Дар як сатр
» » Хуросон. 1600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад

Хуросон. 1600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад

10-12-2018, 00:12

Хоҷагидорони ноҳияи Хуросон соли равон дар майдони беш аз 65 гектар боғи нав ва 8,56 гектар ситруспарварӣ ташкил намуданд. Инчунин, дар заминҳои лалмӣ 2, 86 гектар боғу токзор бунёд гардид. Дар баробари афзудани маҳсулоти кишоварзӣ содироти он ба хориҷи кишвар 1345 тоннаро ташкил медиҳад. Бароинигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ 2 сардхона бо иқтидори 1600 тонна омода аст. Нишондиҳандаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 409 миллиону 441 ҳазор сомонӣ баробар гардид.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 34, 5 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, 25,3 ҳазор тонна сабзавот, 5,6 ҳазор тонна картошка, 8,9 ҳазор тонна полезӣ, 3,8 ҳазор тонна мева, 5,5 ҳазор тонна ангур истеҳсол намуданд. Хоҷагидорони ноҳия бошад, 3089,4 тонна гӯшт, 7089 тонна шир, 13,4 тонна асал истеҳсол намудаанд. Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 3 адад расида, майдони кӯлу ҳавзҳо 21 гектарро ташкил медиҳад.

Инчунин, корхонаи саноатӣ дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ ба маблағи 78 миллиону 980 ҳазору 300 сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 миллион зиёд аст. Дар соҳаи сохтмон ноҳияи Хуросон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 19 миллиону 599 ҳазор сомонӣ аз худ карда шуда, ба маблағи 19 миллиону 405 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмону васлкунӣ ва 70,1 ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро гардидааст.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷайҳун. Азми истеҳсоли 3,5 ҳазор тонна лимӯ ва 33000 тонна сабзӣ

Арсаи кишоварзӣ
Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти пахтагӣ

Хабарҳо
Истеҳсоли беш аз 57 ҳазор тонна мева

Истеҳсоли беш аз 57 ҳазор тонна мева

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дастовардҳои арсаи кишоварзӣ дар Н. Хусрав: Дурнамо беш аз 100% иҷро гардид

Дастовардҳои арсаи кишоварзӣ дар Н. Хусрав: Дурнамо беш аз 100% иҷро гардид

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА