Дар як сатр
» » Судяҳо дар фаъолияти худ мустақиланд

Судяҳо дар фаъолияти худ мустақиланд

7-12-2018, 03:52

Бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Дар ҳамин замина, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро муқаддас шуморида, соҳибихтиёрии давлатро таъмин намуд, баробарҳуқуқии тамоми миллату халқиятро эътироф кард ва санаи 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи мамлакатамон қабул шуд.
Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, ҳокимияти давлатиро бо таҷзияи ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар намуд. Дар ин замина тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ вобаста ба салоҳияти конститутсионии худ фаъолият намуда, дар пешравӣ ва ташаккулёбии ҳаёти кишвар нақши худро мегузоранд. Ҳокимияти судӣ низ ҳамчун яке аз рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ дар қатори мақомоти қонунгузору иҷроия баҳри дар амал татбиқ намудан ва амалисозии адолати судӣ дар ҷомеа фаъолият менамояд.
Бинобар ин, маҳз боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳокимияти судӣ бахшида шуда, низоми судии мамлакат, салоҳияти судҳо, принсипҳои асосии фаъолияти судӣ ва сохтори судҳоро муқаррар намудааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар моддаи 84-и Конститутсия омадааст: "Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Дар боби мазкури Конститутсия доир ба фаъолияти судҳо дар симои судяҳо нуктаи хеле муҳим – амали мустақилонаи судҳо ва дахлнопазир будани судяҳо баён шудааст. Чунончи, дар моддаи 87-и Конститутсия чунин қайд карда шудааст: "Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст”.
Ин нуктаҳо барои пойдории мустақилияти ҳокимияти судӣ, ки яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд мебошад, баҳри таъмини фаъолияти суди босалоҳият ва беғаразона, ки дар асоси Конститутсия ва қонунҳо таъсис дода шудааст, равона гардидааст. Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолият мақомоти судии кишвар ба мазмуни воқеии шохаи мустақили ҳокимият ноил шуда, он тадриҷан бо такмилу таҳкими қонунгузории соҳа тақвият меёбад.

Ҷалилзода Хусрав Раҷабалӣ,

муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Семинар: «дастрасӣ ба иттилооти судӣ»

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Конститутсия - роҳнамои имрўзу фардои давлату миллат

Конститутсия - роҳнамои имрўзу фардои давлату миллат

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Мулоқоти Д. Гулмаҳмадзода бо судяҳо

Мулоқоти Д. Гулмаҳмадзода бо судяҳо

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният