Дар як сатр
» » Темурмалик. Омодагиҳо ба ҷашн

Темурмалик. Омодагиҳо ба ҷашн

7-12-2018, 03:42

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Сайидмуъмин Раҳимови ноҳияи Темурмалик корҳои ободонию созандагӣ идома доранд.

Айни замон дар маркази Ҷамоати деҳот тариқи ҳашар ва бо кумаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони саховатпеша ва соҳибкорон сангфаршкунии роҳҳо ва сохтмони обравҳои канори роҳҳо вусъати тоза касб мекунанд. Ба гуфти сокинон, ҳамасола дар фасли баҳор дар натиҷаи боронҳои сел роҳҳо шуста гардида, ба манзилҳои сокинон зарар мерасонид ва баъди сохтани ҷӯйборҳо ин мушкилӣ бартараф мегардад. Дар ҳамаи деҳаҳо бо ҷалби соҳибкорон сохтмони иншооти гуногуни маданию маишӣ ва хизматрасонӣ ба нақша гирифта шуда, дар аксари онҳо корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд. Барои хонандагони муассисаи таълимии рақами 4-и ноҳия низ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома доранд, ки он дорои 13 синфхона, ҳуҷраи муаллимону директори мактаб, синфхонаи компютер буда, аз ду ошёна иборат мебошад. Баъди сохта ба истифода супоридани бино 240 нафар хонандагони муассиса дар як баст имкони таҳсилро дар он пайдо мекунанд. Корҳои сохтмониро дар иншоот Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сафархон» ба уҳда дорад.

Дар Ҷамоати мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шахсони саховатпеша мушкилоти чанд деҳаи дигар осон гардид. Дар роҳи деҳаи Булакдашт як пул бо дарозии 25 метр ва паҳноии 10 метр сохта ба истифода дода шуд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

АЗМИ БУНЁДИ 860 ИНШООТ ДАР КӮЛОБ

Хабарҳо

Данғара: азми бунёди 190 иншоот дар се сол

Хабарҳо

Давраи ободонӣ ва бунёдкориву созандагӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо
Саҳми соҳибкорон дар ободонии маҳал

Саҳми соҳибкорон дар ободонии маҳал

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА