Дар як сатр
» » Дар Хатлон чорводорӣ рушд меёбад

Дар Хатлон чорводорӣ рушд меёбад

7-12-2018, 03:32

Масъалаи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар махсус таъкид гардидааст.
Дар Хатлон чорводорӣ рушд меёбад
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд мақомоти дахлдор ҷиҳати риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” чораҳои таъхирнопазир андешида, Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавориро таҳия ва амалӣ намоянд. Дар ин замина рушди соҳаҳои чорводориву парандапарварӣ низ яке аз масъалаҳои мубрами соҳа ба шумор меравад.
Дар вилояти Хатлон баҳри рушди чорводорӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Баргузории намоиши чорвои зотӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Ҷалолиддини Балхӣ низ маҳз баҳри рушди соҳаи чорводорӣ, хушзот намудани чорво, баланд бардоштани ҳосилнокии чорво, аз ҷумла маҳсулоти гӯшту шир равона гардида буд. Дар ин чорабиниҳо чорводорони шаҳру навоҳӣ, соҳибкорону хоҷагидорон ширкат варзида, чорвои хурду калонро ба намоиш гузоштанд.
Ҳадаф аз ин намоиш, пеш аз ҳама, табодули таҷриба, бастани шартномаҳо бо хоҷагиҳо баҳри хушзот намудани чорвои калони шохдор ва молимайда буд. Дар чорабиниҳои баргузоргардида муовини аввали раиси вилояти Хатлон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва масъулини Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.
Иштирокдорон баҳри рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, ривоҷи соҳаи чорводорӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат бад ин васила таъмини амнияти озуқаворӣ андеша ронданд. Ба иштирокчиёни чорабинӣ Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супорида шуд. Ҳамчунин хоҷагидороне, ки чорвои парваришнамудаашон дар намоишгоҳ сазовори баҳои баланди ҳакамон шуданд, соҳиби туҳфаҳои пулӣ гардиданд.

 

ВАХШОНА,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таъмини амнияти озуқаворӣ ба соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ дорад

Таъмини амнияти озуқаворӣ ба соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ дорад

Арсаи кишоварзӣ
Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

Арсаи кишоварзӣ

Афзоиши саршумори чорво дар Хатлон

Хабарҳо
8736 сар чорвои хушзот вориди бозор гашт

8736 сар чорвои хушзот вориди бозор гашт

Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Иштирок дар ярмаркаи фурӯши чорво ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон

Иштирок дар ярмаркаи фурӯши чорво ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ