Дар як сатр
» » Юнеско. Чакан ба феҳрести мероси ғайримоддии фарҳангӣ ворид шуд

Юнеско. Чакан ба феҳрести мероси ғайримоддии фарҳангӣ ворид шуд

7-12-2018, 03:36

Юнеско. Чакан ба феҳрести мероси ғайримоддии фарҳангӣ ворид шудЮнеско. Чакан ба феҳрести мероси ғайримоддии фарҳангӣ ворид шудИнак, дар нишасти 13-уми Юнеско, ки дар Ҷумҳурии Маврикий доир гардид, гулдӯзии миллии тоҷикон-"чакан” ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангӣ ворид шуд.

Ховаршинос Зафар Мирзоён ба руйхати мероси ғайримоддии фарҳангӣ ворид шудани чаканро аз сиёсати фарҳангпарварона ва хирадмандонаи Президенти мамлакат унвон мекунад. Ӯ мегӯяд: «Эмомалӣ Раҳмон ва фарҳангиёни тоҷик тавонистанд вижагиҳои чакан ва фалсафию куҳан будани онро исбот намоянд. Чакан на танҳо рангҳои зебои диёр ва табиати дилфиреби Тоҷикистон аст, чакан таҷассумгари таъриху фарҳанг ва маданияти миллати тоҷик мебошад».

Муаррих Ҳотам Асозода низ иброз медорад: «Чаҳор сол қабл як гурӯҳи фарҳангиёни минтақаи Кӯлоб якчанд ҳамоиш оид ба чакан гузаронида, барои шомил шудани он ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангӣ пешниҳод карданд». Хушбахтона, бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ин ҳунари мардумӣ рушд ёфт ва дар шаҳру ноҳияҳои кишвар садҳо чакандӯзон фаъолияти хешро густариш дода, шогирдони зиёдро тарбия карданд. Дар осорхонаи таъриху кишваршиносии «2700 - солагии шаҳри Кӯлоб» як гӯшаи калон ба чакан бахшида шудааст ва дар он имкони шиносоӣ бо ин санъати миллӣ барои сокинони кишвар ва сайёҳони хориҷӣ муҳайё мебошад.

Ширинҷон Сафарзода


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Фалак ганҷинаи бебаҳои халқи мост»

«Фалак ганҷинаи бебаҳои халқи мост»

Ҳокимияти давлатӣ

НАМОЯНДАИ ЮНЕСКО АЗ АҶИНАТЕППА ДИДАН КАРД

Хабарҳо

«Сад ранги чакан» дар Муъминобод

Хабарҳо
Чакан - куртаи наврӯзӣ

Чакан - куртаи наврӯзӣ

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
НАХУСТИН ФОРУМИ БОНУВОНИ ҲУНАРМАНДИ ХАТЛОН

НАХУСТИН ФОРУМИ БОНУВОНИ ҲУНАРМАНДИ ХАТЛОН

Ҳокимияти давлатӣ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ