Дар як сатр
» » Сифати таълим беҳбудӣ мехоҳад

Сифати таълим беҳбудӣ мехоҳад

14-12-2018, 23:31

Бо сабаби пурра ва дуруст ба роҳ намондани таҳсилоти равиявӣ тӯли 5 сол аст, ки хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар самти пешниҳоди аттестати аълои универсиалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ба дастовардҳои назаррас ноил намегарданд.

Ин нукта зимни ҷаласаи Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гуфта шуд. Ҷаласаро Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, раиси Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дас-туру супоришҳо дод.

Сипас, аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома оид ба фаъолияти шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба ташкили назорати давлатии сифати таҳсилот, аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ Аслиддин Усмонов, роҳбари ин ниҳод, суханронӣ намуда, таъкид дошт: "Ҳарчанд дар назди Раёсат ва шуъбаҳои маориф бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф таъсис дода шуда бошанд ҳам, онҳо ҳамчун бахш фаъолият надоранд. Ин ҳолат бештар дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Левакант, Восеъ, Фархор, Темурмалик, Ховалинг, Ш. Шоҳин, Вахш, Кӯшониён, Ҷайҳун, Панҷ, Хуросон, Ёвон ва Носири Хусрав ба назар мерасад”.

Тибқи иттилои Аслиддин Усмонов аз тарафи шуъбаи вилоятӣ ва кормандони Хадамоти назорат дар соҳаи маориф дар назди Раёсат, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо аз соли 2018 то 10 моҳи соли 2018-ум 4189 муассисаи таҳсилоти умумӣ аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуд. Аз ин шумора 3387 таълимгоҳ аз аттестатсия гузашта, 792 муассисаи таълимӣ шартан ва 10 муассисаи таълимӣ аз аттестатсия нагузаштааст.

Дар самти аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, асосӣ ва миёнаи умумӣ Аслиддин Усмонов гуфт, ки аз соли 2008 то 10 моҳи соли 2018-ум 1330 таълимгоҳ аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида шудааст. Дар натиҷа 1329 муассисаи таълимӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот муайян карда шуд, соҳиби шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ гардиданд.

Дар идомаи ҷаласа Диловаршоҳ Исозода, сардори Раёсати маорифи вилоят, аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома оид ба ҷараёни иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 20 декабри соли 2016, №261 "Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барономаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” маърӯза намуда, иброз дошт, ки соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пояи муҳимтарин давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувории давлат, таъмини амнияти миллӣ ва шарти асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Сардори Раёсати маорифи вилоят дар идомаи гузориши худ зикр намуд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон дар соли 2017-2018-ум 88 нафар омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ намерасид. Ин норасоӣ бештар аз фанҳои забони англисӣ (21 нафар), физика ва астраномия (13 нафар), математика ва алгебра (24 нафар), забони русӣ (10 нафар), химия (10 нафар), технологияи информатсионӣ (2 нафар), биология (1 нафар), забон ва адабиёти тоҷик (1 нафар), синфҳои ибтидоӣ (5 нафар) ва география (1 нафар) мебошад. Аз ин шумора дар шаҳру ноҳияҳои Фархор 8 нафар, Ш. Шоҳин 4 нафар, Темурмалик 6 нафар, Муъминобод 3 нафар, Балҷувон 9 нафар, Вахш 4 нафар, Бохтар 2 нафар, Ҷалолиддини Балхӣ 1 нафар, Ҷайҳун 10 нафар, Панҷ 2 нафар, Қубодиён 3 нафар, Шаҳритӯс 8 нафар, Хуросон 8 нафар, А. Ҷомӣ 9 нафар, Ёвон 7 нафар ва Норак 4 нафар нарасидании кадрҳо дида мешавад.

Ба қавли манбаъ, дар соли 2018 дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии вилоят бояд 3907 адад компютер, 238 адад проектор ва 186 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда мешуд. Аммо, ба ҳолати моҳи декабри соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят 822 адад компютер (21%), 49 адад принтер, 37 адад проектор ва 28 тахтаи электронӣ (15%0 харидорӣ карда шудааст.

- Бо вуҷуди ҷой доштани мушкилот сатҳи сифати таҳсилоти хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят сол аз сол беҳтар гардида, теъдоди хонандагони болаёқат дар таълимгоҳҳои мазкур зиёд шуда истодааст. Соли 2017 дар Олимпиадаҳои ҷумҳуриявии анъанавӣ, даставӣ, фосилавӣ ва номии фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ соҳиби 106 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд, - таъкид намуд И. Диловаршоҳ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2018-ум дар ҳаракати олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ толибилмон ба гирифтани 183 ҷой (36 медали тилло, 58 медали нуқра ва 89 медали биринҷӣ) ноил гардидаанд, ки нисбати соли гузашта 77 медал зиёд аст.

Фаромӯз БОБОЕВ,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Хонандагони 43 муассиса аз ноилоҷӣ дар се баст таҳсил мекунанд

Хонандагони 43 муассиса аз ноилоҷӣ дар се баст таҳсил мекунанд

Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Сифати таълимро баланд бардорем

Сифати таълимро баланд бардорем

Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
қариб 47%-и хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии вилоят донишҷӯ шуданд

қариб 47%-и хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии вилоят донишҷӯ шуданд

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дар 10 сол ҳамагӣ 1933 омӯзгори ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудааст

Дар 10 сол ҳамагӣ 1933 омӯзгори ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудааст

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

Хабарҳо, Маориф ва илм