Дар як сатр
» » Лейтенанти қочоқчӣ 10 сол зиндонӣ шуд

Лейтенанти қочоқчӣ 10 сол зиндонӣ шуд

7-12-2018, 04:28

Шириншоев Бой Раҳмоншоевич, сардори дидбонгоҳи "Меҳвар”-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, дар қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир аз Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳам дониста шуд.

Раисикунандаи парванда судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон Дилшод Ҳакимзода мегӯяд, ки Шириншоев бо маслиҳати тағояш Нағзибеков Худойназар Наврӯзшоевич ба ин роҳ рафтааст. Яъне рӯзе ба ҷиян занг зада, ӯро ба хонааш, воқеъ дар шаҳри Душанбе, даъват намудааст. Аз ҷиянаш Шириншоев Б. Р., бо мақсади ба даст овардани даромади муфт хоҳиши пайдо намудани маводи нашъадорро кардааст. Ӯ бошад, ба тағо фаҳмондааст, ки муддати ду моҳ мешавад, бо як сарҳадбони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо номи Аҳмадхон шиносоӣ пайдо намуда, бо ҳамдигар дар бораи вазъияти сарҳад ҳамсуҳбат мешудаанд. Ҳамин тариқ, тағо ва ҷиян бо маслиҳат созиши ҷинояткорона кардаанд.

Шириншоев Б.Р. баъдан дар асоси маслиҳати кардаашон, тавассути телефони мобилӣ ба Аҳмадхон занг зада, оид ба дастрас намудани маводи нашъадори навъи "ҳашиш” барои харидориаш маслиҳат намуд. Пас аз чор рӯз Аҳмадхон ба Шириншоев Б.Р. телефонӣ, оид ба пайдо намудани маводи нашъадори навъи "ҳашиш” хабар расонидааст. Баъдан Шириншоев Б.Р. аз Аҳмадхон маводи нашъадори дарёфтнамудаашро бо роҳи қочоқ, яъне бидуни назорати гумрукӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳудуди минтақаи "Меҳвар”-и ноҳияи Панҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидааст.

Шириншоев пас аз ғайриқонунӣ соҳиб шудани маводи мухаддир, ҳамчун шахси мансабдор аз ҳадди ваколатҳои хизматии худ баромада, мавзеи муҳофизаташ ҳатмиро тарк карда, 7 километр дур аз он ба деҳаи "Озодӣ”-и Ҷамоати деҳоти "Намуна”-и ноҳияи Панҷ рафта, маводи мазкурро ғайриқонунӣ ба тағояш Худоназар Нағзибеков додааст. Дилшод Ҳакимзода қайд кард, ки Шириншоев Б.Р. бар хилофи талаботи боби 15, бандҳои 2-3 Дастурамал «Оид ба муҳофизати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дидаю дониста амал намуда, ба хотири ба даст овардани даромади муфт чунин ҷиноятро содир намудааст.

Аз ӯ ба миқдори 4 кг 695 грамм маводи нашъадори навъи "ҳашиш” мусодира карда шуд.

Суди ҳарбии гарнизони Хатлон, ба Шириншоев Бой Раҳмоншоевич ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 10 сол ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муаяйн дар соҳаи хизмати ҳарбию давлатӣ ба муҳлати ду сол таъин кард.

Ҳасан АБДУРРАҲИМЗОДА,

"Хатлон”




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шамсиддин Шоҳин: Пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир

Шамсиддин Шоҳин: Пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир

Хабарҳо, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Боздошти марде бо 438 грамм ҳашиш

Боздошти марде бо 438 грамм ҳашиш

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Се парвандаи ҷиноятӣ ва мусодираи қариб 10 кг нашъа

Се парвандаи ҷиноятӣ ва мусодираи қариб 10 кг нашъа

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Фархор. Мусодираи 57 кг нашъа ва боздошти 3 шаҳрванди ҶИА

Фархор. Мусодираи 57 кг нашъа ва боздошти 3 шаҳрванди ҶИА

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти ду ҷавон бо гумони қочоқи маводи мухаддир

Боздошти ду ҷавон бо гумони қочоқи маводи мухаддир

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА