Дар як сатр
» » Амиршо Миралиев - раиси ободгар

Амиршо Миралиев - раиси ободгар

7-12-2018, 03:50

Амиршо Миралиев, собиқ раиси вилояти Хатлон, ба муаррифӣ ниёз надорад. Ӯ бо хислатҳои неки инсонӣ махсусан дар байни мардуми одӣ маҳбубияти зиёд дошт. Пеш аз ҳама, дардошнояшон буд, аз ҳолу аҳволашон зуд-зуд пурсон мешуд, пайваста ба суҳбату мулоқоташон мешитофт, барои ҳалли мушкилоташон талош меварзид. Дар умри пурбаракаташ ба мардум некиҳои зиёд кардааст. Онҳо он рӯзҳоро ба хубӣ ёд мекунанд, дар борааш суханони неку самимӣ мегӯянд: "Раис Амиршо Миралиев инсони заминӣ, дардошною мушкилкушо буд”. Ҳамзамон, ба ҳайси роҳбари аввали вилоят, масъулиятшинос, сахтгиру серталабӣ хоси ӯ буд...
- Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, хоҳ вай роҳбар аст ё коргари қаторӣ, - мегӯяд Амиршо Миралиев, - ба ватан, ба Тоҷикистон меҳру муҳабат, ифтихору сарфарозӣ дошта бошад, кишвари хешро дӯст дорад, бе супориши махсус, бе назорати қатъӣ, бе фаҳмонданҳо вазифаашро софдилона иҷро намояд, ба тақдири вилоят, шаҳру ноҳия бояд худро масъул дониста, фаъолона баҳри ободонӣ, пешравӣ дастовардҳои ҷабҳаҳои гуногун бикӯшад. Ҳаёт пеш меравад, пайваста дигаргуниҳои нав ба вуқӯъ мепайванданд. Аз ин рӯ, мо ҳуқуқи аз ҳаёт қафо мондан надорем. Насли калонсоли мо қуллаҳои баланди меҳнатиро дар давраҳои гуногун фатҳ кардаанд. Собиқ вилояти Қӯрғонтеппа дар даврони Шӯравӣ бо мукофоти Олии ҳамон замон-ордени Ленин сарфароз гардонида шуда буд.Анъанаи ташаббускорон ва пешсафонро имрӯз насли ҷавон бояд идома диҳад.
Амиршо Миралиев ашхоси меҳнатӣ хушахлоқ, фаъолу ташаббускор, эъҷодкор, қавлу амалашон якро дӯст дошта, ҳурмату эҳтиромашон мекард, дар ҷамъомаду маҷлисҳо кору фаъолияти онҳоро ҳамчун намуна нишон медод. Ӯ мехост, ки кадрҳо созандаю ободгар, ташаббускор, навовар, дар кору зиндагӣ ба дигарон намунаи ибрат бошанд.
Амиршо Миралиев дар ҳаёт роҳи худро дошт. Роҳи ӯ бо вуҷуди мушкилиҳо пуршарафу ибратбахш аст. Ӯ меандешид, ки ҳар фарди солимақл бояд Тоҷикистони азизро дӯст дорад, чун фарзанди дилбанду фарзонаи он фидокорона, эҷодкорона ва олиҳимматона баҳри рушду нумӯи кишвар меҳнат карда, бояд қуллаҳои наву дурахшони меҳнатиро боварибахшона фатҳ намояд.
...Дар яке аз маҷлисҳо соҳаҳои гуногун таҳлил мешуд. Сухан аз рафти ғунучини ҳосили пахта рафт. Раис ба яке аз роҳбарони хоҷагии деҳқонии ноҳия сухан дод. Он рафиқ аз хусуси дастовардҳояш хеле сухан ронду бо ҳамин андешаҳояшонро ҷамъбаст намуд..
Дигар гап надоред? - пурсид раис аз роҳбари хоҷагии деҳқонӣ. Не, раис, ҳафтаи оянда нақшаи ҳосилғундориро иҷро мекунем, ҳамаро ба маъракаи ҳосилғундорӣ сафарбар кардаем,-ҷавоб дод роҳбари хоҷагии деҳқонӣ ва ба ҷойи худ нишаст.
-Гапҳоят дурӯғ! Дирӯз рафта пахтазори шуморо дидам. Ҳосил дар ҳақиқат фаровон аст. Вале дар саҳро ягон чинакчиро надидам. Ду-се гов ба ҷои одамон дар пахтазор "сайр"дошт. Аз ронандаҳо хоҳиш кардам, ки говҳоро аз пахтазор ронанд. Ба хонаат одам фиристодем, гуфтанд, ки бо коре ба шаҳр рафтаӣ. Имсол соли ҳосил будааст.
Баракаташ зиёд, вале шумо ба қадри меҳнати худ нарасида истодаед.
Сарвари хоҷагии деҳқонӣ ба гуноҳаш иқрор шуда, суханони раисро тасдиқ карда, ваъда дод, ки камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ мекунад.
Амиршо Миралиев як хислат дошт, ҳар як сухани гуфта, супориши дода ва эроди гирифтаашро дубора месанҷид. Роҳбари хоҷагии танқидшуда инро хуб медонист.
Раис дар давраи кораш фаъолияти раисони шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои вилоятӣ, роҳбарони ташкилотҳои минтақавиро омӯхта, дар маҷлисҳои ҷамбастӣ ба фаъолияти онҳо вобаста ба натиҷаи корашон баҳо медод.Таъкид мекард, ки қафомондагон дар сафи мо набояд бошанд. Касе, ки аз уҳдаи иҷрои вазифа барояд, ҳалолаш бод, кор кунад, натавонад, беҳтараш ҷойро холӣ кунад. Мо ҳуқуқи иҷро накардани дурнаморо надорем. Зеро сол аз сол талабот афзуда, аҳолӣ афзоиш ёфта, ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад. Мо онҳоеро ба корҳои масъул пешбарӣ менамоем, ки соҳибихтисос бошанду маҳорату истеъдоди аз уҳдаи вазифаи масъул баромадан дошта бошанд. Агар роҳбар ноуҳдабаро бошад, коллектив қафо мемонад. Роҳбар пешпо хӯрад, коллектив пешпо мехӯрад. Роҳбар бояд ташаббускор бошад, ба одамон барои иҷрои вазифаҳо ва натиҷаҳо рӯҳу илҳом бахшад.
Раис иҷрои супоришҳояшро аз ҳама, аз раисону шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилотҳои вилоятӣ қатъӣ талаб мекард. Вале баъзе раисони шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои вилоятӣ ба ин ҷиддӣ эътибор намедоданд.Онҳое, ки саҳлагарӣ, бемасъулиятӣ зоҳир карда, ба мансаби ишғол кардаашон эътибори ҷиддӣ надода, ба қафомонӣ, кашолкорӣ роҳ медоданд, дар мулатҳои муайян аз вазифаи ишғолкардаашон озод карда шуданд. Дар давраи роҳбарии ӯ соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон, нақлиёт, хулоса ҳамаи соҳаҳо рушд ёфта, натиҷаи шоиста ба даст омаданд.
Боре, ҳангоми аз кор ба хона рафтан ронандаи нақлиёти мусофирбар ба ман суол кард:
-Шумо раиси вилоят Амиршо Миралиевро мешиносад?
-Мешиносам. Чӣ буд? - пурсидам аз ӯ.
-Мегӯянд, ки бо нақлиёти мусофиркашӣ Қӯрғонтеппа- Вахш нишаста, бо хоҳиши мусофирон роҳкирои ин хатсайро санҷидааст.Як рӯз дар таксии ноҳияи Бохтар нишастааст.
Ман ташвиши ронандаи нақлиёти мусофиркашро ҳис кардам. Баъзе ронандаҳои таксӣ худсарона роҳкиро аз меъёри муқаррарӣ зиёд карда, фоида медидаанд. Баъди ин овоза ва ё ҳақиқат ронандагони таксиҳои сабукрав ба инсоф омада, нархро мисли дигарон арзон, яъне ба дигар ронандагони таксӣ баробар кардаанд, ки дар натиҷа мусофирон аз ин амал шод гашта, раиси вилоятро сотоиш менамудаанд. Амиршо Миралиев нисбати нуқсону камбудиҳо, онҳое, ки худсарона дар минтақаҳои зебои диёр барои худ осоишгоҳ сохтаанд, оштинопазир буд. Нафаре, ки чунин амалро анҷом дода буд, розӣ шуд, ки истироҳатгоҳи сохтаашро ба ихтиёри одамон диҳад, дар он шахсони меҳнатӣ дам гирифта саломатиашро барқарор намоянд. Баъзе тоҷирон, онҳое, ки маблағ доштанду барои худ бе ризоият истироҳатгоҳ месохтанд, аз ин амалҳои худ даст кашиданд, мувофиқи имконият ба одамони эҳтиёҷманд кумак расонанд. Амиршо Миралиев вазъияти вилоятро хуб медонист, ягон амали ғайриқонунӣ ҷиҳати истифодаи замин, сохтмонҳои ғайриқонунӣ аз назари ӯ пинҳон намемонд. Мардуми вилоят ин амалҳои адолатхоҳонаи ӯро фаҳмида, эътиқоду бовариашон ба ӯ меафзуд.
Амиршо Миралиев ҷаҳду талош мекард, ки дар ҳамаи ҷабҳаҳо ба комёбиҳои дурахшон ноил шавад. Ӯ таърихи водии Вахшро хуб медонист, ки ин диёр ватани пахтаи аълосифати маҳиннах аст. Дар замони Шӯравӣ мардуми собиқ вилояти Қӯрғонтеппа ба комёбиҳои барҷаста соҳиб шуда, ба гирифтани мукофоти Олии ҳамон замон ордени Ленин сазовор гашта буданд.
Амиршо Миралиев бо ғайрати мардона ҷаҳду талоши ҷасурона, ҳиммати баланди ояндабинона талош меварзид, ки комёбиҳои беназир ба каф оварда, шуҳрати хатлонзаминро баланд бардорад. Ранҷу талошҳояш натиҷа бахшид. Истеҳсоли пахта соли 2003-ум 334 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки он нисбати соли пешин 30 ҳазор тонна ва нисбати соли 2001 беш аз 80 ҳазор тонна зиёд буд. Дар давоми солҳои сарварии Амиршо Миралиев истеҳсоли пахта дар вилоят 158 ҳазору 621 тонна афзоиш ёфт. Дар ҳамин давра истеҳсоли ғалла 83 ҳазору 605 тонна, шумораи корхонаҳои саноатӣ 158 ададро ташкил кард.
Амиршо Миралиев ба таҳлили иқтисодӣ эътибори ҳамарӯза медод. Корхонаҳоеро, ки дурнамои иқтисодиро давра ба давра иҷро карда, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овардаанд, дастгирӣ мекард. Корхонаҳои қафомондаро таҳлил карда, роҳҳои ислоҳи камбудиҳоро бо факту далелҳои раднопазир нишон медод. Дар ҳудуди вилоят корхонаҳое вуҷуд доштанд, ки фаъолият намекарданд. Ин масъалаи хело ҷиддию ҳалталаб буд, ки ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мусоидат мекард.
Ба ҳайси узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ масъулияти махсусро ҳис карда, вақти вохӯрию мулоқотҳо бо мардум фикру мулоҳизаҳо, таклифу дархостҳои онҳоро ҷиҳати ободонии деҳот, беҳ сохтани шароити зиндагонии одамон ба эътибор гирифта, ба масъалаҳои тозаю озодагии вилоят, сабзу хуррам, кабудизоркунии он диққат медод.
Ниҳолҳои ороишӣ, хирмани гулҳои рангоранг ба кӯчаю растаҳо ҳусни тоза бахшида буд. Кабудизоркунӣ, тозагию озодагиро аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо низ талаб мекард. Ҳар сол дар атрофи биноҳои кории ташкилотҳои вилоят, қад- қади роҳҳои мошингард, боғҳои фарҳангию истироҳатӣ даҳҳо ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ ва мевадиҳанда шинонда шуда, ба ҳусни шаҳр ва маҳалҳои аҳолинишин ҳусни тоза ҳамроҳ мекард.
Амиршо Миралиев бо ифтихору шукргузорӣ мегӯяд:
-Халқи моро роҳбари бузург мебояд, онро дорем, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, шахсияти беназир, марди оқилу доно, хирадманду ояндабин сарвари мост, ки ӯро ном Эмомалӣ Раҳмон аст. Бо роҳбарии ӯ ҳамаи зинаҳои меҳнатро фатҳ карда, ба қуллаи муроди халқ мерасем.Тоҷикистони хурдро ба олами бузург муаррифӣ кард. Душанбе-пойтахти кишвар маркази чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ гашт.Ташаббусҳои Сарвари давлат дар бобати истифодаи самараноки оби ошомиданӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Имрӯз ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро беш 150 давлат ба расмият шинохтааст. Мардуми Тоҷикистон на танҳо дар соҳаи иқтисодиёт, инчунин дар соҳаи варзиш ва дигар соҳаҳо ба натиҷаҳои беҳтарин соҳиб шудааст, ки ин ифтихори мост.
Давлати тозаистиқлоли кишвар фарзандони содиқу фидокори худро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Амиршо Миралиев дар ноҳияи Ҳамадонӣ муддате ба сифати роҳбар фаъолият намудааст. Ҳамзамон, чанд сол ба ҳайси мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо кор карда, таҷрибаи ғании сарварӣ ҳосил кардааст. Дарахти умри пурбаракати Амиршо Миралиев меваҳои ширин додааст. Ин меваҳо шогирдони вафодору сарфарози ӯянд, ки дар ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар мисли устоди сахтгиру меҳрубони худ садоқатмандона меҳнат мекунанд. Амиршо Миралиев коргари покдилу нексиришт, мададгори корафтодагон буд. Пораи хотираҳояш рангину ибратбахшанд, меҳри мардуми сарбаланду сарфарози диёр, меҳри шогирдони оқилу донову вафодор ӯро рӯҳбаланду болидахотир мегардонанд. Дар пеши назараш бо роҳбарии ӯ як вилояти калон рушд ёфт, ободу зебо гашт. Мардуми ин диёр аз ӯ миннатдоранд ва самимона мегӯянд: "Раҳмат, ҳазорон раҳмат ба Амиршо Миралиев!”
Ҳамаи соҳаҳо бо низом кор карда, корафтодагон бе душворӣ корашонро иҷро мекарданд. Хулоса зиндагӣ шавқовару рангину пурмазмун буд.
Инсон дар зиндагӣ пеш аз ҳама худро шинохта, мавқеашро муайян мекунад. Амиршо Миралиев медонист, ки ба халқи азизаш бештар манфиаташ мерасад. Ӯ ба шаҳру ноҳияҳо сафар карда, дар ҷойи кор бо одамон мулоқот карда, масъалаҳои онҳоро ҳаллу фасл менамуд. Дар вақти раиси вилоят кор карданаш ӯ одамонро аз зафар ба зафари нав, аз комёбӣ ба комёбии дигар, ба сӯи қуллаи мурод даъват мекард. Одамон аз ӯ дар сидқу вафо, поксириштӣ, ҳимматбаландӣ меомӯхтанд. Амиршо Миралӣ роҳбари кордон, соҳибистеъдод, дилсузу фидоии кори халқу миллат буд. Мардуми шарифи вилояти Хатлон бо роҳбарии ӯ қуллаҳои балантару дурахшонтари меҳнатиро фатҳ карда буданд, ки ин ҳама дар саҳифаҳои китоби таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

 

Б. САЙДАЛИЕВ,


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷойи ў дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст

Ҷойи ў дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ваҳдат созандагист

Ваҳдат созандагист

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Раиси вилоят шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро маҳкум кард

Раиси вилоят шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро маҳкум кард

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Мансаб ва одоби расмӣ

Мансаб ва одоби расмӣ

Сиёсат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Умре дар хидмати мардум

Умре дар хидмати мардум

Арсаи кишоварзӣ, МАЛИКОВ ҲУСЕЙН