Дар як сатр
» » Иғвои навбатиро ҳеҷ кас намепазирад

Иғвои навбатиро ҳеҷ кас намепазирад

7-12-2018, 03:57

Инак, дар расонаҳои иҷтимоӣ боз як дасисаву хомхаёлиҳои раҳгумзадагони тоҷикро, ки берун аз ватан бо маблағгузории хориҷиён рӯз мегузоронанд, мехонем, ки аз ташкил намудани тазоҳуроташон дар шаҳри Берлини Олмон назди сафоратхонаи Тоҷикистон дарак медиҳад.
Чуноне аз ин хабарҳо пайдост, Абдусаттор Бобоев ба ном боз як «хайрхоҳ, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ» аз мақомоти ҳукумати маҳаллии кишвари Олмон дархост (диққат диҳед: «дархост», на хоҳиш) кардааст, ки 10 декабр барои ташкили гирдиҳамоии онон ризоият диҳад. Аҷаб гапе! Барои бегонагонфарқаш чи, ки ту ба давлату миллати худ чи коре карданӣ ҳастӣ. Номи туву давлатат бад шавад, шуд.
Бино ба иттилои шабакаҳо, мақсад аз гирдиҳамоӣ озод намудани зиндониёни сиёсӣ: роҳбари гурӯҳи «Тоҷикистони нав» ва вазири собиқи саноат Зайд Саидов, муовини раҳбари ҲНИ Муҳаммадалӣ Ҳайит ва вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров будааст.
А. Бобоев ҳамаи ҳизбҳо, ҷунбишҳо ва алоқамандон, ҳамчунин расонаҳои гурӯҳӣ ва хабарнигоронро даъват намудааст, ки барои иштирок дар ин гирдиҳамоӣ саҳми худро гузоранд. Фаромӯш кардааст, ки дар ин «маҳфили дуздона» танҳо атрофиён ва тамаллуқкоронаш хоҳиши иштирок карданро доранд. Дигар ҳизбиёну ҷунбишҳо, ки мақоми расмӣ доранд, аз ҳақиқати ҳол барвақт хабар доранду намояндагонашон дар парлумон ҷой. Ҳамаи онон барои ватани азизи худ-Тоҷикистон саҳмгузоранд. Шояд худи маҳбусони зикршуда низ аз рафтору гуфтор ва ақидаҳои бемаънии ин тоифаи мардум безор бошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода кореро ба ёдгор мондааст, ки дар таърихи сарварию давлатдорӣ нахустин буд ва боиси офарини оламиён гашт. Дар рӯзҳои аввалини роҳбарӣ аз ҳолу аҳволи раҳгумзадагони қонунҳои давлат-маҳбусон хабар гирифт, ба шароити будубошашон шинос шуд. Ҳар яки ин нафарон ба ӯ арзи сипос намуданд.
Дар баёния омадааст, ки КШНГЗС аз шарикони Ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо дархост намудааст, ки кумакҳои иқтисодӣ ва молиявиро ба Тоҷикистон, ки барои таҳкими демократия ва барқарории амният ҷудо мекунанд, қатъ намоянд. Яъне ин гурӯҳ мехоҳад дигар дар ватани модариашон роҳҳоро нав накунанд, нақбҳо накананд, неругоҳҳо насозанд ва ахиран бинои масҷидеро, ки дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе сохтмонаш идома дораду амсолаш дар атрофу акноф нест, хотима набахшанд. Ана, фикру нияти ин бадниятон. Ба онон чизе намехоҳем, ба ҷуз ин ки шоир гуфтааст:
Душманамро ҳамчу мехи хайма мехоҳам мудом,
Тан ба хоку санг бар сар, ресмон бар гарданаш.
И. Олимов,
сокини ноҳияи А. Ҷомӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳомии навбаромад чӣ мехоҳад?

Хабарҳо, Сиёсат

Гирдиҳамоии наҳзатиҳои ҷинояткор муқаррарист?

Хабарҳо

Вақте рӯбоҳ худро шер медонад Ё чанд андеша дар бораи  наҳзатиҳои ифротӣ

Хабарҳо, Сиёсат

ТАЗОҲУРОТ? - ФИКРИ АҲМАҚОНА!

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

То риё варзаду солус, мусулмон нашавад

Хабарҳо