Дар як сатр
» » Ифтитоҳи парванда алайҳи 7 узви «Ал-Қоида» ва 14 муҷоҳид

Ифтитоҳи парванда алайҳи 7 узви «Ал-Қоида» ва 14 муҷоҳид

15-01-2015, 17:16

Ифтитоҳи парванда алайҳи 7 узви «Ал-Қоида» ва 14 муҷоҳид

Алайҳи 7 узви «Ал-Қоида», 24 узви «Ҷамоати Ансоруллоҳ», 4 пайрави «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», 12 муҷоҳиди бар зидди қувваҳои ҳукуматии Сурия ва 2 муҷоҳиди ба муқобили нерӯҳои ҳукуматии Ироқ меҷангида аз ҷониби Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон парвандаҳои ҷиноятӣ ифтитоҳ гардида, онҳо дар пайгарди байналмилалӣ эълон шудаанд.

Генерал Анвар Тағоймуродов, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар имрӯз, 15 январ зимни нишасти матбуотиаш гуфт, ки кормандони мақомоти ВКД соли гузашта дар вилояти Хатлон 48 ҷинояти экстремистӣ ва як акти террористиро ошкор кардаанд.

Вобаста ба ҷиноятҳои мазкур 76 узви ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ муайян карда шудаанд.

- Аз ин шумора 9 нафараш пайрави равияи «Салафия», 16 нафараш узви «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», 7 нафар узви «Ал-Қоида», 28 нафараш узви «Ҷамоати Ансоруллоҳ» будаанд, - хабар дод генерал Тағоймуродов. – Ба ҷуз ин, муайян шуд, ки 18 сокини вилоят ғайриқонунӣ дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрдҳо ва амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, аз ҷумла 14 нафар дар Сурия, 2 нафар дар Ироқ, 1 нафар дар Афғонистон иштирок намудаанд.

Манбаъ афзуд, ки тайи як соли охир аз 76 нафари гумонбар ба узвияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ 25 нафарашон дастгир ва нисбаташон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.

М. НОСИРҶОН


Шарҳи хонандагон +
Resin casting halloween charms Resin .Pandora bracelets. Pandora Sale Charms Uk halloween charms Are Here , The simplest way for you to measure your Pandora bracelet is to visit Pandora Jewelry Retailers and try on different bracelets of different sizes.
29 март 2018 11:49

Матолиби дигар:

Афви «муҷоҳидон»-и пушаймоншуда

Афви «муҷоҳидон»-и пушаймоншуда

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нигаронӣ аз афзоиши ноболиғон дар минтақаҳои ҷангии Сурия

Нигаронӣ аз афзоиши ноболиғон дар минтақаҳои ҷангии Сурия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифтитоҳи 99 парванда алайҳи ифротгароӣ

Ифтитоҳи 99 парванда алайҳи ифротгароӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифтитоҳи 43 парванда вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ

Ифтитоҳи 43 парванда вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Мулло-табибон» муҷозот шуданд

«Мулло-табибон» муҷозот шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА