Дар як сатр
» » Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

13-09-2017, 08:26

Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон дар маҳаллаи Ҷавонони ҷамоати деҳоти Шӯрообод бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот оғози расмӣ бахшиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар корхонаи коркарди меваю сабзавот ва коргоҳи дӯзандагӣ соли равон оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур асосан мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буданд.

Бинои дуошёнаи корхонаи саноатӣ бо фармоиши Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохта, бо сабку услуби муосири меъморӣ ба ин гӯшаи зебои кишвар ҳусни дигар зам намуд.

Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгоҳу технологияи муосири корхона ва басту банди маҳсулоти ватанӣ шинос гардида, бо кормандон суҳбати озоду самимӣ доир карданд.

Корхонаи мазкур имкон дорад дар як шабонарӯз 1 тоннаву 500 килограмм маҳсулоти боғдоронро коркард ва басту банд намояд.

Дар назди ин коргоҳ сардхона низ ҷойгир мебошад, ки дар он 200 тонна маҳсулоти боғпарваронро захира мекунанд.

Тавре зикр гардид, барои корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани иншоот бо технологияи пешрафта 6 миллион сомонӣ харҷ гардида, бинои хуштарҳ дар майдони 0,48 садяк замин сохта шудааст.

Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизоти Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коргоҳи мева аз Германия ворид карда шуда, аз ҷониби мутахассисони ватанию хориҷӣ васлу насб гардидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи дуюми бино бо чеварони коргоҳи дӯзандагӣ суҳбати самимӣ доир намуданд.

Занону духтарони хонашин дар ин коргоҳ бо мошинаҳои дарздӯзӣ таъмин шуда, ба омода намудани либосҳои гуногун машғуланд.
Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Чеварони ин коргоҳ пеши худ мақсад гузоштаанд, ки дар оянда дар таъмини хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо либосҳои ягонаи мактабӣ саҳми худро гузоранд. Бинои номбурда дорои ҳуҷраҳои алоҳидаи корӣ, 3 толор ва 5 ҳуҷра бо масоҳати умумии 782 метри мураббаъ мебошад.
Бо ифтитоҳи иншооти нав 22 нафар дар корхонаи коркарди меваю сабзавот ва 130 нафари дигар дар коргоҳи дӯзандагӣ бо шуғли доимӣ ва маоши хуб ва дар маҷмӯъ 160 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди варзишгоҳ ва бинои Қасри фарҳанг дар ноҳ ...

Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди варзишгоҳ ва бинои Қасри фарҳанг дар ноҳ ...

Хабарҳо
Шиносоии Сарвари мамлакат бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ д ...

Шиносоии Сарвари мамлакат бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ д ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Матолиби чандрасонаӣ
Оғози бунёди корхонаи нави саноатӣ ва шиносоӣ бо сохтмону азнавсозии роҳҳои ...

Оғози бунёди корхонаи нави саноатӣ ва шиносоӣ бо сохтмону азнавсозии роҳҳои ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА