Дар як сатр
» » «Андалеб-2018» ҷамъбаст шуд

«Андалеб-2018» ҷамъбаст шуд

7-12-2018, 03:39

Тавре ки дар шумораҳои гузашта иттилоъ дода будем, ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даври якуми фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб-2018” баргузор гардид.
Даври аввали чорабинии мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ бо ширкатиҳунармандон бо омодагиҳои ҳамаҷониба доир гардида буд. Инак, даври дуюми фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб-2018” дар шаҳри Ҳисор ҷамъбаст шуд. Беҳтарин дастаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва номинатсияҳо бо диплом, ифтихорнома ва созҳои миллии мусиқӣ сарфароз гашт.
Тибқи пешниҳоди аъзои ҳакамон, Шоҳҷоиза насиби ҳунармандони шаҳри Ҳисор, ду ҷойи аввалро намояндагони ноҳияҳои Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон соҳиб гардиданд.
Ҳунармандони ноҳияҳои Тоҷикобод, Файзобод ҷойи дуюмро ишғол карданд. Санъаткорони шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон барандагони ҷойи сеюми фестивали мазкур шуданд.

ВАХШОНА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб - 2018»

Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб - 2018»

Фарҳанг ва адабиёт
Темурмалик: «Андалеб-2018» оғоз мегардад

Темурмалик: «Андалеб-2018» оғоз мегардад

Фарҳанг ва адабиёт

Озмуни «Андалеб-2018» оғоз меёбад

Хабарҳо

Кӣ ғолиби «чароғи ҳидоят» мешавад?

Хабарҳо
Ансамблҳои оилавӣ аз Кӯлобу Қубодиён ғолиби даври аввали Фестивали «Дунёи с ...

Ансамблҳои оилавӣ аз Кӯлобу Қубодиён ғолиби даври аввали Фестивали «Дунёи с ...

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА