Дар як сатр
» » Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

20-09-2017, 12:51

Бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонБинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Рӯзи 28 сентябри соли 2017, соати 9:00 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум бо масъалаҳои зерин баргузор мегардад:

1. Ахбороти Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Қӯрғонтеппа №3, Сарбанд №11, Носири Хусрав №13, Шаҳритуз №67 ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум.

2. Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007, №272 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

3. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 2 ноябри соли 2012, №263 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №450 «Дар бораи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

4. Ҳисоботи сардори раёсати андози вилоят оид ба иҷрои талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Масъалаҳои ҷорӣ.

Шуъбаи ташкилии дастгоҳи
раиси вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

31 март иҷлосияи навбатии вакилони халқи вилоят барпо мешавад

31 март иҷлосияи навбатии вакилони халқи вилоят барпо мешавад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Гиромидошти забони тоҷикӣ дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри  ...

Гиромидошти забони тоҷикӣ дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри ...

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ваколати вакилии 4 узви Маҷлиси вакилони Хатлон пеш аз муҳлат қатъ мешавад

Ваколати вакилии 4 узви Маҷлиси вакилони Хатлон пеш аз муҳлат қатъ мешавад

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Сиёсат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА