Дар як сатр
» » СААД собиқ ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф кард

СААД собиқ ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф кард

7-09-2017, 11:37

СААД собиқ ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф кард


8-уми июни соли 2016 дар шаҳри Ереван ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) таҳти раёсати ҷониби Арманистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҷонибҳо рӯйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, бо қарори дахлдор ба мувофиқа расониданд.

Дар рӯйхати мазкур дар қатори дигар созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ» инчунин Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон низ таҳти №65 ворид карда шуд.

Тавре иштирокчиёни ҷаласа зикр намуданд, рӯйхати ташкилотҳое, ки террористӣ эътироф гардидаанд, ба мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СААД имкон медиҳад, то амалиётҳои ҳамоҳангшудаи худро баҳри муайян ва пешгирӣ кардани фаъолияти онҳо дар минтақаи таҳти масъулити СААД имконпазир гардонад.
Бояд зикр кард, ки сохторҳои СААД чораҳои муштаракро барои пешгирии фаъолияти ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар ҳудуди қаламрави давлатҳои аъзои ин созмони бонуфузи минтақавӣ (Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон), ки ҳудуди умумии 20,3 млн. километри мураббаъро бо аҳолии беш аз 260 миллион нафар дарбар мегирад, ҳамоҳанг месозад. Кишварҳои узви ин ташкилот барои таъмини амният ва оромии минтақа манфиатдор мебошанд.

Хотиррасон менамоем, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ 7 октябри соли 2002 дар асоси Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992 таъсис дода шудааст.

СААД собиқ ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф кард

Мақсадҳои СААД таъмини сулҳу субот ва амнияти байналмилалию минтақавӣ, такмилдиҳӣ ва мукаммалгардонии ҷанбаҳои ҳарбии ҳамкорӣ, муқовимати шадид бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, аз ҷумла алайҳи ҳизб ва ҳаракатҳои террористӣ ва дигар таҳдидҳо ба шумор мераванд.

АМИТ «Ховар»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

СҲШ: «ҲНИТ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд»

СҲШ: «ҲНИТ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд»

Хабарҳо, Сиёсат, Ҳуқуқу амният
Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Хабарҳо, Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Хиёнати ҲНИТ алайҳи давлатдорӣ

Хиёнати ҲНИТ алайҳи давлатдорӣ

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо
Терроризму ифротгароӣ ва хатари он ба ҷамъият

Терроризму ифротгароӣ ва хатари он ба ҷамъият

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо
Ифтитоҳи парванда алайҳи 7 узви «Ал-Қоида» ва 14 муҷоҳид

Ифтитоҳи парванда алайҳи 7 узви «Ал-Қоида» ва 14 муҷоҳид

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА