Дар як сатр
» » Шарафу номуси ватандорӣ

Шарафу номуси ватандорӣ

6-09-2017, 16:16

Шарафу номуси ватандорӣ

Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғон-теппа бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи вилоятӣ дар мавзӯи «Истиқлолият - шарафу номуси ватандорӣ» баргузор гардид.

Конференсия бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардида, дар он оид ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар оғоз Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баромад намуда, ёдовар шуд, ки истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолори тоҷик буда, барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст.

Шарафу номуси ватандорӣ
Махфират Хидирзода, муовини раиси вилоят, ҳамзамон узви Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ҳамагонро ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки истиқлолият ҳамчун рамзи муҳими давлатдорӣ василаи беҳтарини шинохти миллатҳо дар арсаи ҷаҳонӣ буда, соҳибистиқлол гаштан ин марҳи-лаи аввали расидан ба мақсади худсозӣ мебошад. Чуноне, ки номбурда таъкид дошт, дар таҷрибаи давлатдории мо ҳадафҳои стратегӣ дар тӯли 26 соли соҳибистиқлолӣ муваффақона муайян ва татбиқ шуда истодаанд. Дар ин самт мактаби сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи муҳими таърихӣ дошта, онро метавон механизми таҳрикдиҳандаи рушд дар замони соҳибистиқлолӣ ва тақвиятбахшандаи пояҳои истиқлолияти давлатӣ номид.

- Дар тӯли 26 соли истиқлолияти давлатӣ тамоми рамзҳои давлати соҳибихтиёр шакл гирифт, ки имрӯз дар самти рушд додани эҳсоси ватанпарастӣ ва давлатмеҳварии шаҳрвандон васеъ истифода мешавад, - афзуд Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон. – Итминони комил дорам, ки ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми соҳибмаърифату заҳматкаши кишварамон неруи тоза бахшида, ба таҳкими дастовардҳои он, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишварамон, боз ҳам тақвият додани ваҳдати миллӣ ва аз имрӯза беҳтар шудани рӯзгори халқи азизамон мусоидат менамояд.

Шарафу номуси ватандорӣ
Сипас, Бахтовар Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр кард, ки дар марҳилаи кунунии рушди Тоҷикистон масъалаи таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ аз масъалаҳои усулии давлатдорӣ ба шумор меравад, зеро кишвари мо аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намуда, ҷомеаи бо суботро шакл дод, ки дар дарозмуддат ҳамчун заминаи қавӣ дар тақвияти аслҳои давлати соҳибистиқлол саҳм хоҳад гузошт.

Дар вохӯрӣ Меҳринисо Бобобекова, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қайд кард, ки ба хотири ҳифзи ин неъмати бебаҳои таърихӣ, яъне истиқлолият, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, ҳамчунин, барои таҳкими дастовардҳои он, аз ҷумла сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқи азизамон ҳар яки мо вазифадорем, ки минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва саъю кӯшиши худро ба ин роҳи пуршараф сафарбар созем ва бо заҳмати содиқонаи худ ватанамонро боз ҳам ободу зебо ва давлати соҳибихтиёрамонро пешрафтаву муқтадир гардонем.

Шарафу номуси ватандорӣ

- Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад,- зикр кард Абдураҳмон Хонов, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ. – Дар баробари ин, Истиқлолияти давлатӣ ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.

Дар охир, аз тарафи ҳунармандон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Тасдиқи рамзи ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Тасдиқи рамзи ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Хабарҳо, Сиёсат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дар соли 2016 ба дастовардҳои бештар ноил гардем

Дар соли 2016 ба дастовардҳои бештар ноил гардем

Сиёсат, Хабарҳо
“Аз нофаҳмиву беандешагӣ бозичаи дасти бегона нагардед”

“Аз нофаҳмиву беандешагӣ бозичаи дасти бегона нагардед”

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Авҷи мулоқоти номзадҳо бо мардуми Хатлонзамин

Авҷи мулоқоти номзадҳо бо мардуми Хатлонзамин

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА