Дар як сатр
» » Омили асосии ҳосили фаровон

Омили асосии ҳосили фаровон

12-12-2018, 00:10

Ба мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣкишти барвақтии ғалладонагиву сабзавот-ро хуб ба роҳ мондаанд. То ин вақт деҳқонон дар майдони 3760 гектар гандум кишт намуда, азм доранд,то охири мавсим-моҳи феврал, майдони киштро аз нақша зиёд намоянд.

Ҳамин тариқ, кишоварзон дар майдони 280 гектар кишти сабзавоти барвақтиро анҷом доданд, ки ин 85 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Аз ин шумора 140 гектар пиёз, 50 гектар сабзӣ, 50 гектар карамро ташкил медиҳад. Картошка дар майдони 110 гектар кишт шуда, айни замон бо истифода аз рӯзҳои мусоид ва тухмии босифат кишт давом дорад.

Чуноне ки сарагрономи идораи кишоварзии ноҳия С. Аминов мегӯяд, дар вусъати корҳои тирамоҳӣ, хусусан саҳмдорони хоҷагиҳоии деҳқонии деҳоти «Иттифоқ», ба номи Қ. Ғиёсов, «Яккатут» ва «50-солагии Тоҷи-кистон», ки нақшаҳои пешбинишударо ба анҷом расонидаанд, нақши асосӣ доранд.

 

И. Ҳасанов



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷайҳун. Азми истеҳсоли 3,5 ҳазор тонна лимӯ ва 33000 тонна сабзӣ

Арсаи кишоварзӣ

Ёвон: тамоми сол маҳсулоти тару тоза

Арсаи кишоварзӣ

Кишти тирамоҳӣ анҷом ёфт

Арсаи кишоварзӣ
Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА