Дар як сатр

Бонуи ҳунар

7-12-2018, 04:12

Аз он рӯзе, ки Гулистон Каримова ба ҳайси муаллима ба мактаб ба кор омад, шавқу рағбати шогирдон ба дарс дигаргун гашт. Зеро муаллима аз фанни таълими меҳнат ба шогирдон ҳунарҳои дӯзандагӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, хӯрокпазӣ ва чӣ тавр ба сомон расонидани корҳои рӯзгордориро меомӯзонд.
Дар баробари ин, ӯ ба синфхона аз ҳисоби пасандозаш як мошинаи дарздӯзӣ низ оварда буд. Азбаски ин ҳунарҳо ба духтарон бештар писанд меомад, онҳо дар машғулиятҳои муаллима иштироки фаъолона дош-танд. Муаллима низ кӯшиш менамуд, ки шогирдонаш ин ҳунарҳоро аз бар намоянд. Гулистон на танҳо ҳангоми дарс, балки фориғ аз дарс низ бо шогирдон кор мекард. Духтарон ҳам кӯшиш мекарданд, ки нозукиҳои ин ҳунарҳоро аз худ намоянд.
Дар миёни шогирдон Саломат Шарбатова бештар ба чеварӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекард. Азбаски падари Саломат дар мактаб омӯзгор буд, барои амалӣ шудани мақсади духтараш аз муаллима хоҳиш намуд, ки бо ӯ дар вақтҳои холигӣ машғулиятҳои иловагӣ барад.
Саломат оҳиста-оҳиста нозукиҳои дӯзандагиро аз муаллима омӯхт. Ӯ мустақилона дӯхтани либосҳои кӯдаконаро аз худ намуд. Ҳамин тавр, Саломат баробари мактаби миёнаи рақами №29-и деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғараро тамом кардан, соҳибкасб низ шуд. Акнун ӯ аз уҳдаи дӯхтани либосҳои занона ва духтарона мебаромад. Ҳар кори ба анҷом расондааш ба мизоҷонаш писанд буд. Дар деҳа ӯро ҳамчун чевари гулдаст ном мебурданд.
Бо амри тақдир Саломат ҳамсари зиндагии худро пайдо намуд. Ӯ аз деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара ба деҳаи Боҳтурободи Ҷамоати деҳоти "Гулистон”-и шаҳри Левакант келин шуда омад. Шавҳараш ба Саломат барои давом додани ҳунари дӯзандагӣ розигӣ дод. Вақте ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон дошт, дар ҳаёти Саломат такони ҷиддиеро ба вуҷуд овард. Ӯ барои такмил додани маҳора-ти худ ба мактаби касбомӯзии калонсолонилитсейи касбомӯзии кимиёвии рақами 40-и шаҳри Левакант рафт. Дар он ҷо ӯ нозукиҳои ҳунари дӯзандагӣ, пазандагӣ, зардӯзиву гулдӯзӣ, наққошиву тарроҳӣ ва ҳатто дӯхтани либосҳои гуногунро барои корхонаҳо низ омӯхт. Ӯ бо истеъдоди баландаш ҳамчун ҳунарманд дар деҳа ва берун аз он ном баровард. Духтарон аз деҳаҳои гирду атроф ва занҳои хонашин дар назди ӯ шогирд истода, ҳунарашро аз бар менамоянд. Саломат низ заҳмати худро аз онҳо дареғ намедорад. Кӯшиш мекунад, ки онҳо низ ҳунарманд шаванду дар зиндагӣ комёб гарданд. Рӯзе раиси Ҷамоати деҳоти "Гулистон” аз Саломат хоҳиш намуд, ки вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мактаби омӯзиши ҳунарҳои мардумиро кушояд. Саломат ин хоҳиши раисро ҳамчун пешравии кори худ дониста, онро хуш қабул намуд. Ӯ мактаби ҳунарҳои мардумии худро кушода, гурӯҳ-гурӯҳ занҳои хонашин ва духтараконро барои омӯхтани касбҳои дӯзандагӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва ғайраҳо ҷалб намуд. Ҳамзамон Саломат дар хонааш дастгоҳи қолинбофиро сохт. Нахустин коре, ки дар ин дастгоҳ анҷом дод, тасвири симои Парчам ва Нишони ҷумҳурӣ дар рӯйи қолин буд. Ин маҳсули меҳнаташ ӯро ҳамчун ҳунарманди боистеъдод нишон медод.
Ҳунар чашмаи зояндаву умри поянда аст ва ҳар кас аз он баҳравар шавад, болинишин гардаду қадр бинад. Ин зани ҳунармандро оҳиста-оҳиста на танҳо дар деҳа, балки дар шаҳру вилоят ва ҳатто ҷумҳурӣ шинохтаанд. Дар чандин озмунҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ гардидааст. Имрӯз Саломат Шарбатоваро мардум ҳамчун зани қолинбоф, дӯзандаву пазанда, гулдӯзу зардӯз, наққошу, тарроҳ мешиносанд ва иззату ҳурмат менамоянд.
Саломат Шарбатова бо шукргузорӣ мегӯяд: "Дар оянда ҷиҳати иҷрои нишондоду дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсад дорам, ки мактаби омӯзишии ҳунарҳои мардумиро ташкил дода, диққати тамоми занону духтарони хонашинро ба он ҷалб намоям ва аз нозукиҳои касбҳои мардумӣ онҳоро огоҳ намуда, дар қалбашон шавқу завқи касбомӯзиро ҷо кунам”.
Н. СОЛИЕВ,
шаҳри Левакант




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Чакандӯзӣ ваҳдатро қавӣ мегардонад

Чакандӯзӣ ваҳдатро қавӣ мегардонад

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
«Бонуи ҳунар» беҳтарин бонуи ҳунармандро маълум намуд

«Бонуи ҳунар» беҳтарин бонуи ҳунармандро маълум намуд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Таъсиси маркази ҳунаромӯзӣ дар Кӯшониён

Хабарҳо
Қубодиён. Маркази омӯзишии дӯзандагӣ  кушода шуд

Қубодиён. Маркази омӯзишии дӯзандагӣ кушода шуд

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Номаҳои Шумо
Таъсиси 25 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ барои ҳунаромӯзии занону духтарон

Таъсиси 25 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ барои ҳунаромӯзии занону духтарон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА