Дар як сатр
» » Тоҷикистон диёри афсонавӣ аст

Тоҷикистон диёри афсонавӣ аст

7-12-2018, 04:20

Ватани мо сарзамини кӯҳии сабзу хуррам, дорои дараву ёлаҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, чашмасорони мусаффо, дарёчаҳои шӯхи тезҷараён, қуллаҳои ба само саркашида, парандагони хушхон ва фазои беканори диёр ҳуснбахшанда мебошад. Манзараҳои фараҳбахшу нотакрори он ба ҳар бинанда як ҷаҳон шодию нишот бахшида, бо ин биҳиштосоӣ ва зебоӣ баҳри дили сайёҳонро кушода, дар қалби табиатдӯсти онҳо неруи бори дигар ба тамошои ин манзараҳои рӯҳпарвару дилпазир омаданро бедор менамояд. Аҷаб диёри афсонавӣ, биҳиштосо ва рӯҳпарвар аст Тоҷикистон.
Идораи ҷангали вилояти Хатлон барои рушди боғу токпарварӣ, ҷангали ҳосилдиҳанда имкониятҳои хуб дорад. Замини доманакӯҳҳо, заминҳои лалмиро барои рушди боғу токпарварӣ истифода бурда, аҳолии кишварро бештар бо мева, себу нок ва ғайра таъмин кардан имкон дорад. Азхудкунии ин заминҳо ба рушди боғу токпарварӣ дар кишвар мусоидат мекунад. Захираҳои замини боғдорӣ ва токпарварӣ дар ҳудуди кӯҳистони вилоят бештаранд. Истифодаи заминҳои наздикӯҳӣ ва ҳамвориҳои доманакӯҳҳо ба ин мақсад мувофиқ аст.
Асосан, дар кӯҳистон барои парвариши дарахтони чормағз, себу муруд ҳосили мусоид аст. Захираи заминҳои барои рушди боғу токпарварӣ ва хоҷагии ҷангали мевадиҳанда дар шароити ноҳияҳои наздикӯҳии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод, Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Данғара ва Ховалинг имкониятҳои васеъ дорад. Имсол дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, ки он ба вусъати ин соҳа имконият медиҳад. Табиати хушобу ҳаво, олами ҳайвонот, дарё, кӯлҳо, чашмаҳои шаффофи табобатӣ, олами растанӣ, мавзеъҳои хушманзар, табиати ҳамешабаҳор барои сайёҳон писанд омада, шумораи онҳо сол аз сол зиёдтар мешавад.
Идораи ҷангали вилоят дорои 570 ҳазор ҷангалзор буда, дар қатори гулу буттаҳо, дарахтони сояафкан, инчунин ниҳолҳои мевадиҳандаи себ, олу, муруд, дулона, писта, бодом, руста ба ҷангал ҳусни тоза мебахшад. Директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон Сафар Атавуллоев аз боби дастовардҳои кормандони соҳа самимона ҳикоят мекунад. Мисолҳо ва факту далелҳо шаҳодати рушди соҳа дар солҳои охир мебошад.
Бунёди ҷангалҳои нави мевадиҳанда
Бо қаноатмандӣ метавон ёдрас шуд, ки солҳои охир Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон баҳри иҷрои нақшаю супоришҳо ҷиҳати таъмини талаботи Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ ва супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон як қатор корҳои муҳиму ибратомӯзро хушсифат анҷом доданд. Вазифаи аввалиндараҷаи кормандони муассиса, пеш аз ҳама, бунёди ҷангалзорҳои нав, барқарорсозии ҷангалзорҳои пештара мебошад. Дар зарфи шаш моҳи соли равон дар ҳудуди ҳоҷагии ҷангали вилоят 220 гектар ҷангали мевадиҳанда бунёд карда шуд. Ҷангалбонони минтақаи Қӯрғонтеппа дар майдони 62,7 гектар ва ҳамкасбони онҳо дар минтақаи Кӯлоб дар майдони 157,5 гектар ҷангали нави мевадиҳанда бунёд карда, ба ҳусни кӯҳистон ҳусни нав илова карданд.
Боиси шодмонӣ ва сарфарозист, ки солҳои охир ҷангал аз ҳисоби ниҳолҳои мевадиҳандаи себ, муруд, гелос, бодом, писта, чормағз, дулона, санҷит ва ғайра бештар гашта, шумораи ҷангалҳои мевадиҳанда низ меафзояд.
Аз ҷангали бунёдгашта ба тариқи кишти умумӣ 87 гектар, бо усули шинондани ниҳолҳо 133,2 гектар ҷангали нав бунёд ёфт. Аз ҷумла майдони кишти писта 60 гектар, бодом 18 га, чормағз 20,2 га, саксаул 20 га, хуч 20 га, дулона 2кг, шулаш 1кг, санҷит 1,5кг, сӯзанбарг 0,47кг, акатсия 3,3 гектар ва дар маҷмӯъ ниҳолҳои мевадиҳанда 71 гектар ва инчунин ҷангалҳои омехта 2,74 гектар шинонда шудааст. Ба ибораи дигар бигӯем, 51992 бех ниҳол шинонда, 401 килограмм тухмиро ҷангалбонон кишт кардаанд.
Кормандони ҷангал вобаста ба шароити иқлими маҳал дар ҷангалзорҳои минтақаҳои гуногуни вилоят бунёди боғҳои нави мевадиҳандаро ба роҳ мондаанд. Боғҳои ҳосилдеҳи шафтолу, гелос, анор, олӯ, чормағз ва дигар дарахтони мевадиҳанда симои ҷангалзорро ранги дигар дода, онро басо зебою дилкаш ва тамошобоб намудааст. Сармуассисаи хоҷагии ҷангали вилоят 5,7 га, хоҷагии ҷангали Шаҳритӯс 3 га, Қубодиён 2, Н.Хусрав 3га, Муъминобод 20га, Даштиҷум 12га, Шурообод 4га, Сари Хосор 10,5 га, Балҷувон 14га ва Ховалинг 30 гектарро бо боғҳои нави мевадиҳанда бунёд карда, сол то сол истеҳсоли меваро зиёд карда истодаанд.
Сарихосор. Силсилашаршараҳои
афсонавӣ аҷаб дилкашанд
Оби мусаффои нуқрафом аз баландӣ якбора бошаст ба пастӣ рехта, мавҷи кафкҳои ширмонандаш ба чор тараф парешон шуда, ба маҷрои худ равон мешавад. Тамошои дарёчаи шӯх, қаторкӯҳҳои сердолу дарахти сабзгун, парвози селаи уқобон ва дигар парандагони кӯҳӣ, вазиши шамолаки форам ба кас як навъ ҳаловат мебахшад. Аҷаб тамошобобу фараҳфазост манзараҳои ҷангалбоғҳои кӯҳистони кишвар.
Имрӯзҳо оламиёнро ифлосшавии ҳавои атмосфера аз чангу бод, дудҳои ғализи корхонаҳои азими саноатӣ ба ташвиш овардааст. Зеро сол то сол ҳавои табиат ифлостар шуда, он ба саломатии инсон, олами ҳайвоноту наботот бетаъсир намемонад. Барои пешгирии табиат аз ифлосшавӣ тамоми давлатҳои сайёра ҷаҳду талош меварзанд. Аз ҳисоби Барномаи "Мутобиқшавӣ ва тағийрёбии иқлим тавассути ҷангалпарварии устувор дар ҳавзаҳои муҳими обҷамъкунии дарёҳои Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Бонки рушди Олмон маблағгузорӣ мешавад, дар майдони 753 гектар дар вилоят ҷангалзори нав бунёд гардид. Дар ноҳияи Фархор 310 гектар ва дар ноҳияи Ховалинг 443 гектар ҷангалзори нав бунёд ёфт. Ҷангалпарварон дар майдони 160 гектар писта ва дар майдони 593 гектар ҷангалҳои омехта бунёд намуданд, ки дар онҳо, дар маҷмӯъ, 1066671 бех ниҳолҳои ҳосилдиҳанда шинонида шудааст. Ҳамчунин, бо мақсади пурракунии ниҳолҳо дар майдони 197 гектар ба миқдори 102179 бех ниҳол шинонда, ба ҷангалзор ҳусни тоза зам кардаанд.
Чанд сол муқаддам дар мавзеи "Сайёд”-и ноҳияи Данғара дар майдони 432 гектар ҷангали нав бунёд намуда, соли равон дар ин мавзеъ 7125 бех ниҳоли иловагӣ шинонда, кори пурракунии ниҳолҳоро бо сифати баланд анҷом доданд.
Даврае фаро расидааст, ки заминҳои корам, ҳамчунин заминҳои дар хамгашту нишебиҳо мавҷударо барои боғу токпарварӣ ва шинонидани дарахтони бисёрсола истифода намоянд. Ин тадбирҳо ба рушди соҳаи озуқаворӣ ва боғу токпарварӣ мусоидат менамояд.
Кормандони муассиса, бахусус ба парвариш ва нигоҳубини ниҳоли писта диққати ҳамешагӣ медиҳанд. Дар халтачаҳои полиэтинӣ 138400 бех тухми писта дар хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Панҷ, Шаҳритӯс, Хуросон ва Фархор кишт карда, дурнаморо дар ин бобат барзиёд иҷро намуданд. Хоҷагиҳои ниҳолпарварии муассиса дар бобати ниҳолпарварӣ таҷрибаи бой дошта, ҳар сол аз нишондод зиёд ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан шинонда, нигоҳубини онро дуруст ба роҳ мемонанд. Хоҷагиҳои ниҳолпарварии ноҳияи Қубодиён дар майдони 4 гектар, ноҳияи Восеъ дар майдони 2,8 гектар, дигар шаҳру ноҳияҳо дар майдони 14 гектар ниҳол шинонда масоҳати ҷангалзорро сол аз сол васеъ карда истодаанд.
Ҷангалпарварон бар ивази меҳнати пурмаҳсули худ даромади шоиста мегиранд. Дар зарфи ҳашт моҳи соли равон муассисаи хоҷагии ҷангали вилоят аз соҳа 764200 сомонӣ даромад ба даст овард, ки ин нисбати дурнамо хеле зиёд аст. Кормандони соҳа дар самти ҳифзи ҷангал аз қонунвайронкуниҳо фаъолона кор мебаранд. Имсол нисбати қонунвайронкунандагон 473 санад ба маблағи 86314 сомонӣ тартиб дода, товони зарар рӯёнида шуд. Ҳамзамон, тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон 155 санад ба маблағи умумии 21475 сомонӣ тартиб дода, маблағи зарар пурра рӯёнида шуд.
Ҷангалбонон барои ҳайвонҳои ваҳшӣ ва олами парандагон ғамхорӣ намуда, корҳои биотехникиро хушсифат анҷом медиҳанд. Имсол ба маблағи 36564 сомонӣ корҳои биотехникиро ба ҷо оварда, ба парандагону ҳайвонот 8090 килограмм гандум, 1550 килограмм ҷав, ҳамчунин донаи ангат, ангур, 1800 килограмм дулона, 2440 килограмм кунҷора, 18,5 тонна хошок додаанд.
Дурнамои ҷангалпарварон имсол калон буда, дар нимсолаи соли равон онҳо 88 тонна писта, 6,7 тонна бодоми талх, 2,2 тонна бодоми ширин, 65 тонна меваи донакдор, 15 тонна меваи тухмдор, 7,7 тонна меваи хушк, 4,5 тонна гиёҳҳои шифобахш, 226,5 тонна ғалладонагиҳо, 21,5 тонна чукрӣ, 1,4 тонна асал, 52 тонна сабзавот, 25 тонна полезиҳо, 36,2 тонна картошка ва 18 килограмм зира истеҳсол намудаанд, ки нисбати дурнамо зиёд мебошад.
Имрӯз дар замони озодӣ, ободӣ мардуми Тоҷикистон сарфарозу сарбаланданд, чашмасору обшорони софу беғубораш, дарёҳои пуртуғёну кӯҳсорони сарватдораш, боғоти мевадору кабкони хушгуфтору мардуми накукораш хушбахту хушрӯзу саодатманданд. Ватан барои инсон ҳама чиз: зиндагии хуш, умеди имрӯзу фардо қувваю дармон, шуҷоату мардонагӣ, диловарию ҷонфидоӣ аст. 
Б. САЙДАЛИЕВ, «Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

220 гектар ҷангалзор бунёд шуд

220 гектар ҷангалзор бунёд шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА

ДУРНАМОИ БУНЁДИ БОҒУ ТОКЗОР 98% ИҶРО ШУД

Хабарҳо
Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Азми бунёди 755 гектар боғ

Азми бунёди 755 гектар боғ

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
759 гектар талу теппа боғзор мешавад

759 гектар талу теппа боғзор мешавад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА