Дар як сатр
» » Иҷрои 20 лоиҳа бо харҷи 5,9 миллион сомонӣ

Иҷрои 20 лоиҳа бо харҷи 5,9 миллион сомонӣ

6-12-2018, 11:43

Дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020» то имрӯз дар ин ноҳия 20 лоиҳаи барнома ба маблағиумумии 5,9 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст.

Дар барномаи мазкур 103 лоиҳа ба маблағи қариб 109 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки аз он 40 лоиҳа ба бахши иқтисодӣ, 41 лоиҳа ба соҳаҳои иҷтимоӣ, 16 лоиҳа ба инфрасохтор, ду лоиҳа ба бахши ҳифзи муҳити зист ва чор лоиҳа ба таъминоти захиравӣ тааллуқ дорад. Аз ҷониби соҳибкорони ноҳия сохтмони биноҳои маркази савдою хизматрасонӣ, клиникаи хусусӣ, толори варзиш, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва гази моеъ ҷараён дорад. Мувофиқи барномаи ёдшуда, корҳои лоиҳавии сохтмони бинои маъмурии идораи стансияи мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвонот, соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ оғоз мешавад. Ҳамзамон, таъмири асосии роҳҳои автомобилгард ба масофаи 3,2 километр аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

185 миллион сомонӣ барои рушди Ҷайҳун

185 миллион сомонӣ барои рушди Ҷайҳун

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Татбиқи 217 лоиҳа дар Бохтар то соли 2020

Татбиқи 217 лоиҳа дар Бохтар то соли 2020

Хабарҳо
Барномаи нави рушд  - дар амал

Барномаи нави рушд - дар амал

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қабули Барномаи рушди ноҳияи Ҷомӣ барои то соли 2019

Қабули Барномаи рушди ноҳияи Ҷомӣ барои то соли 2019

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Иҷрои 262 лоиҳа дар доираи Барномаи рушд

Иҷрои 262 лоиҳа дар доираи Барномаи рушд

Хабарҳо