Дар як сатр
» » Ифтитоҳи иншоотҳои ҷашнӣ

Ифтитоҳи иншоотҳои ҷашнӣ

7-12-2018, 03:23

Дар доираи таҷлили ҷашни бузурги миллат - 30 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 4 иншоот ба истифода дода шуд.

Маросими ба истифодадиҳии иншоотҳо, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтаанд, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сурат гирифт.

Иншооти аввал, ки баҳри истироҳати бофароғати сокинону меҳмонон кушода шуд, меҳмонхона-тарабхонаи "Марҳабо” мебошад. Бинои онро соҳибкор Зулфия Ҳисориева азнавсозӣ карда, замонавӣ ва бо намуди шарқиёна зеб додааст. Бинои нав дорои 10 ҳуҷраи қабули меҳмонон, толорҳои истироҳатӣ-фароғатӣ, билярд буда, пешхизматон дар як вақт то ба 50 нафар хизмат мерасонанд. Дар рӯзи кушодашавии иншооти хизматрасонӣ 20 нафар ятимони кулл, дар ин ҷо меҳмондорӣ ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба онҳо сарулибоси зимистона тақдим карда шуд. Ба истифода дода шудани меҳмонхона-тарабхона, аз ҷониби дигар, барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидани 4 нафар ходимон, инчунин ошпазҳои соҳибкасбу пешхизматон мусоидат намуд.

Мавриди зикр аст, ки то ин дам хонаҳои истиқоматӣ дар маркази ноҳия танҳо дуқабата буданд. Ба талаботи давр нигоҳ карда соҳибкор Раҷабгул Сатторова иқдом гирифт, ки аввалин бинои баландошёнаи истиқоматиро сохта ба истифода диҳад. Ҳамин тариқ, авввалин бинои чорошёна дар маркази ноҳияба истифода дода шуд, ки инро раиси вилоят иқдоми нек арзёбӣ намуд. Қабати якуми бино ҳамчун мағозаи фурӯши китобу ашёи канселярӣ ва армуғонҳои маҳсулоти дастӣ ба муштариён хизмат мерасонад.

Тайи чанд соли охир дар ноҳия бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ сеху корхонаҳои хизматрасонӣ - саноатӣ ба истифода дода мешаванд. Чунин иқдоми созандагиро соҳибкор, сокини деҳаи Сайроби деҳоти "50-солагии Тоҷикистон” Дилафрӯз Ғуломова идома дода, соли равон як корхонаи хурди консервабарорӣ бунёд намуд, ки дар расми кушодашавии он раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ширкат варзида, ба саҳми ин зани меҳнатӣ аҳсант хонад. Соҳибкор пеш аз ин дар майдони наздики як гектар лимӯхона бунёд намуда, ҳамакнун ният дорад, ки барои 500 тонна сабзавоту меваҷот сардхона созад, то тамоми сол мардуми ноҳия бо маҳсулоти тару тоза таъмин бошанд. Айни ҳол дар корхонаи консервабарорӣ 15 нафар сокинони маҳал бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Як иншооти дигар, ки дар ҳамин рӯзҳои барои мардум хурсандибор мавриди истифода қарор гирифт, ин меҳмонхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад.

 

И. Ҳасанов,

Аксҳои М. Ашӯров



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ

БУНЁДИ 7 ИНШООТ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

Хабарҳо

Ҳамадонӣ. Бунёди иншооти ҷашнӣ

Хабарҳо

Давраи ободонӣ ва бунёдкориву созандагӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ

Ташаббуси соҳибкорони Кӯшониён

Хабарҳо