Дар як сатр
» » Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

7-09-2017, 08:51

Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Дар рӯзҳои таҷлили 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз 4 иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Балҷувон дар назар аст.

Шарифхон Тӯрахонов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Балҷувон, зимни ироаи ин хабар ба рӯзномаи “Хатлон” гуфт, ки яке аз иншоотҳои ҷашнӣ бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти “Тоҷикистон” аст, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд гаштааст. Барои сохтмон ва муҷаҳҳазонии бунгоҳи тиббии мазкур як миллиону 383 ҳазор сомонӣ масраф гардида, он ба 543 нафар аҳолии деҳа хизматрасонӣ хоҳад кард.

- Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҳамчунин қарор аст, ки корхонаи нави истеҳсоли сангу шағал дар деҳаи Сари мазор ба кор андохта шавад, - зикр кард Ш. Тӯрахонов. – Ин корхона аз ҷониби мутахассисони Вазорати саноат ва технологияҳои нав бунёд гардида, маҳсулоташ барои умури сохтмонӣ дар ноҳия истифода хоҳад шуд.

Дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон бошад, ду иншооти ҷашнӣ – яке китобхонаи деҳотӣ ва дигаре толори варзишӣ – ба истифодаи умум супурда мешавад. Китобхонаи нав аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Алӣ Рауфов бо сарфи 110 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар он се нафар мутахассис бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Толори нави болопӯшидаи варзиширо сокинони деҳаи Чорбоғ ба таври ҳашари умумӣ ба маблағи 88 ҳазор сомонӣ сохтаанд. Толори мазкур барои машқу тамрини гӯштини миллӣ пешбинӣ гардида, дар он мураббии касбӣ ба ҷавонону наврасон назокатҳои ин навъи варзишро меомӯзонад.

Ёдрас мекунем, ки 27 июли соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду бинои истиқоматии замонавӣ, ки асосан барои хизматчиёни давлатӣ ва маъюбону шахсони ниёзманди ноҳия пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Пешвои миллат сохта ба истифода додани биноҳои истиқоматиро дар арафаи таҷлили ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони ҷавони ташкилоту идораҳои гуногун ва шахсони имконияташон маҳдуди ноҳия амали шоистаи башардӯстона арзёбӣ намуда, ба як зумра соҳибони хуштолеи манзилҳои нав дар вазъияти тантанавӣ шахсан калиди ҳуҷраҳоро супориданд.

Барои бунёди ин биноҳои истиқоматӣ, ки ҳар яке дорои 12 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ мебошад, ҷамъан қариб 8 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Дар ҷараёни ин сафари Роҳбари мамлакат дар ноҳияи Балҷувон ҳамчунин маросимҳои оғози сохтмони роҳи мошингарди “Балҷувон-Сари Хосор”, ифтитоҳи бинои шуъбаи таваллудхона дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосор, оғози сохтмони роҳи автомобилгарди “Кангурт-Балҷувон-Ховалинг”, ифтитоҳи бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон ва дигар иншооти ҷашнӣ баргузор гардиданд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сохтмони Қасри замонавии фарҳангӣ дар ноҳияи Данғара

Сохтмони Қасри замонавии фарҳангӣ дар ноҳияи Данғара

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Бо бунёди “Адолат-А” 300 ҷойи корӣ муҳайё мегардад

Бо бунёди “Адолат-А” 300 ҷойи корӣ муҳайё мегардад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Балҷувон. Бунёди 9 нерӯгоҳи хурд дар Сари Хосор

Балҷувон. Бунёди 9 нерӯгоҳи хурд дар Сари Хосор

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Рушди туризм дар Балҷувон

Рушди туризм дар Балҷувон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Бунёди Чойхонаи миллӣ ва бунгоҳи тиббӣ дар Фархор

Бунёди Чойхонаи миллӣ ва бунгоҳи тиббӣ дар Фархор

Хабарҳо