Дар як сатр
» » ҲНИ ИСЛОМРО БАДНОМ МЕСОЗАД

ҲНИ ИСЛОМРО БАДНОМ МЕСОЗАД

13-12-2018, 00:16

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфт: «Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом амалҳои сиёҳу нопоки сиёсӣ содир карда мешавад. Ман ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз дошта будам ва имрӯз бори дигар иброз менамоям, ки номи неки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст... Имрӯз мо ниёз ба тақвияти ҳарчи бештари асли таҳаммулгароӣ дорем, ки мардуми мусулмонро чун мардуми мутамаддин ва бофарҳангу илмпарвар таҷассум намоем».

Қобили зикр аст, ки бо вуҷуди нияти неки Роҳбарияти давлату Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои таъмини сулҳу зиндагии осоишта ба хотири ояндаи неки миллату меҳан, аъзои ТТЭ ҲНИ аз аввал ба ташкил ва иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани низоми қонунии Тоҷикистон ва барангехтани адовати динӣ барои ноором кардани вазъи сиёсӣ дастбакор шуданд. Таърих нишон дод, ки ҲНИ ҳизби хурофотпараст ва тундгаро буда, бо нақша ва ҳадафҳои нопоки худ барои амалӣ намудани чандин ҷинояти махсусан вазнин, вайрон кардани сохти конститутсионӣ, барҳам додани ҳокимияти давлатӣ ва сарнагун намудани ҳукумати қонунӣ бо пуштибонӣ ва сарпарас-тии хоҷагони хориҷиаш мехост сохти конститутсионии давлати моро тағйир дода, ҳокимиятро ба дасти худ гирад. Танҳо дар солҳои 2010-2015-ум  45 нафар аъзои ин ҳизб ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин, содир намуда, нисбат ба 34 нафари онҳо қарорҳои ниҳоии судӣ қабул гардиданд. 23 нафар аъзои Ҳизби наҳзати ислом, аз ҷумла аъзои Раёсати Олии он бинобар даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Маҳз пешбурди чунин фаъолият нуфузи Ҳизби наҳзати исломро дар назди аъзои он низ коста гардонд ва шумораи зиёди аъзои он сафи ҳизбро тарк намуданд ва дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ ячейкаҳои ибтидоии онҳо, бинобар надоштани аъзо, барҳам хӯрданд. Бо содир намудани ин амалҳои нангин Ҳизби наҳзати ислом на танҳо ҳуқуқи мавҷудияти худро аз даст дод, балки бо фаъолияти террористӣ-экстремистии худ барои мардум ва ҷомеа сарчашмаи хатар ва ихтилоф гардид. Ҳамаи бесарусомониҳои солҳои 90-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талафоти халқи тоҷик аз ҲНИ буда, пуштибони ғоявӣ ва маблағгузорони ин ҷанги таҳмилӣ Ҳукумати Ҷумҳурии исломии Эрон мебошад. Бо дарназардошти ин ҳама, тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2015, аризаи Прокурори генералӣ қонеъ карда шуда, Ҳизби наҳзати ислом ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардид ва фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуда, он барҳам дода шуд. Бо вуҷуди ин, ҳама аъзо ва пайравони ин ташкилоти террористию экстремистӣ аз хориҷи кишвар истода, фаъолияти ифротию тахрибкориашонро алайҳи Тоҷикистон идома дода истодаанд.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мақолаи хеш «Ватандорӣ ҳамчун омили ҷилавгирӣ аз терроризм» чунин иброз кардааст: "…Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.

Сабаби асосии тундгароии динӣ нобиноии ақлонӣ ва ҷоҳилӣ мебошад. Бинобар ин, алайҳи терроризм ва экстремизм, пеш аз ҳама, дар сатҳи зеҳнӣ муқовимат бояд кард. Ақидаҳои таассуб бояд дар сатҳи академӣ, бо ҷидду ҷаҳди тамоми олимони соҳаи илми гуманитарию динӣ ба бадномӣ кашида шаванд. Тафаккури рӯякӣ ва набудани идроки динӣ, ки хориқаи (феномени) терроризми диниро ташкил медиҳад, назари худро дар бобати ислом пешниҳод мекунанд.

Махфират Хидирзода, доктори илмҳои фалсафа, дар мақолааш «Роҳҳои пешгирӣ ва муқовимат ба равияи ифротӣ» чунин иброз дош-тааст: «Хатар ва даҳшатафкании ин равия ва ҳаракатҳо дар он аст, ки онҳо на танҳо пояҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишвар ва низомҳои сиёсии побарҷоро аз байн мебаранд, балки тухми кинаю адоватро дар вуҷуди инсоният кошта, хотираи таърихии миллатҳоро тираю тор ва пур аз нафрату кина нисбати якдигар мекунанд. Ин аст, ки даҳшатафкании ин равияҳо, агар дар давраҳои пешин ба муқобили шахсиятҳои алоҳида нигаронида шуда бошад, пас, айни ҳол ин раванд таҳдид ба ҳастии инсоният ва сулҳу суботи кишварро дорад».

Ҷавонони тоҷик ҳамчун зодаи даврони истиқлолият бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба гурӯҳҳои мамнӯи экстремистиву террористӣ, ки онҳо аз номи ислом истифода намуда, барои амалисозии ҳадафҳои нопоки хеш ҷавононро бо ҳар роҳ ба сӯйи худ ҷалб мекунанд, мубориза баранд. Нагузоранд он давраи солҳои ҷанги шаҳрвандиро, ки ҷавонону кӯдакони он замон аз гуруснагию бемориҳои маргбор ранҷ мекашиданд ва ин азобу ғами фарзанд падару модаронро ба марг мерасонид, бо истифода аз ҳушёрию зиракии худ ин амалҳои нопокро ба насли ҳозира ва оянда ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳанд. Имрӯз бояд ҷавонон бо дарки масъулияти баланд дар муқобили амали онҳо дониш ва маърифати баланди худро истифода карда, барои амалкардаи онҳо вокунишҳои далелнок ва қатъӣ нишон диҳанд.

Мусаллам аст, ки аҳдофи ҳар гуна гурӯҳ ё ташкилоти ифротгаро бо роҳи зӯриву истибдод ва ғайриқонунӣ бесуботу ноором намудани ҷомеа ва сарнагунсозии ҳокимияту давлат мебошад. Заминаҳои зуҳури таассубу ифротгароӣ мухталиф буда, бар ҷаҳолату авомфиребӣ, баҳрамандиҳои молиявӣ, дастрасӣ ба сармоягузориҳои ғайриқонунии манфиатҷӯёни хориҷӣ асос меёбад.

Тавре ки аз воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва ҷаҳон огоҳӣ пайдо намудем, чунин падидаи номатлуб ҳамчун василаи фишор ва амалисозии манофеъ ва хоҳиши давлатҳои абарқудрат дар ҷомеаҳои ҳассосияти баланди динидошта, ки аксари бошандагонаш мусалмонон мебошанд, бештар ба назар расида истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди бо талошу ҷоннисориҳои зиёд ба даст омадани ризоияти миллӣ ва суботи саросарӣ борҳо таъкид доштанд, ки тамоми талошу кӯшишҳои худро барои чун гавҳараки чашм пос доштани оромиву суботи ҳар як фарди ҷомеа равона месозад.

Таърих исбот сохтааст, ки тоҷикон чун миллати сулҳовару суботпарвар дар ҳама давру замон дар осоишу оромиш ва бо ҳамсояҳо дар ҳусни тафоҳуми неку мусолиҳатомез зиндагӣ карда, ин амал яке аз маромномаҳои асосии сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Аз ин ҷост, ки дар кишвари мо "Кабӯтари сулҳ” дар парвоз буда, нурҳои хуршеди ваҳдат аз пушти абрҳои сафеду беғубор нурафшонӣ мекунад.

Имрӯз Тоҷикистон бо сарварӣ ва сиёсати созандаву ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба хотири дубора ноором нагардидани авзои сиёсии кишвар дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва экстремизм қарор дорад. Ҳамин аст, ки дар байни сарони кишварҳои узви СММ ҷиҳати муборизаи беамон бо ин "Вабо”-и аср Пешвои миллати мо яке аз аввалинҳо шуда, садо баланд карданд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб фаъолу муттаҳид бошанд.

Баҳром Миров


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо»

«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо»

Сиёсат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
С.Р. Мирзозода: «ҲНИТ, бидуни шак, дар кӯшиши табаддулот даст дошт»

С.Р. Мирзозода: «ҲНИТ, бидуни шак, дар кӯшиши табаддулот даст дошт»

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Сиёсат, Ҳуқуқу амният
Хиёнати ҲНИТ алайҳи давлатдорӣ

Хиёнати ҲНИТ алайҳи давлатдорӣ

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо
Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Терроризму ифротгароӣ ва хатари он ба ҷамъият

Терроризму ифротгароӣ ва хатари он ба ҷамъият

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо