Дар як сатр
» » Мусодираи се китоби сеҳру ҷоду дар сарҳад

Мусодираи се китоби сеҳру ҷоду дар сарҳад

15-01-2015, 16:44

Мусодираи се китоби сеҳру ҷоду дар сарҳад

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон аз мусодираи се адад китоби манъшуда, ки мазмуни сеҳру ҷоду доштаанд, хабар дод.

Эраҷ Ҳалимов, сардори раёсати мазкур, гуфт, ки чанде пеш аз ҷониби кормандони ин ниҳод дар гузаргоҳи сарҳадии гумрукии Панҷи Поён ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи дастии Бибишарифа Қаршибекова, сокини ноҳияи Панҷ, се адад китоби зоҳиран динӣ дарёфт шуд. «Хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ маълум кард, ки китобҳои «Нақши Сулаймон» (як адад) ва «Куллиёти Канз-ул-Ҳусайн» (ду адад) доир ба сеҳру ҷоду буда, муҳтавояшон ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мухолифат дорад. Дар ин китобҳо усулҳои расондани сеҳру ҷоду ба инсоният нақл мешавад, ки паҳн ва мутолиа кардани чунин адабиёт дарТоҷикистон мамнуъ мебошад», - зикр кард Э. Ҳалимов.

Б. Қаршибекова, ки кӯшиши китобҳои мазмуни сеҳру ҷодудоштаро бе ташхиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид намудан дошт, гуфтааст, ки ин китобҳо моли ӯ нестанд ва нафаре дар он сӯйи сарҳад (Афғонистон) аз ӯ хоҳиш кардааст, то онро ба Тоҷикистон барад.

Шахсияти афроде, ки аз ин зан хоҳиши интиқоли китобҳои сеҳру ҷодуро кардааст, ба қавли манбаъ, муайян карда нашудааст.

Нисбати ҳолати мазкур парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардидааст.

Ба иддаои уламои дин, сеҳру ҷоду дар ислом ҳаром дониста мешавад ва онҳое, ки ба чунин коре даст мезананд ё ба сеҳргарию фолкушоӣ эътиқод доранд, мубталои гуноҳи кабира мегарданд.

Коршиносон китобҳоеро аз қабили «Нақши Сулаймон» ва «Куллиёти Канз-ул-Ҳусайн» "дастурнома" ё китобҳои кории "муллоҳои ҷодугар" мехонанд.

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи дастии Бибишарифа Қаршибекова, сокини ноҳияи Панҷ, се адад китоби зоҳиран динӣ дарёфт шуд. Хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ маълум кард, ки китобҳои «Нақши Сулаймон» (як адад) ва «Куллиёти Канз-ул-Ҳусайн» (ду адад) доир ба сеҳру ҷоду буда, муҳтавояшон ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мухолифат дорад.

-->
Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи дастии Бибишарифа Қаршибекова, сокини ноҳияи Панҷ, се адад китоби зоҳиран динӣ дарёфт шуд. Хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ маълум кард, ки китобҳои «Нақши Сулаймон» (як адад) ва «Куллиёти Канз-ул-Ҳусайн» (ду адад) доир ба сеҳру ҷоду буда, муҳтавояшон ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мухолифат дорад.

-->
Се парвандаи ҷиноятӣ ва мусодираи қариб 10 кг нашъа

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи дастии Бибишарифа Қаршибекова, сокини ноҳияи Панҷ, се адад китоби зоҳиран динӣ дарёфт шуд. Хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ маълум кард, ки китобҳои «Нақши Сулаймон» (як адад) ва «Куллиёти Канз-ул-Ҳусайн» (ду адад) доир ба сеҳру ҷоду буда, муҳтавояшон ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мухолифат дорад.

-->
Фархор. Мусодираи 57 кг нашъа ва боздошти 3 шаҳрванди ҶИА

Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи дастии Бибишарифа Қаршибекова, сокини ноҳияи Панҷ, се адад китоби зоҳиран динӣ дарёфт шуд. Хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ маълум кард, ки китобҳои «Нақши Сулаймон» (як адад) ва «Куллиёти Канз-ул-Ҳусайн» (ду адад) доир ба сеҳру ҷоду буда, муҳтавояшон ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мухолифат дорад.

-->
Ҷилавгирӣ аз қочоқи 5,5 ҳазор кило шираи камол

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА