Дар як сатр
» » Ҳомии навбаромад чӣ мехоҳад?

Ҳомии навбаромад чӣ мехоҳад?

7-12-2018, 03:57

Ташкилоти ба ном "Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон”, ки худро ҳомии зиндониҳо ба қалам медиҳад, дар баёнияи пойгоҳи иттилоотии худ эълом доштааст, ки баҳри дифоъ аз зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон рӯзи 10 декабри соли ҷорӣ дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Олмон тазоҳурот баргузор хоҳад кард. Мақсад аз баргузории ин тазоҳурот озод намудани маҳбусони сиёсӣ: Зайд Саидов-собиқ вазири саноат, Муҳаммадалӣ Ҳаит-муовини Ҳизби наҳзати ислом ва Бузургмеҳр Ёров-вакили дифоъ мебошад. Ин баёнияро раиси Кумитаи дар боло зикршуда Абдусаттор Бобоев низ дар гуфтугӯ бо «Кимиёи саодат» бори дигар ёдовар гардид.
Ба мардуми фозилу одили Тоҷикистон пӯшида нест, ки рақибони сиёсии мо, аниқтараш гурӯҳҳои мансабталошу зархарид дар хориҷи кишвар кам нестанд. Онҳо ҳар сари чанд вақт бо изҳороту баёнияҳои худ аз мавҷудияташон дарак медиҳанд. Бар сари давлати тоҷикон буҳтону айбҳои гӯшношунидеро бор мекунанд. Худро ҳомии миллату Тоҷикистон тарошида, барои ноил гаштан ба мақсадҳои ғаразноки худ ба ҳар ташкилоту идораҳои хориҷ сар мехалонанд, имдод металабанд, худро ҷабрдида ба қалам дода, кумакҳои молиявӣ гадоӣ мекунанд.
Эъломияи навбатиашон дар хусуси баргузории тазоҳуроте, ки бо дастгирии баъзе пуштибонҳояшон анҷом доданианд, аз зумраи ҳамин амалҳои навбатиашон мебошад. Дар ин тазоҳурот онҳо киҳоро пуштибонӣ мекунанд? Онҳоеро, ки барои мардуми Тоҷикистон ба ҷои манфиат танҳо зарару нооромӣ овардаанду халос. Кӣ намедонад Зайд Саидовро? Ӯ курсии мансабро танҳо ба фоидаи шахсӣ истифода намуд. Киса пур карду амвол ҷамъ намуд, соҳиби чанд бону гардида, манфиати халқи Тоҷикистонро пушти по зад.
Оид ба муовини раиси ҲНИ Муҳаммадалӣ Ҳаит бошад, ҷои шарҳу баён нест. Муовини он ҳизбе буд, ки нукаронаш ба хунрезӣ даст зада, мехостанд дар ҷумҳурӣ табаддулоти давлатӣ ба амал биёранд. Вале тирашон хок хӯрду ба мақсади нопокашон нарасиданд. Қисме аз роҳбаронаш чун Кабирӣ инро ба хубӣ дарк намуда, қаблан аз Тоҷикистон фирор намуд ва ҳоло худро мусичаи бегуноҳ нишон дода, дар конфронсу нишастҳои хабариаш чӣ ҳарзаҳое намегӯяд.
Бояд тазаккур дод, ки ин ҳарзагӯиву хосторҳо барои мо бегона нест. Ин амал ба мақоли «Дузди зӯр соҳиби говро бастааст» хеле мувофиқат мекунад. Гунаҳгоранду боз даъво мекунанд, худро ба сад дар мезананд, то амалҳои нангинашонро пардапӯш намоянд, худ-ро бегуноҳу моҳи беайб нишон диҳанд.
Банда чун як шаҳрванди Тоҷикистони азиз аз мақомоти дахлдори Тоҷикистон тақозои онро дорам, ки он шахсонеро, ки дар ноором кардани ватани азизамон, куштору хунрезиҳо даст доштанд ва ё ба халқи худ хиёнат кардаву имрӯз хориҷ аз Тоҷикистон боз ба дасисабозию буҳтонзаданҳо машғуланд, тавассути мақомоти дахлдори байналмилалӣ ба Тоҷикистон бозпас гардонида, мувофиқи қонунҳои амалкунанда муҷозот карда шаванд. То минбаъда ҳам оромӣ ва осудагии мардуми Тоҷикистон таъмин карда шавад.
Н. Саидов,
сокини ноҳияи Восеъ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Иғвои навбатиро ҳеҷ кас намепазирад

Хабарҳо, Сиёсат

Гирдиҳамоии наҳзатиҳои ҷинояткор муқаррарист?

Хабарҳо

Вақте рӯбоҳ худро шер медонад Ё чанд андеша дар бораи  наҳзатиҳои ифротӣ

Хабарҳо, Сиёсат

ТАЗОҲУРОТ? - ФИКРИ АҲМАҚОНА!

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

То риё варзаду солус, мусулмон нашавад

Хабарҳо