Дар як сатр
» » Чаро роҳбарони ҲНИТ мазҳаби ҳанафиро фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд?

Чаро роҳбарони ҲНИТ мазҳаби ҳанафиро фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд?

20-09-2017, 13:04

Чаро роҳбарони ҲНИТ мазҳаби ҳанафиро фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд?

Имрӯзҳо дида мешавад, ки дар расонаҳои гуногуни хориҷӣ ва интернетӣ роҳбарони ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бешармона дар бораи ватан, миллат, мазҳаб ва ғайраҳо гап мезананд ва хонандагонро ба гумроҳӣ бурданӣ мешаванд. Аммо халқи боҳуши Тоҷикистон хурду калон медонанд, ки онҳо ин арзишҳои муқаддасро, яъне ватану миллатро кайҳо фурӯхта, зери пой кардаанд. Аммо аз инҳо ҳам бадтар, роҳбарони ТЭТ ҲНИТ на танҳо халқу миллату ватан, балки мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд. Факту далелҳои бисёр, шоҳидии аъзоёни пештараи ҳизб, навору суратҳои зиёд ҳамаашон нишон медиҳанд, ки роҳбарони ТЭТ ҲНИТ ба хотири дунё ва молу қудрат шуда, мазҳаби халқи худро фурӯхта, ба мазҳаби бегонаи шиъа даромадаанд.

Ҷараёни шиъашавии аъзоёни Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дароз аст, ки собиқаи тулонӣ дорад. ТЭТ ҲНИТ аз солҳои аввали фаъолияташ, бо инқилоби исломӣ дар Эрон ва роҳбарони он диққат ва пайравии бисёр дошт. Дар байни аксари роҳбарияти ҲНИТ ба шахсияти калони олами шиъа, роҳбари инқилоби Эрон Оятулло Хумайнӣ муридӣ ҷой дошта, онро бо эҳтиром «Ҳазрати Имом» меномиданд. Наҳзатиҳо ҳоло ҳам Хумайниро дар байни худашон ҳамин хел меноманд. Ба ҷойи Қуръону суннат китобҳои мазҳаби шиъаро мехонданд. Баъзе наҳзатиҳо дар васфи Хумайнӣ чандин шеър ва рубоёт навишта буданд, ки дар газетаи худашон чоп шудааст.

Факти диққатҷалбкунанда ҳамин аст, ки аксари роҳбарони ҲНИТ фарзандони худашонро бо номи имомони мазҳаби шиъа, домуллоҳои калони шиъа ва роҳбарони инқилоби исломии Эрон мисли Меҳдӣ, Ҷавод, Боқир, Муртазо, Хумайнӣ, Биҳиштӣ, Мутаҳаррӣ, Руҳуллоҳ, Ҳусайнӣ (ду тои охираш номҳои хурди Оятулло Хумайнӣ), Боҳунар ва ғайраҳо ном мондаанд. Масалан, фарзандони худи асосгузори ҲНИТ С.А.Нурӣ - Биҳиштӣ ва Ҳусайнӣ, фарзандони Раиси ТЭТ ҲНИТ М.Кабирӣ - Руҳуллоҳ, Муртазо, Биҳиштӣ ва Меҳдӣ, писарони муовини якуми раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ - Саидмеҳдӣ, Саидҷавод ва Биҳиштӣ, фарзандони узви Раёсати ТЭТ ҲНИТ Шамсидин Саидов - Руҳуллоҳ, Биҳиштӣ, Боҳунар ва ғайра ном доранд. Инҳо ҳамаашон номҳои пешвоёни инқилоби исломии Эрон аст, ки барои тоҷикон умуман ин номгузорӣ хос нест. Ин фактҳои одӣ пайравии роҳбарони ҲНИТ нисбат ба пешвоёни мазҳаби шиъаро нишон медиҳад, ки калон аст.

Ҳануз дар ҳодисаҳои бетартибии солҳои 90-ум, ки ТЭТ ҲНИТ ташкилкунандаи асосии он буд, ин ҳизб шиорҳои инқилоби исломии Эрон ва шиорҳои ҳаракатҳои исломии шиъаро қабул карда истифода мекард. Масалан, «Роҳи мо роҳи Алист, бирав гум шав, коммунист!», «Амрико, Амрико, марг ба найранги ту, хуни шаҳидони мо, мечакад аз чанги ту!», «Ҳам шиъаю ҳам суннӣ, роҳбари мо Хумайнӣ», «Атри гули муҳаммадӣ, Вилоятӣ хуш омадӣ!» ва ғайраҳоро. Касоне, ки ҳодисаҳои инқилоби исломии Эрон дар солҳои 80-ум ва шиорҳои онро донанд, сарчашмаи ин шиорҳои наҳзатиҳоро хуб медонанд. Шиорҳои ҲНИТ такрори шиорҳои ҳаракатҳои мазҳабии шиъаён аст. Фаъолони ҲНИТ Қорӣ Муҳамамдҷон, Эшони Қиёмиддин ва Саъдидини Рустам ин шиорҳоро дар майдони Шаҳидон ҳар рӯз бо баландгӯяк мехонданд ва аъзоёни ҲНИТ онро такрор мекарданд.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бошад, роҳбарони ҲНИТ ба Эрон гурехта, бо оилаҳои худашон дар ин кишвар зиндагӣ мекарданд. Дар ин давра аз онҳо С.А.Нурӣ, Саъдидини Рустам, Сайидиброҳим Назаров, Мулло Аёмиддин, Эшони Қиёмидин, Шамсиддин Саидов ва ғайраҳо дар Теҳрон истиќомат доштанд. Дар ин давра садҳо нафар фаъолон ва пайравони ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ дар мадрасаҳои динии шиъагӣ дар Эрон дарс хонда, ба мазҳаби шиъа даромаданд. Таъминоти молии худ ва оилаҳои роҳбарони ҲНИТ пурра аз тарафи марказҳои мазҳаби шиъа таъмин мешуд.

Баъди барқарории сулҳ дар Тоҷикистон алоқаҳои аъзоёни ҲНИТ бо мазҳаби шиъа боз ҳам давом ёфт ва баръакс, бақувваттар шуд. Дар ин бора метавон бо мисолҳои қатъӣ гуфт, ки то манъ шудани фаъолияти ҲНИТ, беш аз 800 нафар ҷавонон, ки аксарашон фарзандон ва хешу таборони аъзоёни ҲНИТ мебошанд, дар мадрасаҳои динии Эрон дарс мехонданд. Аксари онҳо дар шаҳри Қум (маркази оламии мазҳаби шиъа), шаҳри Гургон ва дигар ҷойҳои Эрон таҳсил мекарданд ва ба мазҳаби шиъа дохил шуда буданд. Вақте, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷўёни тоҷик аз мадрасаҳои динии хориҷа баргардонда шуданд, фиристодаҳои наҳзат аз қарори Ҳукумат сарпечӣ карда, аз мадрасаҳои Эрон барнагаштанд. Онҳо хондани худро то имрӯзҳо ҳам давом дода истодаанд.

Он вақт оятуллоҳои шиъа ҳатто иҷозат надоданд, ки намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Эрон бо ин толибон дар мадрасаҳои Қум мулоқот карда, онҳоро барои бозгаштан ба Ватан даъват кунанд. Шумораи онҳоро ҳам махфӣ нигоҳ доштанд. Аммо манбаҳои боваринок тасдиқ мекунанд, ки дар ҳамин шабонарӯз беш аз 480 нафар фарзандон ва хешу табори аъзоёни ҲНИТ дар мадрасаҳои динии шаҳри Қум ва Гургон дар назди домуллоҳои мазҳаби шиъа дарс мехонанд. Дар байни онҳо хоҳарзодаҳои М.Кабирӣ (2 нафар, яке бо ҳамроҳии занаш ва як кӯдаки хурдсол), набераи Акоша Кабирӣ, фарзандони муовини якуми Раиси ТЭТ ҲНИТ Саидумар Ҳусейнӣ (ду писар ва ду келинаш), фарзандони Саидиброҳим Назаров (4 нафар), писарон ва набераҳои Шамсиддини Саид (5 нафар), писарони мулло Саъдиддини Рустам (бо келинаш) ва ғайраҳо ҳастанд. Оиладорон бошанд дар хобгоҳи оилавӣ зиндагӣ мекунанд. Онҳо бо хўроки бепул ва стипендияҳои баланд таъмин ҳастанд. Ба наздикӣ ба ҳамаи онҳо аз ҳисоби хумс (як навъ андоз дар мазҳаби шиъа) яктоӣ планшет тӯҳфа карда шуд. Ҳадя барои фурӯхтани мазҳаби падару бобоии худ.

Пас аз вафоти С.Нурӣ, ки соли 2007 иттифоқ омада буд, таъсири мазҳаби шиъа дар дохили ҲНИТ боз ҳам сахттар шуд. Ҳар сол даҳҳо нафар аз роҳбарони ТЭТ ҲНИТ барои гузаштани курсҳои мазҳаби шиъа ба Эрон бурда мешуданд. Пули билетҳо ва меҳмонхонаҳои қимматбаҳоро барои онҳо марказҳои мазҳаби шиъа аз ҳисоби хумси мазҳабӣ медоданд. Як ќисми ин хел курсҳои мазҳабӣ дар худи Тоҷикистон дар қароргоҳи маркази ҲНИТ ё дар ҷойҳои махсуси дигар мегузаштанд. Масалан, моҳҳои апрел-майи соли 2012 таблиғотчии мутаассиби машҳури шиъа Ҳасани Раҳимпур ба Тоҷикистон омада, дар офиси марказии ТЭТ ҲНИТ чандин дарси мазҳаби шиъа гузашт. Навори видеоии дарсҳои Раҳимпур дар офиси ҲНИТ дар Душанбе дар интернет мебошад. Дар он навор дида мешавад, ки чӣ хел роҳбарони ТЭТ ҲНИТ дар қатори пеши дарси ин мубаллиғи шиъа нишаста, суханҳои ӯро зидди мазҳаби аҳли суннат тасдиқ карда, сар меҷунбонанд.

Соли 2011 аллакай маълум шуда буд, ки як бахши калони роҳбарияти ҲНИТ пурра ва ошкоро ба мазҳаби шиъа даромадааст. Ин ҳодиса сабаби як ихтилофи калон дар дохили роҳбарияти ин ТЭТ гашта буд. Дар он ҷанҷоли ҳизбӣ М.Кабирӣ, Сайидиброҳим Назаров, Зубайдуллои Розиқ, Шамсиддин Сайид, Ҷалолиддини Маҳмуд, Абдусаттор Каримов (махсуми Саттор), Илҳом Ёқубов ва ғайраҳо, ки аллакай мазҳаби шиъаро ошкоро қабул карда буданд, бо аъзоёни дигари Раёсати ҲНИТ монанди Маҳмадсаид Ризоӣ, Абдуқаҳҳори Давлат, Акоша Кабирӣ, Маҳмадалӣ Файзмуҳаммад ва ғайраҳо, ки асосан гароиши ваҳҳобӣ доштанд, бо ҳам ихтилофи калон карда, ҳатто қаҳрӣ шуданд ва як муддат аз якдигар дур шуданд. Яке аз собиқадорони ҲНИТ, мушовири раиси он Мирзомуҳамадии Навид (шоир) ин гароиши роҳбарият ба мазҳаби шиъаро ошкоро дар матбуот маҳкум карда, умуман аз сафи ТЭТ ҲНИТ хориҷ шуд. Ветерани дигари ҳизб Мавлавӣ Абдулҳай ҳам дид, ки насиҳатҳояш ба роҳбарони ҲНИТ таъсир накард ва онҳо аз мазҳаби шиъа барнагаштанд, дигар ба ҷамъомадҳои ҳизб намерафт ва ба суфизм рӯ овард.

Оҳиста-оҳиста ҲНИТ пурра ба зери мазҳаб ва сиёсати ҷаҳонии ташайюъ даромад. ҲНИТ узви «Ҳаракати байналхалќии бедории исломӣ» шуд. Соли 2013 раиси ин ҳизб М.Кабирӣ муовини роҳбари ин ҳаракати байналхалқӣ интихоб шуд. Бояд гуфт, ки «Ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ» як ҳаракати динӣ ва сиёсии ифротгарои мазҳаби шиъа буда, қувваҳои динию сиёсии шиъа ва ё шиъагароро дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон муттаҳид мекунад. «Бедор кардани мусулмонон» дар ин ҳаракат ба маънои бар зидди давлату миллатҳои худашон шӯрондану хезондани мусулмонон дар ҳар кишвари олам аст. Роҳбари ҲНИТ ягона намоянда аз кишварҳои суннимазҳаб буд, ки аъзо ва ҳам мебинем, ки муовини раиси ин ҳаракати ҷаҳонии шиъаён (марказаш дар Теҳрон, зери роҳбарии Алиакбари Вилоятӣ) шуд. Ин факт ҳам нишон медиҳад, ки роҳбарияти ҲНИТ амалан мазҳаби шиаъро қабул карда буд, чунки агар не, дар он ҳаркати махфии сиёсии ифротии шиъаён ҳаргиз аҳли суннатро қабул намекунанд.

Гароиш ёфтани ТЭТ ҲНИТ ба мазҳаби шиъа дар ин ҳам дида шуда меистод, ки дар газетаи ҳизбии ҲНИТ «Наҷот» ва нашрияҳои он ҳар ҳафта мақолаҳои муаллифҳои шиъа ва фатвоҳои оятуллоҳои шиъа чоп мешуд. Газетаи «Наҷот» ҳар баромади Оятулло Хоманаӣ, роҳбари мазҳабии Эронро чоп мекард ва он дар байни аъзоёни ТЭТ ҲНИТ хонда чун «паёми валии амри муслимин» таблиғ мешуд. Дар як калима, матбуот ва сайти ҳизбии ТЭТ ҲНИТ ба минбари таблиғ кардани ақидаҳои мазҳаби шиъа табдил ёфта буданд.

Махсусан, дар солҳои 2000-ум то имрӯз дар байни аъзоёни қатории ҲНИТ ҳам гароиш ба мазҳаби шиъа бисёр пурзўр шуда буд. Мисол меорем, ки дар шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла дар қишлоқи Кул, дар шаҳри Истаравшан, аз ҷумла маҳаллаи Хоҷаи Пир, дар ноҳияи Мастчоҳ, аз ҷумла дар участкаи 2, дар шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла дар микрорайонҳои нав (34,35,18) даҳҳо оилаи наҳзатиҳо ба таври оилавӣ аз мазҳаби ҳанафӣ баромада, мазаби шиъаро қабул карданд. Ҳамсояҳои онҳо инро пурра мебинанд ва медонанд. Масалан, дар шаҳри Истаравшан оилаи Саидюнус Истаравшанӣ, ки яке аз тоҷикони шиъашудаи калонтарин аст, бо ҳамаи бародарҳо, хоҳарон, фарзандон, хешу таборҳо мазҳаби шиъаро кабул карда, мувофиқи он намоз мехонанд.

Дигар аломат, ки пурра ба мазҳаби шиъа гузаштани роҳбарияти ҲНИТ-ро нишон медиҳад, бо тамоми олимони динии ҳанафимазҳаби Тоҷикистон ихтилоф ва муносибати бад доштани онҳо аст. Онҳо олимони исломии тоҷик мисли Домулло Ҳикматулло, Домулло Маъруф, Домулло Ҳусейнҷон Мӯсозода, Эшони Сайидҷони Сорбонхоҷа ва дигаронро бисёр бад дида, дар ҳаққи ин бузургони динии мазҳаби ҳанафӣ дар Тоҷикистон гапҳои қабеҳ ва носазо мегӯянд.

Як аломати асосии пайравии мазҳаби шиъа, дар ангушти дуюми дасти чап андохтани ангуштарин бо нигини сангии калон аст. Одатан нигинаш аз санги сиёҳ ва тираранг бошад. Агар суратҳо ва наворҳои аксари роҳбарони ТЭТ ҲНИТ-ро бинед, онҳо ин рамзи шиъаро риоят мекунанд. Дар ангушти Эшони Қиёмиддин, Шамсиддин Саидов, Саъдиддини Рустам, Саидиброҳим Назар, Зубайдуллои Розиқ ҳатто дуто ё сетои ин хел ангуштаринҳои нигиндор мебинед. Ногуфта намонад, ки яке аз «ҳикматҳо»-и ин ангуштар дар мазҳаби шиъа ин аст, ки агар онро чаппа тоб диҳӣ, яъне нигини он аз тарафи даруни даст ояд, ба шиъаён дурўғ гуфтан иҷозат аст. Ин як эътиқоди қадимии мазҳаби шиъа аст, ки дар китобҳояшон омадааст. Борҳо шоҳид будам, ки роҳбарони шиъашудаи ТЭТ ҲНИТ ҳам ин қоидаи мазҳаби шиъаро бисёр истифода мекунанд. Бо фатвои оятуллоҳои мазҳабӣ нигини ангуштарашонро дарун тоб метиянду дурӯғ гуфтан мегиранд. Ба касе, ки бошад, ба падар, модар, зан, фарзанд, халқ, Ватан, миллат дурўғ гуфтан мегиранд. Қоидаи ин мазҳаб ҳамин аст. Онро худашон «тақия» меноманд.

Ҳамаи ин ҳақиқатҳо нишон медиҳанд, ки роҳбарони ТЭТ ҲНИТ мазҳаби шиъаро қабул карда, аз доираи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат берун шудаанд. Онҳо махсусан мазҳаби халқи Тоҷикистон, яъне мазҳаби ҳанафӣ ва таълимоти Имоми Аъзамро рад карда, таълимоти мазҳаби шиъаро қабул кардаанд ва онро амалӣ мекунанд. Номҳои оилавияшон, гапҳояшон ва шиорҳояшон, амалҳояшон, ҷойи хонданашон, ҷойҳои паноҳгоҳҳояшон, ҷойи зиндагияшон, ҳамааш нишон медиҳад, ки онҳо аз мазҳаби аҷдодии халқи тоҷик рӯирост даст кашида, ба мазҳаби бегона дохил шудаанд.

Ҳамин хел аст, ки ТЭТ ҲНИТ дар Тоҷикистон ва дар миёни халқи тоҷик, ки пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошанд, дигар ягон хел эътибор ва эҳтиром надорад. Онҳо ҷойгоҳи худашонро дар байни халқи мусулмони Тоҷикистон, ки пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошад, пурра аз даст додаанд. Зеро ки халқи тоҷик ҳаргиз мазҳабфурӯшонро намебахшад. Ҳар тоҷике, ки имоми мазҳаби худаш - Абу Ҳанифа ва мазҳаби ҳанафии худашро дўст медорад, ин наҳзатиҳои мазҳабфурӯшро маҳкум мекунад.

Пас, дар интернетҳо даъвои Ватану миллату мазҳаб кардани роҳбарони беҳаёи ТЭТ ҲНИТ як дурӯягии маҳз ва фиребгарии ошкори онҳост. Зеро онҳо кайҳо боз Ватану миллат ва мазҳаби ҳанафии худро барои пулу сарвату қудрат шуда фурӯхтанд. Пас, маълум аст, ки мазҳабфурӯшони наҳзатӣ дигар ҳаргиз ҳақ надоранд, ки аз номи миллати тоҷик ва халқи Тоҷикистон гап зананд. Халқи Тоҷикистон аз ватанфурӯшону мазҳабфурӯшон безор аст!

Муҳаммадиқболи Бохтарӣ,
хатмкардаи Донишкадаи исломии
Тоҷикистон, аъзои ҲНИТ то соли 2013


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

СҲШ: «ҲНИТ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд»

СҲШ: «ҲНИТ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд»

Хабарҳо, Сиёсат, Ҳуқуқу амният
Р. Азизӣ: ««Ҳидоятҳо»-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии ифротгароӣ дар сафҳои п ...

Р. Азизӣ: ««Ҳидоятҳо»-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии ифротгароӣ дар сафҳои п ...

Сиёсат, Хабарҳо
Истиқболи ҲНИТ аз куштор

Истиқболи ҲНИТ аз куштор

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд фаъолияташро қатъ кард

ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд фаъолияташро қатъ кард

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дар оянда кӣ шуданӣ ҳастӣ?

Дар оянда кӣ шуданӣ ҳастӣ?

Сиёсат, Номаҳои Шумо