Дар як сатр
» » Кӯлоб: Коллеҷи санъат мақоми ҷумҳуриявӣ гирифт

Кӯлоб: Коллеҷи санъат мақоми ҷумҳуриявӣ гирифт

10-12-2018, 23:38

Коллеҷи санъати ба номи Кароматулло Қурбонови шаҳри Кӯлоб мақоми ҷумҳуриявӣ гирифт. Дар ин бора Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис-тон аз 30 ноябри соли 2018 ба тасвиб расид.

Дар дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, ки Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов ягона муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи санъат дар вилояти Хатлон буда, бо супориши Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон аз 9 августи соли 1989 ба ҳайси филиали Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд. Бо қарори Шӯрои вакилони халқии шаҳри Кӯлоб аз 16 феврали соли 1993 Омӯзишгоҳи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шуд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2004 таълимгоҳ мақоми Коллеҷи санъатро гирифт ва он аз соли 2004 ба ҳайси Коллеҷи санъат фаъолият дорад.

Феълан дар шуъбаҳои рӯзонаи коллеҷ 146 нафар ва дар шуъбаҳои ғоибона 162 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Ба донишҷӯён 37 нафар омӯзгорони соҳибихтисос дарс мегӯянд, ки аз онҳо 3 нафар Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, 12 нафар Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар номзади илм, 2 нафар узви Иттифоқи композиторони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 нафар узви Иттифоқи рассомони Ҷум-ҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Дар коллеҷи мазкур аз рӯйи ихтисосҳои иҷрокунандаи созӣ, рассомӣ, дирижёри хори халқӣ, фортепиано, сурудхонӣ, китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ, эҷодиёти халқ ва дирижёри хори академӣ мутахассисони касбӣ  тайёр мешаванд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

АЗМИ БУНЁДИ 860 ИНШООТ ДАР КӮЛОБ

Хабарҳо
Раёсати фарҳанг рӯйхати комили ҳунармандони вилоятро тартиб дод

Раёсати фарҳанг рӯйхати комили ҳунармандони вилоятро тартиб дод

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо
Гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи давлатии таълимии «коллеҷи оташ ...

Гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи давлатии таълимии «коллеҷи оташ ...

Маориф ва илм
Нашри «Санъати мусиқии Кӯлоб» бо се забон

Нашри «Санъати мусиқии Кӯлоб» бо се забон

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ифтитоҳи коллеҷи милитсия дар Кӯлоб

Ифтитоҳи коллеҷи милитсия дар Кӯлоб

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА