Дар як сатр
» » Кишти тирамоҳӣ анҷом ёфт

Кишти тирамоҳӣ анҷом ёфт

12-12-2018, 00:09

Деҳқонони хоҷагиҳои ноҳияи Восеъ кишти тирамоҳиро ба анҷом расониданд. То ин замон дар майдони 8520 гектар кишт гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар майдони 8071 гектар ғалла кишт намуданд, ки аз ин ҳисоб 7361 гектарашро кишти гандум ташкил медиҳад. Ҳамчунин то имрӯз дар майдони 701 гектар ҷав, 26 гектар картошка, 175 гектар пиёз кишт карда шуд.

Дар ин бахш хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоатҳои деҳоти ба номи «Абдӣ Авазов», «Мирзоалӣ Вайсов» ва "Гулистон” пешдастӣ доранд.

Аҳли меҳнати ноҳия баробари пешбурди корҳои тирамоҳӣ, дар кори кабудизор гардонидани мавзеъҳои аҳолинишин ва тармиму азнавбарқароркунии боғи ба номи Бобои Миралӣ саҳми муносиб гузошта истодаанд. Ҳамчунин, тавассути ҳашари дастаҷамъона дар боғи Бобои Миралӣ, даромадгоҳи ноҳия, саҳни макотиби ноҳия, Ҷамоати деҳоти ба номи «Рӯдакӣ» 5200 бех ниҳоли сояафкану ороишӣ шинонда шуд. Рафти ниҳолшинонӣ дар ноҳия рӯз аз рӯз суръати тоза мегирад.

Наҷот САФАРЗОДА



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Балҷувон:Боғҳои куҳна барқарор мешаванд

Арсаи кишоварзӣ

Ҷайҳун. Азми истеҳсоли 3,5 ҳазор тонна лимӯ ва 33000 тонна сабзӣ

Арсаи кишоварзӣ

Ёвон: тамоми сол маҳсулоти тару тоза

Арсаи кишоварзӣ

Омили асосии ҳосили фаровон

Арсаи кишоварзӣ
Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ