Дар як сатр
» » Ҳаҷми сармоягузорӣ дар Хатлон афзуд

Ҳаҷми сармоягузорӣ дар Хатлон афзуд

7-12-2018, 03:48

Бино ба иттилои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳаҷми сармоягузорӣ дар сохтмони асосӣ, дар нимаи якуми соли 2018 сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 1 миллиарду 106 миллиону 567 ҳазору 100 сомонӣ истифода бурда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89,8 фоиз зиёд мебошад.

Инчунин, ба кор андохта шудани фондҳои асосӣ аз ҳисобиҳамаи манбаъҳои маблағгузориифондҳои асосӣ бамаблағи 236 миллиону 177 ҳазору 300 сомонӣ ҳаҷми умумии сармоягузории вилоятӣ иҷро гардидааст. Дар ин баробар, сохтмони иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ барои инкишофи соҳаи иҷтимоӣ ба маблағи 228миллиону 860 ҳазору 300 сомонӣ корҳо иҷро гардидааст.

Сохтмони муассисаҳои таҳси-лоти миёнаи умумӣ дар вилоят барои 1490 хонанда мактаб сохта ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3557 ҷой барои хонанда кам мебошад.

Сохтмони манзил бошад, ба масоҳати умумии 99 ҳазору 930 мет-ри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 ҳазору 144 метри мураббаъ кам мебошад.

Ҳаҷми корҳои пудратии аз тарафи ташкилотҳои сохтмонӣ дар нимсолаи якуми соли 2018 ба сомон расонидашуда дар ҳамаи шаклҳои моликият бо қувваи худӣ маблағи 333 миллиону 399 ҳазору 200 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 76,1 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҳаҷми умумии корҳои пудратӣ 4,3 фоизро ташкилотҳои давлатӣ иҷро кардаанд. Дигар ташкилотҳо корҳои пудратиро ба маблағи 319 миллиону 177 ҳазору 600 сомонӣ ба анҷом расонидаанд.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар вилоят афзуд

Арсаи кишоварзӣ
Нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусбатанд

Нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусбатанд

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА

Н. Хусрав: ммд - 101,2 миллион сомонӣ

Хабарҳо
Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналӣ 869,06 сомонӣ

Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналӣ 869,06 сомонӣ

Иқтисоду тиҷорат
Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2017

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2017

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА