Дар як сатр
» » Изҳороти Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»

Изҳороти Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»

18-09-2017, 12:40

Изҳороти Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»

Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» матлаби дар торнамои Кимиёи саодат нашршударо, ки таҳти унвони ««Авангард» ва «Созандагони Ватан» харобкор ва сӯзанда ҳастанд, на созанда» аз суханронии Холиди Муҳаммадсаъид, фаъоли сиёсӣ ном шахс таҳия гаштааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Бароямон ғайри қобили қабул аст, ки чунин суханони бесаводона, берун аз мантиқу фаҳмиши сиёсӣ, пур аз ғарази гуруҳиву шахсӣ ва ба ифроту хусумат олуда дар нишасти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, яъне яке аз бонуфузтарин ниҳодҳои байналмилалии вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон садо медиҳанду, масъулони ин ниҳод ба ҷои монеъ шудан ба поймолсозии волотарин ҳуқуқҳои фитрии инсон, амсоли ҳуқуқ ба ҳаёт, шаъну шараф ва ғайра, ки имрӯзҳо дар бархе кишварҳои дунё ба таври бесобиқа ба мушоҳида мерасанд, мешунаванд ва мавриди баррасӣ ва баъзан дастгирӣ қарор медиҳанд.

Созмонҳои аз тарафи Холид номбурда, яъне «Авангард» ва «Созандагони Ватан» узви фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва ҳамин танҳо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» зиёда аз 250 000 аъзои расмӣ дораду ҳазорон ҳазори дигар ҷавонони пайраву ҷонибдор, дар муқоиса аз чанд ҷавони авбошбашараи хиёнаткор ба миллату давлатдории миллӣ, ки аврупои бузург барояшон ҳаққи эътирозу гирдиҳамоӣ додааст, чаро натавонанд ба хотири ҳимоя аз манфиатҳои худу миллати худ даст ба тазоҳурот бизананд? Аз куҷост ин бардошти худписандона дар узви ҳизби террористию экстремистии наҳзати исломӣ, ки ӯ ҳақ доштаасту касони дигар не?

Ин ки аъзои «Созандагони Ватан» дар назди хонаҳои мухолифин даст ба тазоҳурот мезананд, аз тазоҳуроте, ки ин террористону экстремистон ва хоинбачаҳо дар доираи ҳуқуқи башар назди қароргоҳҳои муваққатии Роҳбари давлат дар бархе кишварҳои аврупо барпо мекунанд, чи фарқият дорад? Ё фишоре, ки гуё болои сари хонаводаҳои онҳо анҷом ёфтааст, аз фишоре, ки болои миллати тоҷик ва давлату Ҳукумати он аз кишварҳои аврупоӣ ин хоинони миллат зимни ҷаласаи имсолаи САҲА дархост карданд, магар сангинтар аст?

Хешу ақрабои ин хоинони миллат, ки чандин солҳо аз ҳисоби хуну ҷони ҳазорон қурбониёни ҷанги солҳои навадум маишати оилавиву авлодӣ доштанд ва ҳангоме, ки маҳз бо айби ин хоинон мардуми тоҷик вазнинтарин рӯзҳоро сипари мекарду Кабириву дигар хоинони миллат дар Аврупову Эрон хонаву кушк ва зиндагии пурсаодату пурмаишат доштанд, аз 8 миллион фарзандони ин миллат болотару волотаранд? Чи касоне ҳастанд хешу ақрабои ин хоинони миллат, ки миллионҳо миллион пули хоҷагони хориҷиашонро аз ҳисоби хиёнат ба миллати худ якҷо хӯрданду боз ин миллат бояд онҳоро болои даст кунад?! Дар ҳоле, ки ин гуруҳчаҳои хиёнаткор барои давлатдории миллии 8 миллион сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки зиёда аз 5 миллиони онро ҷавонон ташкил медиҳанд, хатар эҷод мекунанд, мехоҳанд обрӯи давлати миллии онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ба хотири манфиатҳои худу хоҷагони хориҷиашон резонанд, чи кор бояд кунанд!?

Албатта ин суолҳое ҳастанд, ки бояд Кабириву кабирибаринҳо ва Холиду холидбаринҳо посух гӯянд.

Чаро Холид чунин мантиқу хулоса кардааст, ки ҳамин як амали бо ҳам монанд, яъне тазоҳурот дар аврупо ҳуқуқи инсон будаасту дар Тоҷикистони демократӣ падидаи манфию харобкорию сӯзандагӣ? Магар мантиқи даъвои касоне, ки аз демократия ҳарф мезананду мехоҳанд ба мо демократияро омӯзонанд, ҳамин аст? Бале, воқеият ин аст, ки демократияи фаҳмонидаи Кабирӣ ва хоҷагони хориҷиаш ба холидбаринҳо чунин аст: демократияи хиёнат, демократияи ҷаҳолат ва демократияи разолат! Барои ин хоинон демократияи мефаҳмидаи худашон василаи расидан ба ғаризаҳои шахсию гурӯҳияшон аст, на ҳокимияти халқ!

Дар мавриди ин, ки ҷаноби Холид ҷузъе аз ҷомеаи шаҳрвандӣ будани «Созандагони Ватан»-ро инкор мекунад, намедонем кӣ ба чи ҳаққе чунин хулоса кардааст. Ё шояд ҷомеаи шаҳрвандӣ аз нигоҳи ин мухолифони бо ном «сиёсӣ» ниҳоди сирф дар муқобили давлат қароргирифта фаҳмида шавад?! Магар созмони ҷамъиятие, ки зиёда аз 250 000 аъзо ва ҳазорон ҷонибдори дигар дошта, дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон саҳми муносиб мегузорад, аз ватану миллат, сулҳу осоиш, пешрафту шукуфоӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мегӯяд, оё метавонад ҷузъи ҷомеаи шаҳрвандӣ набошаду, ниҳодҳои нафақат ба расмият шинохтанашуда, балки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ террористию экстремистӣ эътирофшуда, амсоли ТЭТ ҲНИТ ва гурӯҳаки ҳамагӣ 24 ҷузъи ҷомеаи шаҳрвандӣ бошанд!? Албатта, ки на! Аммо мантиқи бемантиқи Холиду холидбаринҳо чунин аст.

Дар воқеъ, бо чи ҳаққе Холид аз номи ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА баромад мекунаду, фаъолтарин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишварро ба риштаи танқид мекашад, бароямон муаммост. Аминем, ки дар кутоҳтарин фурсат ҷомеаи огоҳи шаҳрвандии кишвар ин суолро ба Холид хоҳад дод, ки кӣ ва ё чи касе ба ӯ ҳаққи аз номи ҷомеаи шаҳрвандӣ сухан карданро додааст?

Чизи дигари тааҷубовар аз суханронии Холид бароямон ин аст, ки тазоҳуроту дархости бозпаси Кабириву дигар террористонро аз ҷониби созмонҳои «Авангард» ва «Созандагони Ватан» назди намояндагиҳои САҲА равиши террористӣ ва экстремистӣ унвон кардааст. Агар ин амалҳо равишҳои хусусияти террористию экстремистидошта бошанд, пас шумо Холид бароямон бори дигар эътироф намудед, ки бо ин ҳама тазоҳуроту дархосте, ки дар Аврупо оиди озод кардани хоинони миллат таҳти пӯшиши «Қурбониҳои сиёсӣ»-атон мекунед, амалҳои комилан террористию экстремистианд. Ё боз аз мантиқи пучатон кор гирифта, гуфтаниед, ки ин амали Шумо ҳуқуқи сиёсиатон ҳасту аз мо, аъзои «Созандагони Ватан» амали ғайриқонунӣ?

Дар охир иброз менамоем, ки суханро нуқтаи авҷаш (кулминатсияаш) муқаррар мекунад, ки аз забони чи касе садо додааст. Ҳарчанд ин сафсатаҳои шуморо қобили таваҷҷуҳ надонистем ва хостем тибқи масали машҳури «Ҷавоби аблаҳон сукут» рафтор намоем, аммо иззати нафси боз ҳам зиёда аз 250 000 нафар ҷавоне, ки аъзои созмони ҷавононамон «Созандагони Ватан» ҳастанд, нагузошт хомӯш бошем.

Аз ин рӯ, аз анҷоми сухани Холид метавон ҳаминро хулоса кард, ки ӯву ӯбаринҳо танҳо қодир ба пасоҳанг кардани «Пешоҳанг», сӯзандаи ватан кардани «Созандагони Ватан» ҳастанду халос. Ин аст қудрати Шумо дар муқобили мо ҷавонони «Созандагони Ватан». Аммо тибқи қоидаи маъмули мубориза (ҳарчанд лоиқи мубориза нестед) бо усули худатон ҳаминро гуфтанием, ки шумо «Фаъолони сиёсӣ» нестед, балки «Ғайрисиёсиҳои фаъол»-ед, ки рафтори шумо дар сиёсат масали «Хирман куфтани буз»- ро мемонад, шумо «Лухтакони сиёсӣ»-ед монанди бозичаҳои театр ба ҳаракат дароварда мешавед, шумо «Хоинони сиёсӣ»-ед, ки барои ёфтани шароити арзанда даст ба таҳқири миллат задаед, шумо «Беномусони сиёсӣ»-ед, ки аминем барои дарёфти шароити боз ҳам арзандатар дар кишварҳои аврупоӣ аксаратон худро ақаллиятҳои ҷинсӣ унвон кардаеду танҳо мехоҳед ин амали нангинатонро зери ҷомаи «фаъоли сиёсӣ» пӯшонед, шумо «Ҷоҳилони сиёсӣ»-ед, ки бо нотавонбинии худ оромиву сулҳу суботро дар кишвар дида наметавонед, шумо «Хоинони миллат» ҳастед, ки омодаед барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худу хоҷагони сиёсиатон миллатро қурбон кунед. Миллат ҳеҷ вақт Шуморо нахоҳад бахшид.

Дар охир изҳор мекунем, ки Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» чунин суханони бепояву бесаводона ва ғаразноки чунин фаъолони бо ном «сиёсӣ»-ро қатъиян маҳкум намуда, бо қатъият ҳушдор медиҳад, ки такрори чунин рафтори бадхоҳонаву хиёнаткоронаро бе посух нахоҳад гузошт.

Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон
«Созандагони Ватан»,
шаҳри Душанбе,
14 сентябри соли 2017


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Зӯри беҳуда миён шиканад...

Зӯри беҳуда миён шиканад...

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо
«Созандагони ватан» ба  қалъаи Ҳисор ва Душанбешаҳр омаданд

«Созандагони ватан» ба қалъаи Ҳисор ва Душанбешаҳр омаданд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Хиёнати ҲНИТ алайҳи давлатдорӣ

Хиёнати ҲНИТ алайҳи давлатдорӣ

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо
Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
«Мо ҳомиёни ин Ватанем»

«Мо ҳомиёни ин Ватанем»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ