Дар як сатр
» » Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

7-12-2018, 03:55

«Роғун» манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фарди ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН

Бунёди «Кохи нур»-и Тоҷикистон боиси ифтихори мост. Ҳар як сокини кишвар ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр таваҷҷуҳи хоса дорад.
Ҳазорон фидоии роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори неругоҳ заҳмат кашида, бо ғурури рустамона ва ҳиммати фарҳодона саҳми хешро мегузоранд. Онҳо хуб медонанд, ки бунёди «Роғун» ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Имрӯз шодиву нишоти мардуми Тоҷикистон ҳадду канор надорад. Чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар - ба кор оғоз кардани агрегати якуми иншооти тақдирсози мамлакат - Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва истеҳсоли барқи аввалин дар он амалӣ гардид.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш, аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. НБО «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт -соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад.
Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азиз хизмат хоҳад кард. Он барои рушди иқтисодиёт ва, дар маҷмӯъ, барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди пурра ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода шаванд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири амалӣ сохтани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва амалӣ кардани ҳадафҳои неки Сарвари давлат баҳри таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шуданд.
Мо умед бар он дорем, ки ин иншооти аср дари бахту саодатро ба мардуми кишвар кушода, омили пешрафти ватан ва хушбахтии сокинони Тоҷикистон мегардад.

Ҳусейн НАРЗУЛлОЗОДА,
омӯзгори МТМУ №35- и
ноҳияи Ёвон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар талоши нур

Дар талоши нур

Ҳаёти иҷтимоӣ
Энергетика рукни муҳими ҳаёт ва иқтисодиёт мебошад

Энергетика рукни муҳими ҳаёт ва иқтисодиёт мебошад

Хабарҳо
Шиносоии Сарвазир аз корҳои таҷдиди НБО “Сарбанд”

Шиносоии Сарвазир аз корҳои таҷдиди НБО “Сарбанд”

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Лимити барқ муваққатист

Лимити барқ муваққатист

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Балҷувон. Бунёди 9 нерӯгоҳи хурд дар Сари Хосор

Балҷувон. Бунёди 9 нерӯгоҳи хурд дар Сари Хосор

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА