Дар як сатр
» » Пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандата ба анҷом расид

Пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандата ба анҷом расид

15-01-2015, 15:57

Пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандата ба анҷом расид


Имрӯз, 15 январ муҳлати муқарраршуда барои пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ба охир мерасад.

То имрӯз аз ҷониби ҳизбҳо дар 14 ҳавзаи якмандатаи ҳудуди вилояти Хатлон беш аз 20 номзад пешбарӣ шудаанд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи Қӯрғонтеппа-26 Анвар Тағоймуродов, аз ҳавзаи интихоботии Ҷомӣ-28 Сафаралӣ Раҷабов, аз ҳавзаи Муъминобод генерал Ҷӯрахон Маҷидзода, аз ҳавзаи Қубодиён Бадриддин Садриддинов, аз ҳавзаи Кӯлоб-37 Абдуғаффор Раҳмонзода, аз ҳавзаи Вахш Бахтовар Сафаров, аз ҳавзаи Бохтар Тоҳир Ҷобирзода, аз ҳавзаи Ҳамадонӣ Ҳаёт Одинаев, аз ҳавзаи Данғара-36 Ҳилолбӣ Қурбонзода, аз ҳавзаи Қумсангир-31 Мирзодавлат Сабуров, аз ҳавзаи Восеъ-39 Алихон Худоёров, аз ҳавзаи Фархор-34 Сафаралӣ Шарифов, аз ҳавзаи Ҷалолиддини Румӣ Ҳокимҷон Холиқов ва аз ҳавзаи Ёвон Толибхон Азимзодаро номзади худ ба вакилии парлумон эълон кард.

Ҳизби наҳзати исломӣ бошад, аз ҳавзаи Абдураҳмони Ҷомӣ Қамариддин Беков, аз ҳавзаи Кӯлоб Саидиброҳими Назар, аз ҳавзаи Қумсангир Маҳмудҷон Файзраҳмонов, аз ҳавзаи Румӣ Абдуқаҳҳор Давлатов, аз ҳавзаи Вахш Қиёмиддин Авазовро ҳамчун номзад ба вакилии парлумони кишвар пешбарӣ кардааст.

Аз ҷониби Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Восеъ-39» номзадии Зайниддин Сафаров ва аз ҳавзаи Қӯрғонтеппа-26 номзадии Ҷонон Холбоев ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шудааст.

Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот 1 март сурат мегирад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

12 номзади ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии Хатлон пирӯз шуданд

12 номзади ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии Хатлон пирӯз шуданд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Авҷи мулоқоти номзадҳо бо мардуми Хатлонзамин

Авҷи мулоқоти номзадҳо бо мардуми Хатлонзамин

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Раиси Кӯлоб ва ректори собиқи ДМТ – номзад ба вакилӣ

Раиси Кӯлоб ва ректори собиқи ДМТ – номзад ба вакилӣ

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
ҲХДТ аз ҳавзаи «Данғара-36» занеро номзади худ ба вакилии парлумон кард

ҲХДТ аз ҳавзаи «Данғара-36» занеро номзади худ ба вакилии парлумон кард

Хабарҳо
Ҳизбҳо номзадҳояшонро ба вакилии парлумон пешбарӣ мекунанд

Ҳизбҳо номзадҳояшонро ба вакилии парлумон пешбарӣ мекунанд

Сиёсат, Хабарҳо