Дар як сатр
» » Ёвон: тамоми сол маҳсулоти тару тоза

Ёвон: тамоми сол маҳсулоти тару тоза

13-12-2018, 00:10

Кишоварзони ноҳия дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии давлат-таъмини амнияти озуқаворӣ кор бурда, соли равон ба натиҷаҳои чашмрас ноил гардиданд. Диловарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки мактаби таҷрибаи худро доранд, аз нақшаи истеҳсоли ғалладонагиву сабзавот, картошка, мевагиҳо баромада, бозори маҳалро ғанӣ гардонида, ҳамзамон, 2850 тонна ё ба андозаи 101,8 фисади дурнамо ба хориҷи кишвар маҳсулоти тару тоза содирот намуданд.

Ёвон аз зумраи ноҳияҳост, ки саноаташ беш аз пеш рушд менамояд. Баъди бакор даромадани корхонаҳои саноатӣ сафи коргарон ва бошандагони биноҳои баландошёна зиёд мешавад, ки дар ин маврид талабот ба сабзавоту мавагиҳо дар тамоми фаслҳои сол низ меафзояд. Аз ин рӯ, баҳри дар фасли зимистон таъмин будани аҳолӣ бо меваҳои тару тоза ва пиёзу картошка аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ дар деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов сардхона бунёд ёфтааст, ки ғунҷоишаш 600 тоннаро ташкил медиҳад. Ба мақсади фаровонии бозори маҳал бо бодирингу помидор, шалғаму кабудӣ дар мавсими зимистон баробари хоҷагидорон сокинони деҳотҷой низ саҳмгузоранд. Аз 15,2 гектар гармхонаи мавҷуда 1,2 гектараш аз ҳисоби аҳолӣ мебошад. Боқимонда гармхонаҳо дар заминаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил карда шудааст, ки калонтаринаш ба хоҷагии ёрирасони ширкати чинии "Сзян-Инхай” тааллуқ дорад.

Баъди саранҷоми мавсими имсолаи ҷамъоварии ҳосил деҳқонони боирода имрӯзҳо шудгори заминҳоро хуб ба роҳ монда, дар майдонҳои муайяншуда кишти тирамоҳӣ мегузаронанд. То ин дам дар майдони 12624 гектар шудгори босифат гузаронида шудааст, ки ин яке аз омилҳои беҳтарини биологии фаровонҳосилӣ дар оянда маҳсуб меёбад.

Дар баробари пеш бурдани шудгори заминҳо деҳқонон баҳри иҷрои дурнамои кишти тирамоҳии зироатҳо камари ҳиммат бастаанд. Бо мақсади амалисозии нақшаву ниятҳо то ин замон дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия 6382 гектар кишт гузаронида шудааст, ки он 85 фисади дурнаморо ташкил медиҳад.

Боиси қайд аст, ки деҳқонон дар мадди аввал ба васеъ намудани майдони ғалладонагӣ, картошкаву пиёз, сабзӣ ва солҳои охир ба зиёдшавии майдони карам диққат медиҳанд. Зеро ин маҳсулотро метавон мавриди ниёзи аввалияи рӯзгор номид. Дар ин самт саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти «Ҳаёти нав», «Ситораи сурх» ва "Даҳана”, ки иҷрои дурнаморо аз 90-фоизи боло намудаанд, пешсафанд. Мавсими кишт ҳанӯз давом дорад. Деҳқонони боазму ирода тамоми тадбирҳоро ба кор мебаранд, то ин ки фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардидани дастурхони аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза, аз ҷиҳати экологӣ пок ва хусусияти шифоидошта таъмин гардида, бо ин дар амалигардии ҳадафи стратегии давлат саҳмгузор бошанд. Инро метавон, қадами неке дар самти истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар арзёбӣ намуд.

Умед Азизов,

сармутахассиси Раёсати

кишоварзии ноҳияи Ёвон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷайҳун. Азми истеҳсоли 3,5 ҳазор тонна лимӯ ва 33000 тонна сабзӣ

Арсаи кишоварзӣ

Омили асосии ҳосили фаровон

Арсаи кишоварзӣ

Кишти тирамоҳӣ анҷом ёфт

Арсаи кишоварзӣ

Бо харҷи кам даромади зиёд

Иқтисоду тиҷорат
Сафари кории Роҳбари давлат ба ноҳияи Шаҳритус

Сафари кории Роҳбари давлат ба ноҳияи Шаҳритус

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ