Дар як сатр
» » Ҷавонон пайравони Пешвои миллатанд

Ҷавонон пайравони Пешвои миллатанд

7-12-2018, 04:06

Мо-ҷавонони баландиқболу саодатманди диёр мефахрему меболем, аз он ки дар чунин ватани ободу зебо, дар фазои сулҳу субот, дар замони технологияи ҷадид дӯстона умр ба сар мебарему чунин як Сарвари оқилу доно ва ғамхору дилсӯз насибамон гаштааст.
Ҷавонони кишвари мо дар ҳама давру замон фаъол буданд. Асосан, имрӯз таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамаҷониба, ғамхориву дилсӯзии Сарвари давлатамон мо-ҷавонони даврони истиқлолиятро боз ҳам қавитару фаъолтар намудааст. Қадамҳои устувори ҷавонон дар роҳи ободониву пешравии сиёсии кишварамон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии давлатамон гузошта шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки ҷавонон неруи бунёдгару созандаи боэътимоди давлат мебошанд. Дар ҳар як суханрониашон пайваста ҷавононро барои ободонӣ ва ҳифзу нигаҳдории ватан тарғиб менамоянд. Инчунин, имрӯз баҳри ташаккули мо-ҷавонон ва баланд бардоштани савияи донишамон тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Аз он ҷумла гузаронидани озмунҳои фаннӣ, маҳфилҳои илмию фаннӣ, ихтироъкорӣ, навоварӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, квотаи президентӣ, стипендияи президентӣ ва ғайра яке аз омилҳои ҳавасмандкунии ҷавонон мебошад. Ғайр аз ин, барои боз ҳам фаъолтар будани ҷавонон дар рушди ҷомеа соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид, ки ин ҳам нишонаи ғамхории Пешвои миллат барои ҷавонон мебошад. Аз ҷумла мо-ҷавонони ноҳияи Восеъ дар Соли ҷавонон ва баъд аз он баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, паҳн намудани варақаҳои иттилоотӣ оид ба бемориҳои сироятӣ дар деҳаву маҳаллаҳо вохӯриҳо, суҳбатҳо ва дар байни ҷавонон корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ гузаронида истодаем.
Баҳри ободии ватани азизамон ва тинҷиву оромии он камари ҳиммат баста, садоқати худро ба Ватан ва Сарвари давлат нишон диҳем.
Мо- ҷавонон пайравони
Пешвои миллатем,
Сарфароз аз файзи
истиқлолу сулҳу ваҳдатем.
Худшиносӣ такягоҳи номусу
виҷдони мост,
Навниҳоли сабзрӯи
сарзамини ҳикматем.
Мафтуна Суярзода,
донишҷӯи соли аввали ДДК

 

 




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Аз бахти худ меболем

Маориф ва илм
Пайравони Пешвои миллатем

Пайравони Пешвои миллатем

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҷавонон-неруи созанда

Ҷавонон-неруи созанда

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Ба эътимоди Пешвои миллат сазовор мемонем

Ба эътимоди Пешвои миллат сазовор мемонем

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Номаҳои Шумо
Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Роҳнамо ва оинаи зиндагии ҷавонон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо