Дар як сатр
» » ЧАКАНИ ТОҶИК ПАРВОЗИ ҶАҲОНӢ ДОРАД

ЧАКАНИ ТОҶИК ПАРВОЗИ ҶАҲОНӢ ДОРАД

17-12-2018, 23:12

Гузориш аз Фестивал-озмуни вилоятии «Сад ранги чакан»

ЧАКАНИ ТОҶИК ПАРВОЗИ ҶАҲОНӢ ДОРАД

Боиси хушнудии мардуми сарбаланди ватани азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки чакан ҳамчун мероси моддиву маънавии халқи тоҷик ба феҳрести умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид. Санъати чакандӯзӣ, ки навъе аз тарзи дӯхтани гулҳо, нақшу нигор, тасвирҳои рамзнок бо риштаҳои ранга дар матои пахтагӣ ва абрешимӣ ба шумор меравад, ҳазорсолаҳо қабл аз насл ба насл то ба имрӯз тавассути ҳунармандони чирадаст ба мо мерос мондааст.

Хушбахтона, бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти 13-уми ЮНЕСКО, ки дар Ҷумҳурии Маврикий доир гардид, гулдӯзии миллии тоҷикон- "чакан” ба феҳрести мероси ғайримоддии фарҳангӣ ворид гардид. 29 ноябр Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО-Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи солонааш, дар Маврикий чакан як навъи гулдӯзии маъмул дар ҷануби Тоҷикистонро ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард. Дар сомонаи ЮНЕСКО гуфта мешавад, ки чакан як навъ гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ буда, бештар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст.

Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар ин ҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим либоси чакан ба тан мекунанд”.  Ҳамин тавр, ЮНЕСКО зикр мекунад, ки санъати чакан аз насл ба насл тавассути устоду  шогирд ба мо мерос мондааст. Дар воқеъ, чакан бо рамзҳои мифологии хеш, ки ниёгони мо нақшдӯзӣ менамуданд, дунёи рангину зебо, рӯзгори ободу осуда, пур аз меҳру муҳаббат ва муҳим аз ҳама, рамзи офтоби тобонро, ки ҳаётбахши мавҷудоту наботот ба шумор меравад, дар олам машҳур гардидааст.

Нахуст ниёгони мо дар нақшҳои чакан бештар тасвирҳои олами вуҳуш ва инсонҳоро наққошӣ менамуданд, бо гузашти солҳо ва асрҳо минбаъд дар чакан бештар нақши гулҳо, офтоб, ситораҳо ҷо гирифтанд. Дар ҳақиқат, хуршед бахшандаи нуру зиё, бештар дар чакани аҷдодони мо мавқеи хосаро ишғол кардааст. Зебоиҳо ва гулрезиҳои нотакрори чаканро бори дигар дар Фестивал-озмуни вилоятӣ таҳти унвони "Сад ранги чакан” дарк намудем.

Чорабинии мазкур бо иқдоми Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар доир гардид. Тибқи Низомнома даври аввали фестивал-озмуни вилоятии "Сад ранги чакан” дар шаҳру навоҳӣ доир гардида буд. Дар даври дуюми ин чорабинӣ ҳунармандони асил аз 25 шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзида, ҳунари волои хешро ба маърази тамошо гузоштанд. Саҳни театри вилоятӣ аз рангорангии чаканҳои бомаҳорат дӯхташуда баҳористонро мемонд. Модарону бонувон  тамоми нақшҳои чаканро, шурӯъ аз курта, чодар, сӯзанӣ, болишт, тоқӣ, гаҳворапӯш, парда, сачоқ, чойхалта, рӯймол, кӯрпача  пешниҳоди меҳмонону ҳаводорон намуда буданд.

Раиси вилоят, узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, намояндагони Бонки Рушди ҷаҳонӣ ва дигар меҳмонон аз намоиши Фестивал-озмуни вилоятии "Сад ранги чакан” дидан намуда, ба дастони гулрезу сеҳрноки чакандӯзон аҳсан хонданд. Дар ҳақиқат, ҳар як нақши дар болои матоъ дӯхташуда  номи хосаи худро дорад, аз ҷумла косагул, гули анор, барги бед, бодомак, лола, райҳон, тоҷи хурӯс, булбул, думи товус, моҳу ситора, офтоб, абр ва монанди инҳо.

 Солҳои пешин модарон ва бонувон риштаро аз калобаҳои пахтагин ва ё абрешимин тайёр карда, бо гиёҳу дигар моддаҳои кимиёвӣ ранг мекарданд. Айни замон, чакандӯзон маҳсулоти хомро аз риштаҳои тайёри корхонаҳо истифода мебаранд. Санъати чакандӯзӣ хоси минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шумор меравад. Дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Муъминобод, Ш. Шоҳин, Ховалинг, Фархору Данғара санъати чакандӯзӣ васеъ паҳн гардидааст. Тавре ки раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ дар фестивали мазкур изҳор дошт, бо иқдоми неки Роҳбари давлат,  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 бори дигар баҳри рушди ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла чакан заминаи устувор боқӣ гузошт.

Чакандӯзони шинохта  Мавлуда Сафарова, Басбӣ Валиева, Бибинисо Шаҳдуллоева, Собирамоҳ Ҷалилова, Дунёбегим Ҷомадова, Мавлуда Ҳаётова, Қирғизмоҳ Самадова, Моҳшариф Шарифова, Мастура Сафарова, Ҷамолбӣ Қаюмова, Ҳусния Шоинова, Гулҷаҳон Мадудова, Давлатмоҳ Мирзомуродова, Сайлон Мирзоаҳмадова, Муслима Ҷамилова, Чинигул Тамнисова, Интизор Ҳафизова, Саидбегим Исломова аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Фархор, Бохтар, Левакант, Ёвон, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Ҳамадонӣ, Данғара, Панҷ, Кӯшониён, Вахш, Хуросон, Балҷувон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Носири Хусрав  тавонистанд ҳунари волои хешро дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ ва хориҷ аз кишвар муаррифӣ намоянд. Зеро имрӯз чакани тоҷик  парвози ҷаҳонӣ дорад. Тавре ки дар ҷамъомад таъкид рафт,  даҳҳо корхонаҳои чакандӯзӣ дар шаҳру навоҳӣ таъсис ёфтаанд, ки беҳтарин ҳунармандони асили чакандӯзро ба ҳам овардаанд. Чакан худ рамзи дӯстӣ, ҳамдилӣ, зебоӣ, меҳру муҳаббат ва покист. Зеро одатан бонувони тоҷик дастаҷамъона ба дӯхтани чакану гулдӯзиҳо шурӯъ менамоянд, ки ин меҳру муҳаббат, ваҳдат, шафқатро афзун мегардонад.

Аз қадим дар рӯзҳои хурсандӣ, иду сурур, тӯй, Наврӯз ва дигар ҷашнҳо бонувону модарон куртаҳои чакан ба бар менамуданд. Ягон нафар духтарро бе куртаи чакан ва сачоқ, чойхалта, сӯзаниву сардевориҳо ба хонаи домод гусел намекарданд. Ҷавонон низ дар тӯйи хонадоршавиашон ба сар тоқии чакан ва дар миёнашон миёнбанди гулдӯзӣ мебастанд, ки ин ба ҳусни гуларӯсону ҷавонон ҳусн нав зам менамуд. Дар ҳақиқат, модарон дар нақшҳои офаридаашон орзуҳои қалбу хушӣ ва саодати  рӯзгори фарзандонро гулдӯзӣ менамуданд. Дар Фестивал-озмуни вилоятии "Сад ранги чакан” бори дигар иштирокдорон бо олами рангину афсонавии чакан ошно гардиданд. Иштирокдорони чорабинӣ, атфол ва гулдухтарони чаканпӯш маҳсули заҳмати бонувони чакандӯзро бори дигар ба намоиш гузоштанд. Ҳар як чакан аз дигараш ба кулли фарқ мекард. Дар ҳар як чакан рамзҳои гуногуни ҳаёт инъикос гардида буд.

Санъаткорони вилоят дар баробари намоишҳо бо сару либоси бомаҳорати хоса омода шуда, ҳамчунин бо шеъру сурудҳои халқӣ, аз ҷумла фалак хотири иштирок-доронро шод намуданд. Лаҳзае саҳна аз нақшу нигори модарони ҳунарманд гулрез гардида, чаманистонро мемонд. Садранги чакан ба дидаҳо ҳазорҳо рангу ҷилоро ҳадя намуд. Қалбҳоро моломоли суруру шодӣ, шукргузорӣ аз ваҳдату оромӣ, рӯзгори осуда намуд.

ВАХШОНА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Чакан ҳамчун ганҷинаи бебаҳои миллат муаррифӣ гардид

Чакан ҳамчун ганҷинаи бебаҳои миллат муаррифӣ гардид

Фарҳанг ва адабиёт
Юнеско. Чакан ба феҳрести мероси ғайримоддии фарҳангӣ ворид шуд

Юнеско. Чакан ба феҳрести мероси ғайримоддии фарҳангӣ ворид шуд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

«Сад ранги чакан» дар Муъминобод

Хабарҳо
Чакан - куртаи наврӯзӣ

Чакан - куртаи наврӯзӣ

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Шоҳҷоизаи «маликаи наврӯз»-ро  зебосанами  кӯлоб  соҳиб шуд

Шоҳҷоизаи «маликаи наврӯз»-ро зебосанами кӯлоб соҳиб шуд

Ҷавонон ва варзиш