Дар як сатр
» » Муждаи пахтакорони Шаҳритӯсӣ дар арафаи ҷашни истиқлол

Муждаи пахтакорони Шаҳритӯсӣ дар арафаи ҷашни истиқлол

8-09-2017, 11:57

Муждаи пахтакорони Шаҳритӯсӣ дар арафаи ҷашни истиқлол


Пахтакорони чанде аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Шаҳритӯс дар пешорӯи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аввалин шуда дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ дар бораи иҷрои нақшаи солонаи истеҳсоли “тилои сафед” мужда доданд.

Тавре ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритӯс ба рӯзномаи “Хатлон” хабар расид, хоҷагиҳои деҳқонии “Давлат-муаллим”, “Азаматбек”, “Ойбулоқ” аз Ҷамоати деҳоти “Пахтаобод”, хоҷагии деҳқонии “Тӯрахон” аз Ҷамоати деҳоти “Обшорон” ва хоҷагии деҳқонии “Чорибобо” аз Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Холматов дурнамои солонаи чиниши пахтаро аз 101 то 144% иҷро намуда, ҳар яке аз 2,5 то 12,5 тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд.

- Дар ноҳияи Шаҳритӯс имсол дар майдони 5250 гектар пахта кишт шудааст, - зикр кард манбаъ. – Нақшаи солонаи истеҳсоли пахта 11600 тонна мебошад. То рӯзи 4 сентябр ин дурнамо дар ноҳия ба қадри 26,9 фисад иҷро гардидааст (3121,1 тонна).

Дар сатҳи ноҳия бошад, пахтакорони Ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ҷ. Назаров ва “Обшорон”, ки нақшаҳои худро 34,1 то 37% иҷро кардаанд, пешсаф ҳастанд.

Қобили зикр аст, ки дар ҳамин шабу рӯзи мавсими чиниши соли 2016 дар ноҳияи Шаҳритӯс 3093 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда буд. Имсол нишондиҳандаҳо беҳтаранд.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

“Маҳсулот фаровон ва нарх арзон мешавад”, - ваъда медиҳанд масъулони идораи ...

“Маҳсулот фаровон ва нарх арзон мешавад”, - ваъда медиҳанд масъулони идораи ...

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кишти пахтаву зироатҳои дигар бомаром ҷараён дорад

Кишти пахтаву зироатҳои дигар бомаром ҷараён дорад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дурнамо 98% иҷро шуд

Дурнамо 98% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
То имрӯз дурнамо 51,3% иҷро шуд

То имрӯз дурнамо 51,3% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА