Дар як сатр
» » Ҷайҳун. Азми истеҳсоли 3,5 ҳазор тонна лимӯ ва 33000 тонна сабзӣ

Ҷайҳун. Азми истеҳсоли 3,5 ҳазор тонна лимӯ ва 33000 тонна сабзӣ

14-12-2018, 00:12

Дар соли 2018 аз ноҳияи Ҷайҳун ба берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон 42533 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки 47,8%-и маҷмӯи маҳсулоти содиротшуда аз вилоятро маҳсулоти Ҷайҳун ташкил медиҳад.

Нуралӣ Валиев, сардори шуъбаи кишоварзи ноҳияи Ҷайҳун, дар суҳбат бо рӯзномаи «Хатлон», иттилоъ дод, ки кишт, истеҳсол ва содироти беш аз нисфи пиёзи вилоят ба ноҳияи Ҷайҳун рост меояд. Тибқи маълумоти оморӣ, аз вилояти Хатлон 88852 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ аз кишвар содирот шудааст.

- Соли равон деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун дар майдони 16144 гектар кишти маҳсулоти кишоварзиро анҷом доданд, - идома дод Н. Валиев. - Аз он ҷумла дар майдони 3548 га ғалладона, 3000 га сабзавот, 7000 га пахта, 300 га картошка, 1900 га полезӣ ва дар майдони 260 га хӯроки чорво кишт карда шудааст.

Ба ғайр аз пахта, ки дурнамояш дар ноҳия ҳамагӣ 61% иҷро шуд, соли равон дурнамои истеҳсоли анвои дигари маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷайҳун аз 100% то 160% таъмин гардид. Инчунин кишоварзони ноҳия соли 2018 дар майдони 5665 га замин кишти так-рории зироатҳои кишоварзӣ гузарониданд.

Қобили зикр аст, ки кишоварзони ноҳия дар майдони 1100 га сабзӣ кишт карда, азм доранд, ки ҳосили сабзиро дар ин мавсим ба 33 ҳазор тонна расонанд.

Тавре ки аз таҳлилҳои иқтисодӣ бармеояд, дар ноҳияи Ҷайҳун ҳосилнокии сабзӣ аз 1 гектар 300 сентнерро ташкил медиҳад. Даромад аз як гектар ба 24 ҳазор сомонӣ мерасад, хароҷот бошад, дар як гектар ба ҳисоби миёна 11 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст. Бо ҳисоби одии арифметикӣ маълум мешавад, ки фоидаи деҳқон аз кишти сабзӣ дар як гектар замин то 13 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод. Арзиши аслии як сентнер сабзӣ 36 сомонию 66 дирам баровард шудааст, яъне аз парвариш ва фурӯши сабзӣ даромаднокӣ ба 218% мерасад.

Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун нархи як кило сабзиро 70-80 дирам муқаррар карда, бо ҳамин нарх ба соҳибкорон мефурӯшанд. Дар бозори чакана 1 кг сабзӣ бо қимати 1,5-1,7 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Ноҳияи Ҷайҳун на танҳо дар истеҳсоли пиёзу сабзӣ, балки дар масъалаи лимӯпарварӣ низ мактаби пешқадами таҷриба ба ҳисоб меравад. Н. Валиев, сардори шуъбаи кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун, иттилоъ дод, ки ҳоло дар ҳама бахшҳои кишоварзии ноҳия 125 гектар гармхонаҳои лимӯпарварӣ вуҷуд доранд. Аз ин 105 гектараш ба аҳолӣ ва 20 гектараш ба хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ мансуб мебошанд.

- Соли 2017 кишоварзони ноҳия 3035 тонна лимӯ истеҳсол карда буданд, ки беш аз 70%-и онро ба хориҷи кишвар содирот намуданд, - афзуд Н. Валиев. - Имсол кишоварзони ноҳия ният доранд, ки истеҳсоли лимӯро ба 3,5 ҳазор тонна расонанд.

Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун дар истеҳсоли 6 намуд маҳсулоти кишоварзӣ, аз он ҷумла пиёз, сабзӣ, полезӣ, маккаи дон, лимӯ ва шолӣ на танҳо дар қаламрави вилояти Хатлон, балки дар ҷумҳурӣ пешсаф маҳсуб гардида, натиҷаи кори онҳо назаррас аст.

М. Носирҷон,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Хуросон. 1600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад

Арсаи кишоварзӣ

Омили асосии ҳосили фаровон

Арсаи кишоварзӣ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Дастовардҳои арсаи кишоварзӣ дар Н. Хусрав: Дурнамо беш аз 100% иҷро гардид

Дастовардҳои арсаи кишоварзӣ дар Н. Хусрав: Дурнамо беш аз 100% иҷро гардид

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА