Дар як сатр
» » Нахустнамоиши филми ҳунарии «Саҳв» дар Бохтар

Нахустнамоиши филми ҳунарии «Саҳв» дар Бохтар

14-12-2018, 23:18

Дар «Кохи Лоҳутӣ»-и шаҳри Бохтар нахустнамоиши филми нави бадеии «Саҳв» барпо гардид, ки дар ин маросим раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иштирок намуд.

Филми «Саҳв» нахустин асари истеҳсолнамудаи муассисаи давлатии вилоятии «Хатлонсинамо» пас аз таъсисаш ба ҳисоб меравад.

Филми мазкур, ки 65 дақиқа давом мекунад, муҳтавои тарбиявӣ дошта, инъикосгари масъалаҳои оилавӣ, мушкилот дар муносибат миёни арӯси хонавода бо модаршӯяш ва саҳву хатое мебошад, ки аз ҷониби ҷавонон дар ҷараёни рӯзгордорӣ сар мезананд.

«Саҳв» сеюмин филми коргардони ҷавон Зафари Валӣ («Асрори тақдир», «Хаёлӣ») мебошад. Қобили зикр аст, ки филми «Хаёлӣ» дар 8-умин кинофестивали байналмилалии «Дидор» 16 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе соҳиби ҷоизаи аввал гардид.

Муаллифи сенария Саиднуриддини Исмоил ва продюссери филм Раҳматулло Шоев аст. Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷи-кистон Ортиқ Қодир, Зулхумори Иброҳим, Меҳриннисо Ҳо-ҷибоева, Назирмад Мӯсоев ва ҳунарпешаҳои ҷавон Мафтуна Азизова ва Раҷабалӣ Одинаев нақшҳои асосиро дар филм офаридаанд.

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода пас аз намоиши филм зикр намуд, ки бо мақсади идома бахшидан ба анъанаҳои неки синамои миллӣ синамогарони тоҷик дар даврони истиқлолият тавонистанд масъалаҳои мубрами рӯз ва набзи ҷомеаро дар як силсила филмҳои худ инъикос намоянд.

- Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ғамхорӣ нисбат ба рушди кинои тоҷик яке аз роҳҳои муҳимми тарғиби фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои давлати соҳибихтиёри мо, омили эҳё намудани таъриху маданияти қадимаи халқи тоҷик ва инъикоси масири пешрафти рушди он ба ҳисоб меравад, - афзуд раиси вилоят. – Аҳли эҷоди «Хатлонсинамо» бояд кӯшиш кунанд, ки ба мардум ҳарчи бештар тавассути филму наворҳои гуногунжанри миллӣ ғизои маънавӣ пешниҳод созанд. Бисёр муҳим аст, ки филмҳои дарбаргиранда ва ифодагари арзишҳои неку созандаи миллӣ наворбардорӣ шуда, дар онҳо таъриху фарҳанг ва пешрафту дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол инъикос гарданд ва ба ҳамин васила пеши роҳи бозори филмҳои таҳмилии дорои хислат ва мазмуни фаҳшу зӯроварӣ ва таблиғи арзишҳои барои мо бегона гирифта шавад.

Таъкид шуд, ки дар шароити имрӯза кинои тоҷик имкон дорад, ки дар баробари мусоидат ба эҳёи анъанаҳои миллӣ, густариши ойинҳои фарҳангӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, инчунин дар таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеаи кишвар саҳми пурарзиш гузорад. Барои амалӣ намудани чунин амали нек танҳо завқи баланд ва қобилияту истеъдоди эҷодӣ лозим аст.

Дар интиҳо раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба ҳайати дастандаркорони филми «Саҳв» ва ҳунармандон ифтихорномаву сипоснома ва ҳадяҳои таъсисшударо тақдим карда, ба онҳо комёбиҳои тозаи эҷодӣ таманно намуд.

Н. Маъмурзода,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«НИГИНИ ХАТЛОН: БОХТАР - АЗ БОСТОН ТО БӮСТОН»

«НИГИНИ ХАТЛОН: БОХТАР - АЗ БОСТОН ТО БӮСТОН»

Фарҳанг ва адабиёт
Синамои тоҷик: Аз филмҳои шуҳрати ҷаҳонӣ, то масхарабозию таҳқири забон

Синамои тоҷик: Аз филмҳои шуҳрати ҷаҳонӣ, то масхарабозию таҳқири забон

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Асрори тақдир» муаррифӣ гардид

«Асрори тақдир» муаррифӣ гардид

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Наворбардории филми «Асрори тақдир» дар Қӯрғонтеппа

Наворбардории филми «Асрори тақдир» дар Қӯрғонтеппа

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Президенти кишвар: Кинои тоҷикро бояд рушд дод

Президенти кишвар: Кинои тоҷикро бояд рушд дод

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА