Дар як сатр
» » Аз дандонпизишкӣ шуҳратёр гашт

Аз дандонпизишкӣ шуҳратёр гашт

7-12-2018, 04:33

Орифҷон Лоиқов хатмкардаи коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе буда, зиёда аз 45 сол мешавад, ки ба касби дандонпизишкӣ сару кор дорад. Орифҷон шахси донишманд буда, маҳорати хуби кордонӣ дорад. Имрӯзҳо ба дарди садҳо корафтодагон дармон мебахшад. Аз ин рӯ, дар миёни ҳамкасбон соҳибэҳтиром гардидааст.
Меҳру муҳаббати беандоза доштан нисбат ба касби дандонпизишкӣ Орифҷони ҷавонро соли 1976 ба дармонгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ овард. Ин марди наҷибу табиби кордон таҷрибаи бою ғанӣ андӯхта, дар Маркази саломатии ноҳия ба мактаби таҷрибаи пешқадам табдил ёфтааст. Шогирдонаш Салимҷон Масалиев, Тоҳир Соҳибов, Раҳимҷон Ғурбатовро ном бурдан мумкин аст, ки имрӯз соҳибкасб гашта, худро шогирди Орифҷон Лоиқов медонанд.
Орифҷон Лоиқов, иштирокчии фаъоли анҷуману симпозиум ва конфронсҳои илмӣ - амалии дандонпизишкони ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати тандурустӣ хизматҳои эшонро қадрдонӣ карда, ба ӯ унвони фахрии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дараҷаи олӣ, медалҳои "Барои меҳнати шуҷоатнок” ва "Ветерани меҳнат”-ро сазовор донистанд.
Шарифҷон РАҲИМЗОДА,
ноҳияи А. Ҷомӣ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи 6 иншооти тиббӣ дар ноҳияи Данғара

Ифтитоҳи 6 иншооти тиббӣ дар ноҳияи Данғара

Тандурустӣ ва экология

БУНЁДИ ДАРМОНГОҲИ НАВ ДАР ШАҲРИТУС

Хабарҳо
Беш аз 14 миллион сомонӣ барои  cохтмони муассисаҳои тиббӣ

Беш аз 14 миллион сомонӣ барои cохтмони муассисаҳои тиббӣ

Тандурустӣ ва экология
С. Маллазода: “саҳми соҳибкорон дар бунёди бунгоҳҳои тиббӣ намоён аст”

С. Маллазода: “саҳми соҳибкорон дар бунёди бунгоҳҳои тиббӣ намоён аст”

Тандурустӣ ва экология
Ҳабиби модарони Фархор

Ҳабиби модарони Фархор

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология, НАҶОТ САФАРЗОДА