Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Монеъ шудан ба таҳсили фарзанд Соҷибоғро ба суд бурд


Монеъ шудан ба таҳсили фарзанд Соҷибоғро ба суд бурд



Дар моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 46-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва моддаҳои 8 ва 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст, ки таҳсил дар мактабҳои миёнаи умумӣ ҳатмист. Мутаассифона, то ҳол ҳастанд падару модароне, ки бо ақидаҳои ғалати худ ба таҳсили фарзандон, махсусан духтарон монеъ мешаванд.

Мутобиқи моддаи 164-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандон ҷазои ҷарима ба андозаи то 1000 (як ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати аз як то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он пешбинӣ шудааст.


Чанд моҳ қабл Соҷибоғ Холова барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии асосии фарзанди ноболиғаш Холова Шукрона Ҷумъақуловна, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Бохтар таҳсил карда, бояд дар соли таҳсили 2020- 2021 синфи 9-ро хатм менамуд, монеъ гардида, аз моҳи августи соли 2020 то инҷониб нагузоштааст, ки фарзанди ноболиғаш таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ идома диҳад. 

Нисбати ин модар парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба суд пешниҳод гардидааст. Имрӯзҳо баъзе волидоне ҳастанд, ки садди роҳи таҳсили духтаронашон мешавад. Онҳо намедонанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил дар мактабҳои миёнаи умумӣ ҳатмист. 

Дар ҳолати монеъ шудан ба раванди таҳсили фарзандонашон бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, даст ба ҷиноят мезананд. Суди шаҳри Бохтар тибқи моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҷибоғ Холоваро гунаҳкор дониста, ба ӯ бо ҳамин модда бо дастрасии моддаи 63-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 6400 (шаш ҳазору чорсад) сомонӣ ҷарима таъин кард.

Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси Суди шаҳри Бохтар, 
Набиҷони Саидаброр, "Хатлон" 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода