. Раҳбари ҳизби мамнӯъ Муҳиддин Кабирӣ ба тарҳрезии чанд тарҳи муштарак ёдовар шудааст, вале боз ӯ хатои бузург мекунад. Барномаҳои муштаракро дар доираи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар худи Ватан кашид, ё ин ки аз ваколатҳои вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумо дода буданд, истифодаи босамар мебурдед.

М. Кабирӣ акнун дар фикри созмон додани як иттиҳоде шудааст, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» ном гузоштааст. Хушбахтона, ҳамроҳонаш ба фикри ӯ розӣ нашуданд. Акнун ӯ танҳо мондаасту дар ба дари сафоратҳонаҳои Олмону Белгия, Полша ва Созмони Амнияти Ҳамкорӣ дар Аврупо гадоӣ карда гаштааст. Ӯ шабу рӯз дар фикри резондани обрӯи давлати Тоҷикистон ва муташаниҷ намудани авзои он мебошад. Дар ҳамаи ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ аз поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва риоя нашудани принсипҳои демократӣ дар Тоҷикистон суханронӣ мекунаду касе ба суханонаш бовар надорад. Пас, барои чӣ дар минбарҳо ба чунин шахси сафсатахон ва хиёнаткори халқи тоҷик минбар медиҳед? Ба хутбагони М. Кабирӣ гуфтанием, ки аввал ӯро аз ташхиси илми пешрафтаи тибби Аврупо аз ташхиси тиббӣ гузаронеду пас дар минбар сухан диҳед.

Акнун шуморо на халқи тоҷик ҳамчун ҳамватан эътироф ва на давлатҳои хориҷӣ суханатро гӯш мекунанд. Миёни замину осмон муаллақ мондаеду ҳамсафонат аз ту дар гурез. Ҳатто қавму авлодат аз ту худро дар канор мегиранд. Аз ин хорӣ ва зорию залилиро дидан, худро ба дор овехтан беҳтар аст. Охир девонаи сафсатагӯй ба ҳама кор қодир аст! Ҳарчи зудтар аз ташхиси илми пешрафтаи тибби Аврупо аз ташхиси тиббӣ гузашта, худро муолиҷа намоед!

Фарҳод Обидзода,

Абдукарим Иброҳимзода,

ноҳияи Ҷайҳун



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Наҳзатиҳо барои пуштибонӣ аз ДИИШ дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор мекунад

Хабарҳо, Сиёсат
Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Ҳаёти иҷтимоӣ

Саҳа дидаю дониста ба нирӯҳои мухолифин минбар медиҳад

Хабарҳо

Даъвати рӯйирости хоини миллат барои гузариш ба мазҳаби шиа

Сиёсат
Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!

Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо