Дар як сатр
» » Семинари омӯзишӣ бо намояндагони ВАО дар Хатлон

Семинари омӯзишӣ бо намояндагони ВАО дар Хатлон

7-12-2018, 04:01

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон дар шаҳри Бохтар ташкилоти ҷамъиятии «Иштирок» семинари омӯзиширо дар мавзӯи «Фаҳмиши ҳозиразамони маъюбият ва тарзи дурусти инъикоси масъалаҳои шахсони дорои маъюбият дар ВАО» доир намуд, ки дар он рӯзноманигорони вилояти Хатлон иштирок карданд.
Саломат Асоева, масъули ташкилоти ҷамъиятии «Иштирок» мегӯяд: "Мақсади асосии семинари омӯзишӣ, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии намояндагони ВАО ба фаҳмиши ҳозиразамони маъюбият, муҳим будани ҷомеаи дастрас барои шахсони дорои маъюбият ва инчунин, тарзи дурусти инъикоси масъалаҳои шахсони дорои маъ-юбият хизматрасонӣ ба шахсони дорои маъюбият дар нақлиёти ҷамъиятӣ маънидод мешавад».
- Солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон як қатор тадбирҳоеро андешидааст, ки онҳо ба беҳтарсозии вазъи шахсони дорои маъюбӣ равона гардидаанд, - зикр кард Наҷмиддини Шоҳинбод, муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон. - Масалан, соли 2016 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гурӯҳи корӣ оид ба пешниҳод намудани хизматрасониҳои ош-корсозии саривақтӣ ва дахолат таъсис дода шудааст.
Инчунин, Наҷмиддини Шо-ҳинбод дар идомаи баромади худ иброз дошт, ки дар Стратегияи миллии рушди маориф мунтазам ба сохторҳои таҳсилоти умумӣ гузаронидани кӯдакони дорои маъюбӣ ва андешидани чораҳои дахлдор оид ба рушди таҳсилоти инклюзивӣ (фарогир) дар ҷумҳурӣ (то соли 2030) пешбинӣ гардидааст. Моҳи октябри соли 2016 дар Тоҷикистон Барномаи миллӣ оид ба офиятбахшии шахсони дорои маъюбӣ қабул гардида буд. Ғайр аз ин, Ҳукумати кишвар ба падару модарон ва ташкилотҳое, ки бо нафарони дорои маъюбӣ кор мекунанд ва ба фарогирии онҳо мусоидат менамоянд, кумаки муайяни молиявӣ ва иҷтимоӣ мерасонанд.
Дар охир, оид ба этика ва терминология нисбати шахсони дорои маъюбият маълумоти заруриро дастраси рӯзноманигорон гардониданд, ки минбаъд намояндагони ВАО бояд аз ибораҳое, ки боиси нороҳатии чунин шахсон мегарданд, истифода набаранд.
Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Темурмалик. Омодагиҳо ба ҷашн

Темурмалик. Омодагиҳо ба ҷашн

Ҳаёти иҷтимоӣ

300000 СОМОНӢ - КУМАК БА НИЁЗМАНДОН

Хабарҳо

Семинар: «дастрасӣ ба иттилооти судӣ»

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Семинари омўзишӣ дар Кўлоб

Семинари омўзишӣ дар Кўлоб

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кӯмаки идона ба муҳтоҷон

Кӯмаки идона ба муҳтоҷон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА