Дар як сатр
» » Қубодиён: гузаргоҳи «Фазо» ба истифода дода шуд

Қубодиён: гузаргоҳи «Фазо» ба истифода дода шуд

7-12-2018, 04:37

Дар ноҳияи Қубодиён гузаргоҳи сарҳадии «Фазо», воқеъ дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими кушодашавии гузаргоҳи сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, генерал-полковник, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кевин Коверт, кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул ширкат намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаргоҳи сарҳадии «Фазо» нуҳумин гузар-гоҳи сарҳадӣ буда, бо дастгирии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ сохта ба истифода дода шудааст. Бо дастгирӣ ва мусоидати ин ниҳод то имрӯз дар доираи консепсияи мустаҳкамгардонӣ ва барқарор кардани сарҳадоти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳои сарҳадии «Баҳорак», "Боғ”, "Сари ғор”, "Шоғун”, "Ёл”, "Яхчи Пун”, "Тахти сангин” ва «Тагноб» бунёд гардидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ба ҷуз корҳои сохтмонӣ дар гузаргоҳ, ҳамчунин дафтарҳои корӣ бо таҷҳизоти техникӣ ва дигар маводҳои лозимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамзамон, кормандони гузаргоҳи сарҳадии «Фазо» аз курсҳои махсуси бозомӯзӣ дар фаъолияти сарҳадбонӣ, назорати гардиши маводи мухаддир, убури ғайриқонунии сарҳад ва муайян намудани қочоқчиён гузаронида шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки ташаббуси Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ оид ба назорати пурраи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон бо дастгирии иқтисодии Шуъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии Департаменти давлатии ИМА амалӣ карда мешавад.

Ф. БОБОЕВ,

"Хатлон”




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шамсиддин Шоҳин: Пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир

Шамсиддин Шоҳин: Пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир

Хабарҳо, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён

Задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ

Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар Панҷи поён

Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар Панҷи поён

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА