Дар як сатр
» » Чакандӯзӣ ваҳдатро қавӣ мегардонад

Чакандӯзӣ ваҳдатро қавӣ мегардонад

7-12-2018, 04:15

Бегимо Салоева зани ҳунарманд аст. Ӯ дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекунад ва занону духтарони ҳамсояро касб меомӯзад. Баъди Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 шавқу завқи занону духтарон ба ҳунармандӣ афзудааст ва шогирдони Бегимо Салоева ду баробар зиёд шудаанд.
Ба қавли занон, чакандӯзӣ ваҳдатро мустаҳкам мекунад. Зеро кори дастаҷамъона аст ва барои дӯхтани ягон нақши калон занон ҷамъ омада, аз аҳволи якдигар бохабар мегарданд, ба якдигар кумак мерасонанд ва мушкилоти ҷойдоштаро дар якҷоягӣ ҳал менамоянд.
Дар маҳаллаи "Хатти роҳ” бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоишгоҳи хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумиро ташкил намуданд. Ин ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб роҳандозӣ шудааст ва дар ҳамаи кӯчаю маҳалла ва деҳаҳо гузаронида мешавад.
Дар соли 2018 дар шаҳри Кӯлоб садҳо нафар ҳунармандон баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ хоҳишмандонро ба ҳунаромӯзӣ ҷалб кардаанд ва истеҳсоли маҳсулоти дастӣ чанд баробар зиёд шудааст.
Ш. САФАРЗОДА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бонуи ҳунар

Бонуи ҳунар

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Озмуни вилоятӣ дар Кӯлоб

Озмуни вилоятӣ дар Кӯлоб

Ҳаёти иҷтимоӣ

Таъсиси маркази ҳунаромӯзӣ дар Кӯшониён

Хабарҳо
Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, АСАЛМО САФАРОВА
«Ҳунарҳои мардумӣ - рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ»

«Ҳунарҳои мардумӣ - рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ