Дар як сатр

Сипосгузорем

7-12-2018, 04:07

Дӯст доштани ватан ва халқ аз гӯшаи имондорист. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалби мо-ҷавонон меҳру садоқат, дӯст доштани ватани худ, омӯхтани касбу ҳунарҳои аҷдодиро бедор кард.
Имрӯз мо, ҷавонон, сарфароз аз онем, ки ватани обод дорем. Бале, ман имрӯз дар ин диёри ободу зебо умр ба сар бурда, шукри Худованд ва чунин Сарвар мекунам. Агар заррае ҳам бошад, аз ҳунари модар ба фарзандони хеш меомӯзонам. Мо аз ташаббусҳои Ҷаноби Олӣ илҳом гирифта, маҳорату ҳунари худро сайқал дода истодаем.
Ёдовар мешавем, ки ҳунарҳои қадимаи мо, аз қабили заргарӣ, қолинбофӣ, бурёбофӣ, шерозбофӣ, кашидадӯзӣ, сохтани бозичаҳои чӯбин ва ғайраҳо қариб буд, ки аз хотирҳо фаромӯш шаванд. Бо иқдоми Роҳбари давлат мардуми ҳунарманди мо аз нав қомати худро рост кард, гӯё, ки ба онҳо офтоби ҷонбахш ҷон бахшида бошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Мо-ҷавонон барои ин ҳама ғамхорию шароитҳои фароҳамоварда аз Шумо-Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор буда, кӯшиш менамоем, ки сазовори боварӣ кору фаъолият намоем.
Умеда ҒУЛОМОВА,
омӯзгори гимназияи давлатии
№ 1-и ноҳияи Восеъ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сазовори боварии Сарвари давлат бошем

Сазовори боварии Сарвари давлат бошем

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷавонон аз ҳунарҳои миллии хеш бохабар мешаванд

Ҷавонон аз ҳунарҳои миллии хеш бохабар мешаванд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ «МАЛИКА»

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ «МАЛИКА»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Поянда бошӣ, эй Пешвои миллат

Поянда бошӣ, эй Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Номаи қалби табибон

Номаи қалби табибон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Номаҳои Шумо